ВОКУНИШ
ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРО МАВЗӮИ РӮЗ
- Подробности
- Опубликовано 14.07.2017 16:26
Солҳои охир миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ҳодисаҳои гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, гурӯҳҳои иртиҷоӣ аз қабили экстремистию террористӣ афзудааст. Афзоиши ин падидаи номатлуб дар байни ҷавононе, ки бо мақсади дарёфти манбаи зиндагӣ, беҳтар намудани шароити оилавӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷиҳати пешгирии ин ҳодисаҳои номатлуб миёни ҷавонон дастуру супоришҳо дода оқибатҳои ногувори онро таъкид менамоянд. Пешвои миллат аз ҷумла 22 декабри соли 2016 дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати пешгири амалҳои террористӣ, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар назди мақомоти марбутаи мамлакат вазифаҳои мушаххас гузошт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дар ноҳия фаъолиятдошта баҳри иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт пайваста чораҳои зарурӣ меандешанд.
Ба ин мақсад чанде пеш дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистию террористӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо оқибатҳои ҳузновари шомилшавии ҷавонони тоҷик, ки бо роҳи фиреб ба сафи ташкилоту созмонҳои террористӣ-экстремистӣ ҷалб карда мешаванд ва роҳу воситаҳои пешгирии ин падидаи номатлуб мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Рафторҳои бархе аз ҷавонон, ки аз бехабарию ноогоҳӣ аз моҳияти аслии дину маҳзаб дигаронро ба амалҳои ифротгарову террористӣ даъват намуда, ин рафтори бади худро бо номи “ҷиҳод”,”шаҳид шудан дар роҳи ислом”, “қаҳрамонӣ” маънидод, менамоянд, аз ҷониби иштирокдорони вохӯриву суҳбатҳо маҳкум карда шуданд.
Дар ҷараёни баргузории вохӯриҳо ба иштирокчиён аз тарафи шуъбаи Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳия видеофилмҳо оид ба амалҳои ношоистаи бархе аз ҷавонони гумроҳ, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ экстремистӣ шомил гардидаанд ва оқибатҳои ҳузнангези он намоиш дода шуд.
Инчунин дар бораи маъниву муҳтавои аслии фаҳмишҳои “ҷиҳод”, “шаҳид шудан” сархатиби ноҳия, имомхатибони масҷидҳо ба ҳозирин маълумотҳо доданд.
Дар ҳамаи вохӯриҳо ва умуман, чорабиниҳое, ки дар сатҳи ноҳия вобаста ба соҳаи муҳоҷират ва дигар мавзӯъҳои доғи рӯз мегузаранд, аз ҷониби бахш маводҳои иттилоотӣ вобаста ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия паҳн карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯриҳо аз ҷониби сокинони ноҳия ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи чӣ тавр ба даст овардани Сертификати забони русӣ, Суғуртаи тиббии муҳоҷирон ва донистани таърих ва асосҳои қонунгузории ФР саволҳо дода шуд ва ба ҳар яки онҳо ҳозирин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Иштирокчиёни вохӯриҳо аз натиҷаҳои чорабиниҳои зикр-гардида изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории онҳоро дар маҳалли зисташон заруру саривақтӣ ва манфиатбахш арзёбӣ намуданд.
Рашидова М,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия.