Чт01022025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВАРЗИШ

ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗӢ: 15 ФОИЗИ КОРҲО ИҶРО ШУДАНД

Ҷавонон давомдиҳандаи ҳадафҳои олии кишваранд. Зеро маҳз ҷавонон бо ҳунару  маҳорат ва паҳлавонии худ метавононад миллату кишвари хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд. Ба ин хотир барои омода намудани  ҷавонпаҳлавонон ба мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ пеш аз ҳама шароити мусоид ва толорҳои муҷаҳҳази варзишӣ лозим аст.
Ба ин мақсад тибқи супориши  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳия соли 2011 сохтмону азнавбарқарорсозии варзишгоҳи марказии ноҳия ба нақша гирифта шуд. Хушбахтона, дар соли сипаришудаи 2015 корҳои сохтмонии иншооти мазкур оғоз гардид. Он тибқи нақшаи пешбинишуда аз майдони футбол барои 4 ҳазор ҷойи нишаст, ду толори варзишии пӯшида, яке дорои 1600 ҷойи нишаст барои гузаронидани  мусобиқаҳои гӯштин, дуюмӣ дорои 250 ҷойи нишаст барои гузаронидани мусобиқаҳо аз рӯйи варзиши сабук ва бинои дуошёна иборат аз утоқҳои корӣ, толорҳои хурди варзишӣ ошхона ва меҳмонхона барои 40 нафар  бунёд хоҳад шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои дуошёнаи зикршуда аз маблағҳои Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки аз тарафи пудратчӣ ҶДДМ “Монолит-2011” корҳои сохтмонӣ дар ҳаҷми 1 миллиону 954 ҳазор сомонӣ  ба иҷро расид.
Варзишгоҳи марказии ноҳия дар даврони шӯравӣ соли 1976 дар масоҳати 2,10 гектар  бунёд гардида, соли 1989 аз нав барқарор шуда буд. Зиёни даргириҳои солҳои навадуми асри гузашта ба иншооти мазкур ҳам расид. Аксари таҷҳизоти варзишгоҳ дар он солҳо рабудаву корношоям гаштанд.
Мебинем, ки имрӯз бо  ғамхорӣ ва дастгирии Сарвари  давлат ҷавонони диёрамон  соҳиби чунин варзишгоҳи ҷавобгӯ ба талаботи байналмиллалӣ мегарданд.
 Маврид ба зикр аст, ки арзиши умумии иншооти мазкур 13 миллион сомонӣ буда, алъон 15 фоизи маблағҳо мақсаднок истифода шудаанд.

Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори “НФ”.