Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ҲНИТ ҲАМЧУН САРЧАШМАИ ТАБЛИҒИ ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ ДАР ҶТ

Рушди босуръати технологияи муосир баровади дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимои, ҳамчунин мушкилоти навро эҷод карда истодааст, ки мубориза бо онҳо аз кӯшиши як кишвар вобаста набуда, хусусияти глобали дорад. Хусусан таблиғи экстремизми дини яке аз он падидаҳои номатлубест, ки фарогири тамоми ҷаҳон гардидааст ва манбаи даъвати ҷавонон ба муноқишаҳои кишварҳои минтақа мешавад. Давлати Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳони аз ин падидаҳои ҷаҳони канора буда наметавонад.

Чуноне аз шабакаҳои интернети маълум мегардад, ки “ баъзе донишҷӯёни берун аз кишвар интиқод аз аъмоли фишор бар исломгароён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои донишҷӯёни мӯхтарам  дар алоҳидагӣ бармеояд, ки эшон аз фазои динӣ  ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ нестанд ва хулосаҳои эшон дар асоси тӯҳмату бофтаҳои бардурӯғи душманони  миллати  тоҷик анҷом пазируфтааст.  Тоҷикистон тибқи Конститутсияи аз тарафи аҳли  ҷомеа қабулгардида давлати дунявӣ ба ҳисоб меравад ва мардуми кишвар дар риоя намудан ва ё нанамудани аъмоли динӣ комилан озод  ҳастанд. Гузашта аз ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  миқдори масоҷид нисбат ба ҳар сари аҳолӣ ҳатто аз ҶИЭ низ зиёдтар мебошад, агарчанде он масоҷид ба сабаби бисёрии миқдор новобаста аз муҷаҳҳаз будани онҳо бо тамоми шароиту имконоти муосир  70 дар сад холӣ мебошанд. Донишҷӯёни муҳтарам  бояд воқеияти ҳолро аз донишҷӯёни эронӣ ва афғонӣ дар Тоҷикистон таҳсилнамоянда мепурсиданд, на аз душманони миллати тоҷик, ки ба сабаби ҷурми сиёсии хеш тарки Ватан намудаанд.

Акнун дар хусуси бардоштҳои нодурусти донишҷӯёни мӯхтарам аз  сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҲНИТ ҳаминро бояд гуфт,  ки фаъолияти сиёсии аъзоёни ҲНИТ, на фаъолияти динии эшон,  яке аз сабабҳои ҷанги бародаркушии  миллати тоҷик  дар солҳои 90-уми қарни гузашта ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин баъд аз ба даст овардани мусолиҳаи миллӣ ва созиши ҳамкорӣ бо эшон  ҳукумати Тоҷикистон барои эшон фазои мусоиди сиёсию диниро таъмин намуда буд.  Мутаасифона, роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабири ва дигар аъзоёни Олии ин ҳизб дар якҷояги бо собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ Назарзода Абдуҳалим ва собиқ аъзоёни Иттиҳоди неруҳои мухолифин гурӯҳҳои ҷинояти созмон дода, шаби 03 ба 04.09.2015 баръакси таълимоти Қуръон, ки шукргузориро аз сифатҳои барҷастаи муслимин ба қалам медиҳад, ношукриро пеша намуда, сиёсати ба таври зӯрӣ бартараф сохтани ҳокимияти қонуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуданд. Дар натиҷаи ин сиёсати экстремистии эшон чанде аз мардуми бегуноҳи кишвар  аз ҳаёт маҳрум гардида фарзандонашон ятим гаштанд.  Баъд аз чунин аъмоли ноҷавонмардона ва ношукриҳои эшон аз фазои сулҳу салоҳ ва орому осуда ҳукумати кишвар маҷбур гардид, ки роҳбарони ҲНИТ-ро, ки дар кӯшиши роҳандозӣ намудани табодулоти сиёсӣ дар Тоҷикистон даст доштанд, ба ҷавобгарӣ кашаду онҳоро назди қонун масъул ҳисобад. Вақте ки ҷурми роҳбарияти  ҲНИТ дар ҳаводиси сентябрӣ исбот гардид, ҳукумати кишварро ба хотири ҳифзи амнияти аксари шаҳрвандони кишвар ба ҷуз қатъ  гардонидани фаъолияти ҲНИТ ҳамчун ҳизби экстремистӣ илоҷ набуд.

Акнун чанд сухан дар хусуси андешаҳои дигари баъзе аз оғоён, ки аз мавҷудияти фишор алайҳи ислом (яъне ҲНИТ) дар Тоҷикистон ҳарф задаанд. Оғоёни муҳтарам, агар доир ба масоили динӣ чизеро ба шумо Имом Хумайнӣ омӯхта бошад, пас мо мардуми мусулмонро Худованди карим дар Қуръони азимушшаън таълим додаааст: (Аузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим) Ло икроҳа фи-д-дин (дар дин маҷбуркунӣ нест); ва лав шоа раббука лаомана ман фи-л-арзи куллуҳум ҷамиъо. А фа анта тукриҳу-н-носа ҳатто такунул-муъминин. Агар Худоят,( эй паёмбар) мехост, ҳар шахсе ки дар рӯи замин аст, ҳамагӣ имон меоварданд. Оё ту мардумро маҷбур мекунӣ, ки муъмин бошанд). Ба маълумоти тамоми аъзоёни  нишасти «Ҳукумкунандагони шариат» расониданием,  ки ҳаёти динии мардуми Тоҷикистон бо дарназардошти аҳкоми ояҳои каримаи фавқуззикр сурат мегирад ва дар ҳаёти динии шаҳрвандон хурдтарин фишоре вуҷуд надорад, албатта ба истиснои афкору аъмоли такфирии ашхосе,  ки аз фазои ороми кишвар ношукрӣ менамоянд ва ё ба гурӯҳҳои такфирӣ, аз ҷумла салафӣ, таҳрирӣ ва ғ. ҳамроҳ мешаванд. Ва ҳар кас ки бар шумо ин дурӯғро расонидааст, шумо бояд ин ҳукми Худовандро бар эшон ёдрас намоед: (Астаузу биллоҳ) Ва ҷаъално лаънаталлоҳи аъла-л-козибин (Лаънати Худо бод бар дурӯғгӯён).

Хулоса, аъзоёни мӯхтарами «Маҳкумони шариат» ва пуштибонони ҲНИТ агар боре ба Тоҷикистон оянду, бо фазои динии мардуми кишвар аз наздик огоҳ шаванду онро бо фазои динии мардуми хеш муқоиса намоянд, аҷаб нест, ки худро ба доираи «гунаҳкорони шариат» ворид намоянд.

Сайдо Ҷалолӣ