Чт01022025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВАРЗИШ

БУНЁДИ МАЙДОНУ ТОЛОРҲОИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ҶАВОНОН

Рӯзи 1 феврали соли равон маҷлиси назоратии раиси ноҳия бо иштироки роҳбарону масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо баргузор шуд.

Муовини аввали Раиси ноҳия Акрамзода З.А. ҳозиринро ба масъалаҳои дар маҷлис муҳокимашаванда, ҳолати майдону толорҳои варзишӣ, рафти иҷрои дурнамои бунёди боғҳои нав ва корҳои ободонӣ дар ҷамоатҳои деҳоту шаҳраки ноҳия ошно сохт.

Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Умед Раҳимов вобаста ба ҳолати майдонҳо ва толорҳои варзишӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маълумоти муфассал дод.

-Бо мақсади иҷрои дастури раиси ноҳия   комиссия   дар ҳайати намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кумитаи заминсозӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот   ҳолати воқеии бунёду истифодабарии майдонҳо ва толорҳои варзиширо дар маҳал дида баромад. Маълум гардид, ки айни ҳол дар маҳаллаҳои ноҳия 21 майдони футбол, 10 майдони волейбол ва 12 толори варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дорад. Дар назди муассисаҳои таълимӣ бошад 40 майдони футбол, 47 майдони волейбол ва 20 толори варзишӣ мавҷуд аст. Барои сохтмони толорҳои варзишӣ бошад ба 19 нафар соҳибкорон иҷозат дода шудааст, ки аксари он сохта ва сохтмонаш идома дорад,-иброз намуд У. Раҳимов.

Мутаассуф то ҳанӯз дар ягон деҳаи ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи дашт, Мискинобод майдонҳои варзишӣ мавҷуд нест, ҳол он ки ниёзи ҷавонон хеле калон аст. Мушкилоти дигар дар он аст, ки аксари майдонҳои мавҷуда ҳуҷҷатгузорӣ нашудаанд, яъне сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро надоранд.

Аз ин хотир Акрамзода З.А. раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулонро дастур дод, ки дар муҳлати наздиктарин барои бунёди майдону толорҳои варзишӣ дар назди деҳаҳо чораандешӣ намуда, ҳуҷҷатгузории онро дуруст намоянд.

Сипас рафти иҷрои нақшаи бунёди боғҳои нав ва омодагӣ ба кишти картошка, захираи тухмии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор гирифт.

«НФ»