Чт01022025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВАРЗИШ

ПАҲЛАВОНИ ХӮҶАМАРД

Варзиш саломативу зебоист. Ҳар ки бо варзиш шуғл дорад, бешубҳа солиму бардам аст. Маҳз варзишгарону санъаткорон дар дунё бо ҳунару паҳлавониашон шуҳратёранд. Паҳлавоне, ки дар борааш мегӯем, зодаи деҳаи Хӯҷамард аст. Ӯ пайваста машқу тамрин мекунад.  Мекӯшад, дар риштаи гӯштин то ба қуллаҳои баланди варзиш барояд.

Маҳмадшариф Наҷмиддинов аз овони хурдӣ зери роҳбарии мурабиёни варзидаи диёр Абдуқодир Зокиров,Самандар Қаландаров ва Маҳмадалӣ Мирзоев нозукиву усулҳои гӯштини миллиро омӯхтааст.

Аввалин майдондориаш рӯйи гилеми гӯштингирӣ дар овони 10-солагиаш буд. Он вақт ӯ дар мусобиқаи ноҳиявӣ байни мактаббачагони ноҳия дар вазни 32 кг баромад кард ва соҳиби ҷойи аввал шуд.

Пайваста тамрин кардану омӯхтани усулҳои нави гӯштин ӯро ба мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ расонид. Соли 2011 дар вазни 35 кг дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз намуди гӯштини дзю-до иштирок намуд ва ҷойи аввалро касб кард.

Чанде пештар дар шаҳри Турсунзода аз намуди гӯштини миллӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки паҳлавони ҳамдиёрамон иштирокчии он буд. Дар мусобиқа 148  нафар ҷавонпаҳлавонон дар вазнҳои гуногун аз шаҳру навоҳии кишвар бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Дар ин сабқат Маҳмадшарифи мо дар вазни 70 кг ба 16 ҳарифи худ дастболо шуда, ба зинаи аввал баромад.

Маҳмадшарифи ҷавон то ба имрӯз дар зиёда аз 70 мусобиқаи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ иштирок карда, дар аксари он дастболо шудааст. Ӯ пайваста пайи омӯзишу аз худ намудани усулҳои нави гӯштин аст. Бо ин мақсад имсол ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дохил шуд. Ният дорад, ки назди устодони варзидаву паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ машқу тамрин намуда, қуллаҳои баланди варзишро фатҳ созад. Ӯ ҳоло ҷавон асту мудом пайи омӯзиш. Аз ин хотир метавон умед баст, ки дар оянда яке аз паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ гардад. Мо барояш зафар ва комёбиҳои беназирро хоҳонем.

С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.