ВАРЗИШ
ПАҲЛАВОН
- Подробности
- Опубликовано 29.03.2016 16:53
Варзиш ин саломативу зебоист. Ҳар кӣ бо варзиш шуғл меварзад, бешубҳа саломатию комёбиҳо насиби ӯст. Маҳз варзишгарон дар дунёи шуҳрат мувофиқ ба қобилияту ҳунари худ шуҳратёр мегарданд. Ба ин васила дар таърихномаҳову ёди мухлисонашон нақш мебанданд.
Паҳлавоне, ки мо дар борааш ҳарф мезанем, зодаи деҳаи Ҷонварсӯз асту хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии кишвар. Ӯ пайваста машқу тамрин мекунад. Мекӯшад, то ба қуллаҳои баланди варзиш дар риштаи гӯштинг ноил гардад.
Дар овони хурдсолӣ аз гирумони Амриддин ба чашм мерасид, ки ояндаи хуб дорад. Он замон ӯ миёни ҳамсолонаш доимо дастболо мешуд. Аз нобарориҳо дилмонда намешуд. Лаҳзае муносиб меёфт, мерафт назди устодони варзиш. Ҳамин иродаи қавии ӯ буд, ки аз толори варзишии мактаб роҳ ёфт ба мусобиқаҳои ноҳиявию пасон ҷумҳуриявӣ. Чун болои гилем ҳарифонро ба тахтапӯшт мехобонду дастболо мегашт, паҳлавони ҷонварсӯзӣ ном мебурдандаш. Берун аз ноҳия бошад, Амриддини файзободӣ.
Акнун ҷойи ӯ мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гардида буд, бахусус дар ҷашну маъракаҳои наврӯзӣ берун аз ноҳия низ рафта иштирок мекард. Аксаран ғолибият насиби Амриддин буд. Тамошобинон, бахусус ҳамдиёрону ҳамдеҳагон бо ифтихор «Амриддини мо» мегӯфтанд. Ғолибияту комёбиҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ӯро ба қатори беҳтарин гӯштингирони кишвар даровард.
Таҷлили ҷашни Наврӯзи соли 2015-ро дар майдони марказии ноҳия ҳазорон ҳазор мухлисон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ гирд- омада тамошо доштанд. Чунин чорабинии варзиширо қаблан дар ноҳия касе ёддошт намедиҳад. Ҳамин буд, ки паҳлавонони номии кишвар барои намоиши ҳунари худ давраороӣ мекарданд. Чор-панҷ ҷуфти паҳлавонон якбора гӯштингирӣ доштанд. Бори аввал барои паҳлавони ғолиб мукофоти асосӣ автомашинаи сабукрав муқаррар шуда буд.
Ҳозирин ҳунарнамоии Амриддинро интизорӣ мекашиданд. Паҳлавон худ низ баъди чанд навбати ғолибият дар майдон буду рақиби сазоворро интизор.
Чун назди ӯ паҳлавони номӣ аз шаҳри Ваҳдат дар гӯшаи гилем нишаст, майдонро қарсаку нидоҳои «офарин» печонд. На кам аз ним соат дастбагиребон шуданд онҳо. Маълум буд, ки ҳарду паҳлавон зӯру тавоноянд. Ниҳоят дар лаҳзаи муносиб Амриддин рақиби худро тавассути ҳалук ба тахтапӯшт хобонд. Майдонро садои хушҳолии мухлисон фаро гирифт. Амриддинро мухлисон рӯи даст майдонро давр мезанонданд.
Даҳҳо устодони ин намуди варзиш, ки он рӯз меҳмони файзободиҳо буданду аксарашон ба Амриддин ҳаққи устодӣ доштанд, офаринаш мехонданд.
Он рӯз калиди мошин дар даст Амриддин аз майдон сарбаландона баромаду сари мухлисони файзободияшро ба осмон расонд.
Дар зиндагии берун аз гилеми варзишӣ Амриддин Абдуллоев як ҷавони хоксору дидадарост, ҳамчун инсони заминӣ мешиносандаш. Ба хурду калон муомилаи нек дорад. Ҳамин аст, ки аҳли деҳа бо ифтихор номашро гирифтаву дӯсташ медоранд.
Дар хонадони акаи Асрор дигар фарзандонаш низ давраорои маъракҳоянд. Маҳз дилбастагии бародарон Амриддинро ба олами варзиш ҳидоят карда буд, ки имрӯз шуҳратёр гардидааст. Ва ҳунару истеъдодашро меомӯзонад ба шогирдон. Дар мактаби варзишии ноҳия ба як гурӯҳ пайваста машқ медиҳаду омодаи мусобиқаҳо мегардонад.
Чун дар бисёр мусобиқаҳои бонуфӯз ширкат кардаасту аз паҳлавонони ҷумҳурӣ усулҳои нав ба нави ин намуди варзишро омӯхтааст, мекӯшад шогирдон низ аз онҳо баҳравар бошанд, то ба қуллаҳои баланди варзишӣ ноил гарданд. Мо ҳам ба ӯ ва шогирдонаш дар ин ҷода барору комёбӣ мехоҳем.
Тилло Соҳибназар, хабарнигори «НФ».