ВОКУНИШ
СИДҚАН ТАБИБАНД
- Подробности
- Опубликовано 17.03.2017 14:37
Ман аз меҳрубонию ғамхориҳои табибони ноҳия бисёр мешунавам. Худам ҳам шоҳиди ин ғамхориҳо ҳастам. Ҳар дафъае, ки бо умеди шифои дарду ранҷи пириам ба бемористон рафта бошам, аз меҳру шафқати табибон розӣ ба хона бармегардам. Хусусан бонуҳо, хоҳарони шафқат бо масъулияти баланд хизмат мерасонанд.
Чанде пеш ману ҳамсарам ва келинам дар шуъбаи касалиҳои дарунӣ, мудираш Раҷабов Тоҷиддин, табобат гирифтем. Муносибату рафтори ҳамшираҳо Гавҳар Назарова, Назира Тошева, Гулсуман Давлатова, Ҷамила Самадова ҳамчунин Меҳратулло Содиқов хеле писандамон омад. Аз онҳо сидқан миннатдор шудем. Дармонбахши ҳақиқианд онҳо. Дуо мекунем, ки ҳеҷ гоҳ хаста нашаванд.
Зариф СОБИРОВ, сокини деҳаи Сомониён,
Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон.