Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

АЗ СОҲИБКОРИИ ИНФИРОДӢ БА СӮЙИ БИЗНЕСИ СИЁСӢ

Муҳиддин Кабирӣ – раҳбари фирории ташкилоти мамнуъ ва террористии ҲНИТ тайи фаъолияти сиёсӣ ва ҳизбӣ худро ҳамчун сиёсатмадори адолатхоҳ, инсонпарвар ва демократ вонамуд карда, бо истифода аз усул ва методикаи махсус риёкориро, ки бар асоси тиҷорат ва савдо бунёд шуда буд, дар корзори сиёсии ҷумҳурӣ аз соли 2006 ба баъд ба намоиш гузошт. Бояд иқрор шуд, ки ин шахсияти чандниқоба тавонист, ки дар фазои сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ як муддат муваффақ шавад ва бовари баъзе гурӯҳҳои иҷтимоиро ба худ ва ҳизби кӯҳнапарасташ ба даст биёварад. Барои шинохти симои воқеӣ ва ҳақиқии М. Кабирӣ донистани зиндагии пешазҳизбиаш зарурат дорад.  Вале муҳимтар аз инҳо, завқи молпарастӣ ва  ҳарисӣ ба молу ашё ва пулу пайсаи дунёӣ дар сиришти ин симои наҳзатӣ ҳанӯз дар марҳилаи туфулият шакл гирифта будааст. Ин аст, ки минбаъд талаботу ниёзҳои маишии ӯ боло мегиранд ва сарҳадафи зиндагиаш- дарёфти сармояи гарон ӯро, аввалан, ба сӯйи бозиҳои кучак ва сониян, ба тарафи бозиҳои калони сиёсӣ раҳнамун месозад. Замоне ки ба ҳавзаи биснес ва соҳибкорӣ ворид мегардад, тавассути ҳаросати сириштӣ дармеёбад, ки расидан ба қудрати сиёсӣ ва ҷойгоҳ пайдо кардан дар муҳитҳои давлатӣ ҳадафи асосӣ – рушди бизнес ва соҳибкории инфиродиро мусоидат менамояд. Бо ин ният, як бизнесмен ба майдони сиёсат, боз ҳам сиёсати исломӣ ворид мегардад ва тадриҷан раванди ба даст овардани молу пулро мудирият мекунад.

         Агар ба матолиби ахири журналистони сиёсӣ таваҷҷуҳ кунем, нек дармеёбем, ки онхо ба сифати нафари маъруфи элитаи оппозитсияи тоҷик шахси Кабириро бештар аз дигарон мешиносанд ва зоҳиру ботини ӯро фош месозанд. Нуктаи ҷолиб ин  ҷо тамаркуз меёбад, ки Кабирӣ савдогаре беш нест ва бо диди тиҷорӣ ба олами сиёсӣ менигарад. Барои ифодаи исми  Кабирӣ аз истилоҳвожаи «тоҷир» истифода мебаранд. Маълум аст, ки тоҷир бо пулу мол ва фоидаю таваккал (риск) сари кор дорад ва табиист, ки барои ҷамъоварии сармоя роҳҳои гуногунро мавриди истифода қарор медиҳад. Агар пушти сармоядорӣ сиёсат ва мудирияти сиёсӣ бошад, ба қавли мардумӣ, «нуран ало нур» мешавад. Аз ин ҷост, ки барои Кабирӣ аносире мисли миллат, давлат, озодӣ, Ватан, мардум, дин, мазҳаб, демократия, инсонсолорӣ ва мардумпарастӣ василаҳои муассири расидан ба ҳадафанд. Ин васоили меҳвариро, ки барои як сиёсатмадори қудратталаб муҳиманд, Кабирӣ барои роҳандозӣ кардани барномаи бизнеси хонаводагӣ ва рушди соҳибкории инфиродиаш истифода бурд ва то ҷойе муваффақ ҳам шуд.

         Пушти сиёсат Кабирӣ бизнеси худро гардон мекард ва акнун, ки аз вай дар ин маврид суол мекунанд, бидуни шарму ҳаё мегӯяд, ки ман дар ибтидо соҳибкор будам. Воқеан, ҳамин тур аст: Кабирӣ соҳибкоре буд, ки бо фаро расидани шароити хуб аз раҳбарияти неруҳои оппозитсионӣ дар симои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ васеъ истифода бурд ва худро ба тими ӯ пайваст. Албатта, ба нияти минбаъд дар раъси мудирияти наҳзатӣ қарор гирифтан ва аз ин тариқ ба таври бояду шояд рушду тавсеа додани бизнеси хонаводагӣ. Ҳамин тариқ, Кабирӣ аз соҳибкории инфиродӣ ба сӯйи бизнеси сиёсӣ қадам бардошт ва роҳро барои касби қудрати молӣ ва сиёсӣ ҳамвор сохт.

