ВОКУНИШ
КОРРУПСИЯ - ДАРДИ ҶОМЕА
- Подробности
- Опубликовано 24.04.2018 14:44
Коррупсия яке аз ҷиноятҳои хавфноки сиёсие ба ҳисоб меравад, ки барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеа мешавад. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбати давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он зиёд намояд. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯйистифода аз мансаб, судхӯрӣ, тамаллуқкорӣ, хушомад задан ва ғайра мансуб медонанд. Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бе таъсир буда наметавонад. Қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Сарвари давлат дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошад.
Ҳанӯз 25 апрели соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб чунин ибрози ақида карда буданд, ки : «Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи ишкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиётноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст».
Аввалин заминаи ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 1999 рақами 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» 11 декабри соли 1999 қабул шуда, аз 25 июни соли 2005 бо таҳрири нав ба тасвиб расид, ки ба талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия ҳади имкон мутобиқат гардонида шудааст, ки ба сифати нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузошт.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирӣ ва омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31 октябри соли 2003 қарор қабул кард, ки баҳри амалӣ кардани ин қарор чораҳои мушаххас пешбинӣ намуд. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) шуда, минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешаванд. Дар замони ҳозира яке аз шаклҳои паҳнгардидатарини коррупсия ин гирифтани пора (моддаи 319 К.ҶТ), додани пора (моддаи 320 КҶТ), гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯйӣ (моддаи 324 КҶТ) ва додани мукофот ба хизматчӣ (моддаи 325 К.ҶТ) ба ҳисоб меравад.
Бесабаб нест, ки вақтҳои охир тавассути воситаҳои ахбори умум маълумоти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба дастгир кардани кормандони мақомоти мухталифи давлатӣ бо ҷурми порагирӣ хело зиёд ба табъ мерасад. Ҳамин тариқ аҳли ҷомеа дар он ақидаанд, ки гӯё бо пора тамоми мушкилоти онҳо ҳалли худро меёбад.
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ҷиноятии хусусияти корруписионидошта кормандони мақомоти суд бо сокинони ҷамоатҳои деҳот, бо кормандони ташкилоту муассисаҳо оиди ин вабои аср ва пешгирии он вохӯрию суҳбатҳо ороста, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Дар амалияи судӣ вобаста ба парвандаҳои хусусияти коррупсионидошта дар се соли охир ду адад парвандаи ҷиноятӣ ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати маҳкумшудагон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.
Мебояд ҳамагон ҳар доим дар фикру андешаи ҳифзу обрӯю эътибори давлати соҳибистиқлоламон, мартабаи ҳокимияти судӣ, ояндаи оила ва фарзандонамон бошему ба ҳодисаҳои коррупсионӣ роҳ надиҳем.