ВОКУНИШ
РОҲИ ҲНИТ БА ЭРОН БУД…
- Подробности
- Опубликовано 05.05.2017 10:17
Замоне, ки тантанаҳои наврӯзӣ дар саросари Точикистон бо шукуҳи хосса таҷлил мегардад, вақте ки бо пешниҳоди Тоҷикистон муассисаи фархангии тобеи Созмони милали муттаҳид-ЮНЕСКО ин ҷашни суннатии мардумони ориёинажодро ба рӯйхати ҷашнҳои таърихию фарҳангии ҷаҳон ворид намуд, ифтихору сарфарозии мардуми тоҷикро ҳадду канор набуд. Зеро, ки воқеан ҳам ин суннати ниёгонамон реша дар умқи таърих давондааст ва асоси муҳими илмӣ дорад. Он баробарии шабу рӯзро собит менамояд ва мардумро ба омодагии баҳору кишту кор даъват мекунад.
Мутаасифона, аз чӣ бошад, ки пайравони ҳизби ҳоло мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон ин расми хуби тоҷиконро хуш надоранд ва онро барои миллату фарҳанги миллӣ бегона мепиндоранд. Ин ҷашни фархундаро, ки ба ягон дин иртибот надорад, динию мазҳабӣ мешуморанд. Кор ба дараҷае ба ифрот расид, ки замони сари ин мавзӯъ қазоват намудан, шахсиятҳоро куфру мусулмон ҳукм менамуданд.
Чунин бархурдҳои радикалиро нисбати суннатҳои миллию фарҳангӣ ҳатто дар замони шӯравӣ раво намедиданд. Ҳарчанд, баргузории ҷашни Наврӯзро маҳдуд карда буданд, лекин мардум ин суннати тӯли ҳазорсолаҳо зинда ва бо тобишҳои рангину зебое аз ниёгон ба мерос омадаро таҷлил ва ҳифз менамуданд. Дар ҳамон давлати исломии Эрон ҳам онро аз байн бурда натавонистанд, ҳарчанд нисбати он бархурдҳои шаддиде сурат гирифта буданд.
Дар зимн пурсида мешавад, ки миёни ин се мафҳум чӣ умумияте буда метавонад? Воқеан ҳам агар ба таърихи на чандон дури кишварамон хадди ақал ба гузаштаи 25-солаи Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки ҳизби наҳзат дар мавриди амалӣ кардани ҳадафу ниятҳояш дар Тоҷикистон аз сенарияе кор гирифтааст, ки дар вақташ инқилобчиёни эронӣ, ба қавле посдорони инқилоби исломӣ сари кор доштанд.
Аввалин ячейкаҳои низомии ҳизби наҳзат дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ рӯи кор омада буданд. Яъне онҳо дар Тоҷикистон ба мисоли инқилоби исломии Эрон табаддулот карданӣ буданд. Замоне, ки аввалин интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон бо иштироки чанд номзад сурат гирифт, маълум буд, ки номзади мухолифон Давлати Худоназар намегузарад. Чунки онҳо барнома ва ҳадафҳои мушаххас надоштанд ва мусаллам буд, ки ин коргардон ҳам гаравгони гурӯҳаке шудааст ва дигар илоҷи бозгашг надорад. Иҷборан дунболи ашхосеро гирифт, ки мехостанд аз роҳи Эрон гом бардоранд. Ин роҳ масире буд, ки холӣ ҳам набуд, балкӣ роҳе буд, ки маблағгузорӣ мешуд ва аллакай доираҳое аз ҲНИТ низ аз он ком ширин мекарданд. Воқеан ҳам дидем ва шоҳид шудем, ки онҳо барои соҳиби мансабу ҷоху ҷалол шудан хуни ноҳак, рехтанд, хонаҳоро сӯзонданд, ваҳдати миллиро барҳам заданд ва ҳазорон нафарро ба мамолики дуру наздик гурезаи иҷборӣ намуданд. Сабаби ҳамаи ин бедодгариҳо маълум буд, ки доираҳое дар кишварҳои хориҷӣ мехостанд бо роҳи зӯрӣ ба рағми иродаи халқ раванд ва бо зулму таадӣ иродаи гурӯҳакеро болои аксарият бор кунанд.
Шоир барҳақ фармудааст, ки:
Ҳарки бо душмании халқ равон аст, чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.
Душманиву душманигароии ин тоифа то ба ҳол идома дорад. Онҳо аз ниятҳои шуму нопокашон ҳануз ҳам даст набардоштаанд. Онҳо пайти муносиб меҷустанд, ки боз ҳам дар ҷумҳурӣ нооромиҳоро доман зананд ва фикру зикри мардумро аз созандагиву бунёдкорӣ дур баранд. Ин дафъа онҳо аз неруи хоиноне кор гирифтанд, ки давлат ба онҳо бовар карда, мансабу вазифа, пулу моликияту замину накдиёт дода буд.