         Агар ҳадафи Кабирӣ бизнес ва соҳибкорӣ ва аз ин тариқ чира шудан ба боигариҳои мамлакат набошад, чаро Кабирӣ замони кору фаъолияти ҳизбӣ ва парлумонӣ бизнеси хонаводагиро дар ҶДММ «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки бозори молфурӯшӣ будааст, гардон кардааст, ки даромади солонаи он як миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор сомонӣ ва фоидаи панҷсолааш маблағи  як миллиону панҷсад ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст. Ҳамамедонанд, кибешаз 700 афар, рӯзҳоидароз, новобаста аз сармою гармо, пушти  тахтаҳоисавдонишаста, бабуҷаиоилаиКабирӣ  даромад меоварданд. Ҳамамедонанд, киаз ҳисобизаҳматионҳоӯ  дар ҳаҷмимаблағинишондодашуда фоида мегирифт.Барои пайхас нашудан аз найранг Кабирӣ бозори «Саховат»-ро, ки соли 2009 аз Ибодуллоева Ҳ.И. ба маблағи 836 ҳазор сомонӣ харида буд, ба номи ҳамсараш Раҳматуллоева Мастура гузаронид.

         Кабирӣ медонист, ки бозор дар ҷойи собиқ мактаби варзишии бачагону наврасони шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода ташкил шудааст. Ҳамчун вакили парлумон боз беҳтар аз ҳама медонист, ки дар асоси хулосаи ҳуқуқӣ, мувофиқи қисми 2-юмимоддаи 13-и Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон«Дарбораимаориф» (таҳрири899 аз 27-умидекабрисоли 1993) мактабҳоиварзишиибачагонунаврасонбакатегорияимуассисаҳои таълиму тарбияи беруназмактабӣдохилмешаванд. Ҳамзамонмувофиқимоддаи 9-уми Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон«Дарбораихусусигардониимоликиятидавлатӣ» (Дарбораииншооте, кихусусӣгардониданамешавандваиншооте, кибо қарори ҲукуматиҶумҳурииТоҷикистонхусусӣгардонидамешаванд) 464 аз 16 майисоли 1997, муассисаҳоитаълимииберуназмактабӣ, танҳобо қарори ҲукуматиҶумҳурииТоҷикистонхусусӣкардамешаванд. МактабиварзишиибачагонунаврасонишаҳриТурсунзода, кидарҷойионбозориӯ – «Саховат» ҷойгирбуд, бидуни қароридахлдори ҲукуматиҶумҳурииТоҷикистонбамоликияти хусусӣтабдилдодашудааст.

МуҳиддинКабирӣ то имрӯздаъводорад, киинамал қаблазхаридориибозоразҷонибиӯсуратгирифтааст. Агарчунинаст, ҷурмаш боз бештармегардад, зеро ҳамчуннамояндаиниҳодиасосии қонунгузорикишвар, ҳангомихаридориибозорнисбатиинкирдори ғайриқонунӣчашмашропӯшида, онротӯличандинсолбароидарёфтиманфиатишахсӣистифодакардааст.Ба дунболи ин, Кабирӣ дар дигар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳам заминҳоро харидорӣ карда, ба номҳои наздикону пайвандонаш ихтисос дода, ба мардум фурӯхтааст. Ба ин мисол шуда метавонад бинои беморхонае, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ шуда, майдони он 10,0 гектарро ташкил медиҳад. Соли 1999 бизнесмен Кабирӣ беморхонае, ки 50 дар сади корҳои сохтмонии он ба анҷом расида буд,  харида, ба панҷ нафар тариқи ҳадя дар майдони умумии 2904 метри квадратӣ супоридааст. Ҳамчунин дар давоми солҳои 2008-2010 Кабирӣ қисмати зиёди заминҳои ҳудуди беморхонаи сироятии сохтмонаш нотамомро бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба шаҳрвандон ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ фурӯхтааст. Пулу мол, ки тору пуди зиндагии Кабириро ташкил медиҳад, ӯро аз маҷрои одамият берун кашида, ба гирдоби бало тела дод. Дигар ӯ зиёдтару зиёдтар мехост ва барояш ин ҳама кам буд. Ӯ пулмаст шуда буд, вале пулмастӣ ва сарватпарастиашро дар пардаи сиёсати наҳзатӣ пинҳон мекард ва бо бурдани исми Худову Расул ва Қуръону Муҳаммад худро ба ҳалқаи мардуми гумроҳ наздиктар месохт. Аз эҳсосоти динию мазҳабии мардуми содалавҳи тоҷик истифода намуда, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, ки дар пул ғарқ буданд, поро фаротар монда, сӯйи қудратталабӣ ва тавсеаёбии сармоя ва ҳукуматашон қадам бардоштанд. Хушбахтона, ин пулмастони фурсатталаб ба мақсад нарасиданд ва натавонистанд бори дигар ҷомеаи тоҷикро ба гирдоби бало мубтало созанд. Ҳаммаслакони Кабирӣ, ки қисмате дар маҳбасанд, камбағалу нодор нестанд. Ҳар кӣ онҳоро мешиносад, яқин медонад, ки тайи фаъолияти сиёсӣ ва наҳзатӣ, чи аз ҳисоби фиребу найранги мардум (ва муридон) ва чи аз ҳисоби хоҷагони хориҷӣ сармоя андӯхта, молу манол ҷамъоварӣ намуданд. Виқор, такаббур ва фазлфурӯшии ин тоифаро ҳадду канор набуд ва аснои мусоҳиботи матбуотӣ, маъракаҳои наҳзатӣ ва мавъизоти динӣ дар симои ҳар яке аз раҳбарон ё ба истилоҳ, тими раҳбарии наҳзатӣ ғуруру мастӣ ва ваҷоҳати қудратталабӣ ниҳон буд.

