Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ҲНИТ ҲАМЧУН САРЧАШМАИ ТАБЛИҒИ ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Рушди босуръати технологияи муосир баровади дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳамчунин мушкилоти навро эҷод карда истодааст, ки мубориза бо онҳо аз кӯшиши як кишвар вобаста набуда, хусусияти глобали дорад. Хусусан таблиғи экстремизми динӣ яке аз он падидаҳои номатлубест, ки фарогири тамоми ҷаҳон гардидааст ва манбаи даъвати ҷавонон ба муноқишаҳои кишварҳои минтақа мешавад. Давлати Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳони аз ин падидаҳои ҷаҳони канора буда наметавонад.

Чуноне аз шабакаҳои интернети маълум мегардад, ки “баъзе донишҷӯёни берун аз кишвар интиқод аз аъмоли фишор бар исломгароён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои донишҷӯёни муҳтарам дар алоҳидагӣ бармеояд, ки эшон аз фазои динӣ  ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ нестанд вахулосаҳои эшон дар асоси тӯҳмату бофтаҳои бардурӯғи душманони миллати тоҷик анҷом пазируфтааст.  Тоҷикистон тибқи Конститутсияи аз тарафи аҳли  ҷомеа қабулгардида давлати дунявӣ ба ҳисоб меравад ва мардуми кишвар дар риоя намудан ва ё нанамудани аъмоли динӣ комилан озод  ҳастанд. Гузашта аз ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори масоҷид нисбат ба ҳар сари аҳолӣ ҳатто аз ҶИЭ низ зиёдтар мебошад, агар чанде он масоҷид ба сабаби бисёрии миқдор новобаста аз муҷаҳҳаз будани онҳо бо тамоми шароиту имконоти муосир  70 дар сад холӣ мебошанд. Донишҷӯёни муҳтарам бояд воқеияти  ҳолро аз донишҷӯёни эронӣ ва афғонӣ дар Тоҷикистон таҳсилнамоянда мепурсиданд, на аз душманони миллати тоҷик, ки ба сабаби ҷурми сиёсии хеш тарки Ватан намудаанд.

Акнун дар хусуси бардоштҳои нодурусти донишҷӯёни муҳтарам аз сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҲНИТ ҳаминро бояд гуфт,  ки фаъолияти сиёсии аъзоёни  ҲНИТ, на фаъолияти динии эшон,  яке аз сабабҳои ҷанги бародаркушии миллати тоҷик дар солҳои 90-уми қарни гузашта ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин баъд аз бадастовардани мусолиҳаи миллӣ ва созиши ҳамкорӣ бо эшон  ҳукумати Тоҷикистон барои эшон фазои мусоиди сиёсию диниро таъмин намуда буд.  Мутаасифона, роҳбари ҲНИТ  Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни Олии ин ҳизб дар якҷояги бо собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ Назарзода Абдуҳалим ва собиқаъзоёни Иттиҳоди неруҳои мухолифин гурӯҳҳои ҷиноятӣ созмон дода, шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 баръакси таълимоти Қуръон, ки шукргузориро аз сифатҳои барҷастаи муслимин ба қалам медиҳад, ношукриро пеша намуда, сиёсати батаври зӯрӣ бартараф сохтани ҳокимияти қонуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуданд. Дар натиҷаи ин сиёсати экстремистии эшон чанде аз мардуми бегуноҳи кишвар аз ҳаёт маҳрумгардида фарзандонашон ятим гаштанд.  Баъдаз чунин аъмоли ноҷавонмардона ва ношукриҳои эшон аз фазои сулҳу салоҳ ва орому осуда ҳукумати кишвар маҷбур гардид, ки роҳбарони ҲНИТ-ро, ки дар кӯшиши роҳандозӣ  намудани табодулоти сиёсӣ дарТоҷикистон даст доштанд, ба ҷавобгарӣ кашаду онҳоро назди қонун масъул ҳисобад.

Акнун чанд сухан дар хусуси андешаҳои дигари баъзе аз оғоён, ки аз мавҷудияти фишор алайҳи ислом (яъне ҲНИТ) дарТоҷикистон ҳарф задаанд. Оғоёни муҳтарам, агар доир ба масоили динӣ чизеро башумо Имом Хумайнӣ омӯхта бошад, пас мо мардуми мусулмонро Худованди  карим  дар Қуръони азимушшаън таълим додааст: (Аузубиллоҳи минаш-шайтонир-раҷим) Лоикроҳафи-д-дин (дар дин маҷбуркунӣ нест); ва лавшоа раббукала омана манфи-л-арзикуллуҳум ҷамиъо. Афаанта тукриҳу-н-носа ҳаттотакунул-муъминин. Агар Худоят, (эй паёмбар) мехост, ҳар шахсе ки дар рӯи заминаст, ҳамагӣ имон меоварданд. Оёту мардумро маҷбур мекунӣ, ки муъмин бошанд). Ба маълумоти тамоми аъзоёнинишасти «Ҳукумкунандагони шариат» расониданием,  ки ҳаёти динии мардуми Тоҷикистон бодарназардошти аҳкоми ояҳои каримаи фавқуззикр сурат мегирад ва дар ҳаёти динии шаҳрвандон хурдтарин фишоре вуҷуд надорад, албатта ба истиснои афкору аъмоли такфирии ашхосе,  ки аз фазои оромии кишвар ношукрӣ менамоянд ва ё ба гурӯҳҳои такфирӣ, аз ҷумла салафӣ, таҳрирӣ ва ғ. ҳамроҳ мешаванд. Ва ҳаркас ки бар шумо ин дурӯғро расонидааст, шумо бояд ин ҳукми Худовандро бар эшон ёдрас намоед: (Астаузубиллоҳ) Ва ҷаъално лаънаталлоҳи аъла-л-козибин (Лаънати Худо бод бар дурӯғгӯён).

Хулоса, аъзоёни муҳтарами «Маҳкумони шариат» ва пуштибонони ҲНИТ агар боре ба Тоҷикистон оянду, бо фазои динии мардуми кишвар аз наздик огоҳ шаванду онро бо фазои динии мардуми хеш муқоиса намоянд, аҷаб нест, ки худро ба доираи «гунаҳкорони шариат» ворид намоянд.

САИДАҲМАДИ ҶИЛО.