ВАРЗИШ
ДУ МЕДАЛИ ТИЛЛО АЗ ХАТЛОН
- Подробности
- Опубликовано 29.03.2016 16:56
Рӯзҳои 6-7 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба гиромидошт ва дарёфти ҷоми устоди варзиши иттиҳоди шуравӣ Шариф Саидов аз намуди гӯштини миллӣ дар вазнҳои 65-75кг баргузор гардид. Варзишгарони ноҳияи мо ҳам дар ин мусобиқа иштирок намуданд. Дар қувваозмоии зикршуда Азизулло Икромов (дар вазни 65кг) ва Маҳмадшариф Наҷмиддинов (дар вазни 75кг) ҷойи аввалро соҳиб шуданд.
Алидод Рабиев дар вазни 70кг мақоми сеюмро ишғол намуд. Ғолибон ҷоми мусобиқаро соҳиб шуданд.
Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Умед Раҳимов иброз дошт, ки мо бо ин ҷавонмардони паҳлавони диёр сари ифтихор дорем. Зеро эшон сафи медалдорони ноҳияро зиёд намуданд.
Ҷому медалҳои ифтихориро бо туҳфаҳо раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода дар вазъияти тантанавӣ ба паҳлавонон супорида, муваффақияти ҷавононро дастоварди калон донист.
Р. СОБИР, “НФ”.