ВАРЗИШ
БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ БО ҲАШТ ИМТИЁЗ
- Подробности
- Опубликовано 14.11.2016 13:03
Чанде пеш дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаи омодагии интихобӣ ба бозиҳои олимпии наврасон Буэнос Айрес-2018 оид ба Дзю-до аз рӯйи барномаи ҳамбастагии Олимпӣ-2016 бо иштироки ҷавонпаҳлавонон аз шаҳру навоҳии тобеи марказ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа тарбиятгирандагони навраси мактаби варзишии ноҳия, ки зери роҳбарии мураббиёни варзида Маҳмадалӣ Мирзоев, Неъматулло Икромов ва Сунатулло Мирзоев тамрин мекунанд, ширкат варзиданд.
Хушбахтона, ҳашт нафар варзишгарони навраси диёр, ки дар ин сабқат соҳиби зинаҳои ифтихорӣ гаштанд, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Варзишгарони мо дар сурати ғолиб омадан дар даври ҷумҳуриявӣ иштирокчии мусобиқаҳои Олимпии наврасон Буэнос Айрес-2018 хоҳанд гашт. Борҳост, ки Аҷаму Баракатулло, Эҳсону Фозил, Диловару Саидҷаъфар ва дигар варзишгарони навраси диёр дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби мақомҳои ифтихорӣ мегарданд.
Собир РОЗИҚОВ, “НФ”.