         Имрӯз ҳам Кабирӣ дар хориҷ, асосан бо бизнес сари кор дорад. Ин навъи фаъолиятро бизнеси сиёсӣ мегӯянд: бадном кардани давлати миллӣ; мусичаи бегуноҳ нишон додани худ ва ҳаммаслакон; дар миёни доираҳои сиёсии аврупоӣ мақом ва лоббиҳо пайдо кардан; пулу сармоя талабидан; аз ҳисоби пулу моли созмонҳои хайриявии сиёсӣ бизнеси хонаводагиро гардон намудан; имиҷи сиёсӣ сохтан; парнографияи сиёсӣ пахш кардан; аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври сунъӣ шумораи муътаризони сиёсиро дар Аврупо зиёд кардан; эътилофи дурӯғин ташкил кардан ва билохира ба мартабаи лидери сиёсӣ расидану мудирият кардани неруҳои дурӯғини эътилофӣ. Силсилаи бизнеси Кабирӣ ва ҳаммаслакону хешовандонаш дар Аврупо оқибат ӯро бадном месозад ва чуноне ки мардум мегӯянд, «радди маърака»-аш мекунад. Эътилофе вуҷуд надорад, чаро ки неруҳои озодандеши тоҷик ба тоифаи Кабирӣ шиносанд ва найрангҳои ин бизнесмени фирориро медонанд. Танҳо онҳое, ки вобасти ӯ ва ё худбохтаанд, ба сӯйи ӯ мешитобанд ва дар симои вай наҷотбахши худро мебинанд. Бехабар аз он ки бизнесмен ва сармоядор, ки аз ҳисоби фиреби мардум сармоя ҷамъ мекунад, ба ҷуз худ ва муқаррабон ба каси дигаре шафоат намекунад. Дар пайи ин, агар Кабирӣ шафоат мекард, ҳаммаслакони ҳизбиашро шафоат менамуд ва онҳоро дар фаросӯйи тақдир гузошта, барои ҳифзи молу пулаш фирор намекард. Ҳатто имрӯз аз ҳисоби ҳаммаслакони зиндониаш дар хориҷ пул кор мекунад ва онҳоро ба унвони зиндониёни сиёсӣ муаррифӣ намуда, аз созмонҳои байналмилалӣ тақозои кумаки молию пулӣ менамояд.

         Воқеан, имрӯз Кабирӣ дар пардаи сиёсатҳои номуваффақи наҳзатӣ бозори бизнеси хонаводагиашро дар мамолики аврупоӣ гарм мекунад ва ҷиҳати бароварда сохтани «ниёзҳо»-и қудратҳои ҷаҳонӣ дар минтақа бо доираҳои манфиатдори ғарбӣ ҳам ҳамдаст мешавад. Рӯҳи пулпарастӣ ва сармояхоҳии Кабирӣ, ки ҳамакнун фош шуда истодааст, баъди чанде шикаста мешавад ва «миссия»-и бизнесмен ба анҷом хоҳад расид.

    Фаридун Ориёӣ