Аммо хиёнаткор аз роҳаш намегаштааст. Оқибат чӣ шуд, ҳамагӣ шоҳид будем. Яроқу аслиҳаи генерали хоин А. Назарзодаро касе нагирифт. Баръакс, одамон бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ карда, хиёнаткоронро дастгир намуда, ба ҳукумат таслим карданд. Гузашта аз ин дар атрофи Сарвари давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид шуданд.
Чуноне ки мегӯянд, "офтобро бо доман пӯшонда намешавад".
Ҳар амале, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳад, аз чашми ҳамабини халқ, пинҳон намемонад. Мардум мебинад, ки Сарвари муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон барои дар миқёси ҷаҳонӣ мақому манзалати шоистаро касб намудани Тоҷикистон чӣ қадар талошу заҳмат кашида истодааст. Бо ташаббусҳои оламшумулаш ҷомеаи байналмилалиро дар ҳайрат монондааст. Ба ҷои он ки ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии мухталиф ба таври осоишта ва сарҷамъона барои амалӣ кардани ормонҳои мардум ҷидду ҷаҳд намоянд, баръакс боз ҳам пушти ҷоҳу ҷалол мераванд ва аз роҳҳои ғайриқонунӣ мехоҳанд, ки ба мансабу мартаба расанд. Аммо ин роҳи хато ва хавфнок мебошад.
Табиист, ки тирашон ҳартиз ба ҳадаф намерасад.
Зимнан, рафтору амали афроде аз кишварҳои бо мо дӯсту ҳамзабон бар хилофи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ, ки бо ҷинояткорон суҳбату мулоқот меороянд, нофаҳмиданист.
Зимнан, худи ташкил ва таъсис додани ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон заминаи иҷтимоӣ надошт. Онро мисли дигар ҳаракатҳои сиёсӣ ба таври сунъӣ аз хориҷ ворид намуданд. Аслан ин ҳизб дар қаламрави Русия созмон ёфта, бо мавҷи бозсозию ислоҳотгароӣ ва ба ном демократиясозии Горбачевӣ ба кишвари мо омаду дар як дам ҷавонони роҳгумзадаро ба худ ҷалб намуд. Мардум дар оғоз намедонист, ки мақсаду ниятҳои ин ҳизб чӣ хохад буд. Гумон мекарданд, ки акнун маҳз тавассути он фаризаҳои диниашонро иҷро мекунанд ва бо ин васила дини мубини исломро интишор медиҳанд.
Аммо дар асл ҳадафхо дигар буд. Ғайри ин ҳизб ҳам одамон бидуни монеа мусулмониашонро иҷро мекарданд. Ҳоҷат ба як ташкилоти сиёсии дигар набуд. Ислом худаш ҳизб аст. Магар бо ҲНИТ мардум фаризаҳои динӣ ва эътиқодоташонро бештар анҷом медиҳанд? Оё аз мусулмон дар охират ва дар он дунё билети ҳизбӣ мепурсанд? Мусаллам аст, ки мардум оқибати сиёсӣ кардани дини исломро фаҳмид ва аксарияти кулли онҳо худро аз ҳизбгароӣ дур андохтанд.
Дар ҳамин замина одамон бо такя ба талаботи Конститутсияи ҷумҳурӣ барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷаҳду талош карда истодаанд. Дар тамоми кишварҳое, ки ба ислом либоси сиёсӣ мепӯшонанд, мебинем, ки дар он ҷо ҷанг асту хунрезӣ ва сӯхтору фирору муҳоҷират. Аз давлати ба ном исломии Шому Ирок, то ҳаракати толибону салафия ва таблиғу байату наҳзатҳои дигари исломӣ мехоҳанд, ки исломро роиҷ гардонанд. Лекин андешаи онро надоранд, ки барои ривоҷи ислом дар айни замон чӣ монеае дар миён аст.
Дар Тоҷикистон шумораи масҷидҳо ба маротиб зиёд шуда истодааст, солона ҳазорҳо нафар фаризаи ҳаҷро баҷо меоранд, барои намоз хондан касеро таъқибу маҳдуд намекунанд. Фақат як талаботро бояд муроот намоем, ки аз доираи қонунҳо ва муқаррарот набароем. Зеро, ки асли давлати мо иҷтимоӣ ва дунявӣ мебошад. Барой ҳамин ҳам қонун аз шаҳрвандон талаб мекунад, ки дар масъалаи дину диёнат зиёдаравӣ накунем. Нисбати миллату ҳукумату давлати худамон хиёнатеро раво набинем. Аз рангорангии арзинҳои миллӣ ва тобишҳо зебои фарҳанги бою ғаниамон нашъа барем. Чунки ҳеҷ оғӯше мисли оғӯши Ватани худамон гарму гуворо нахоҳад буд.
Абдулло АЗИЗОВ,
раиси комиҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Файзобод.