Чт01022025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВАРЗИШ

«ҶАВОНОН» ДАР ҶОЙИ АВВАЛ

«ҶАВОНОН» ДАР ҶОЙИ АВВАЛДар арафаи таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ ба хотири гиромидошти собиқадори меҳнат шодравон Хушмаҳмад Саидов дар деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Бӯстон мусобиқаи футбол баргузор гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 30 даста аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Мусобиқа дар се давр баргузор гашта, то охири моҳи гузашта давом кард. Дар ин сабқат ҷойи аввалро тими деҳаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Ҷавонон соҳиб гардида, шоҳҷоиза автомашинаи «ВАЗ-2106», ҷом ва маблағи 1000 сомонро ба даст овард. Зинаи дуюмро дастаи деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Бӯстон ва мақоми сеюмро бошад, ҷавонони деҳаи Арзановаи ҷамоати деҳоти Ҷавонон бо мукофотҳои пулӣ ва ҷоми мусобиқа ишғол намуданд. Ҳамчунин аз ҳисоби муассисони мусобиқа ва соҳибкорони ҷамоати деҳоти Бӯстон ба беҳтарин дарвозабон, ҳамлагар, ҳимоятгар ва баҳтарин голзан туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


С. ЮНУСОВ,  хабарнигори «НФ».