ВАРЗИШ
ҒОЛИБОНИ МАЙДОН АЗ ФАЙЗОБОД
- Подробности
- Опубликовано 11.01.2016 08:23
Чанде пеш дар толори гӯштини миллии “Устопирён”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни собиқадорони ин намуди варзиш доир гардид, ки дар он 80 нафар варзишгарон аз вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Дар мусобиқа 3 нафар мураббиёни мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ноҳияи мо- чемпиони ҷаҳон миёни собиқадорон Маҳмадалӣ Мирзоев дар вазни 60кг, Неъматулло Икромов, вазни 80кг ва Саидбек Ганҷов дар вазни зиёда аз 100кг ширкат варзида бо маҳорати хеш соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд. Эшон чун собиқадорони ин намуди варзиш обрӯву нуфӯзи диёрамонро дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ борҳо баланд бардоштаанд. Ғолибон ҳамчун мураббиёни ин намуди варзиш дар тарбияи варзишгарони наврас низ саҳми калон доранд. Шогирдони онҳо низ чун устодонашон нозукиҳои гӯштинро хуб аз бар карда доим ба он мекӯшанд то ғолиби майдон бошанд.Аз ин лиҳоз ҷавонони ба ин риштаи варзиш машғул буда дар ноҳия хеле зиёданд.
С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.