ВАРЗИШ
ВАРЗИШГОҲИ ФАЙЗОБОД ТУҲФА БА ҶАВОНОНИ ДИЁР
- Подробности
- Опубликовано 12.09.2017 11:06
Имрӯзҳо дар ҳама ҷо, вақте ки сухан аз таҷлилу баргузории 26-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар меравад, аввалтар аз ҳама пеши назар дигаргуниҳои бунёдӣ, ободкориҳои чашмгир ҷилвагар мешавад. Чаро ки ҳамаи ин дигаргунию ободкориҳо, рушду пешрафтҳоро мо дар симои ноҳияи худамон бараъло мушоҳида мекунем. Таври ба ҳама маълум симои имрӯзаи ноҳияи Файзобод аз 26 сол муқаддам ба куллӣ дигаргун гаштааст. Ҳамаи ин аз шарофати Ваҳдати миллию Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадааст. Бунёди роҳҳои мошингузар дар сатҳу сифати пешрафтаву замонавӣ, сохтмони корхонаву муассисаҳо ва мағозаву дӯконҳои гуногун дар ду тарафи шоҳроҳи марказии ноҳия, бунёди муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, дар сатҳи баланду олӣ бунёд гардидани толору майдончаҳои варзишӣ, корхонаву коргоҳҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ эътиқоду боварии мардумро ба фардои аз ин ҳам дурахшон бештару зиёдтар менамояд.
Бахусус дар арафаи ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз як хурсандии дигаре мардуми шарифи ноҳияи моро интизор аст. Дар арафаи ин ҷашни пуршукӯҳ ба истифода додани варзишгоҳи марказӣ ва замонавие, ки дорои ҳама гуна утоқу толорҳои тамринӣ аст ва ҷавонони саодатманди ноҳия солҳои сол орзуи онро доштанд, ба амал мепайвандад. Варзишгоҳи нав дорои наздик ба 4000 ҷойи нишаст буда, бо навтарин асбобу таҷҳизотҳои варзишӣ таъмин аст. Дар кори сохтмону ба анҷом расидани корҳои омодагӣ дар бунёди ин сохтмони азим корхонаву муассисаҳои зиёди хурду бузурги кишварамон саҳм дошта, интизор меравад, ки навбати аввали он то ҷашни 26-солагии Истиқлолият анҷом ёфта ба истифода дода мешавад. Бинои мудаввари зебо ва замонавии атрофи варзишгоҳ ба ҳусни шаҳрсозии ноҳияамон ҳусни тоза зам мекунад. Дар утоқу толорҳои зиёду гуногуни ин бинои муҳташам ҷавонони ноҳияамон имкон доранд, ки қариб дар ҳамаи риштаҳои варзиш тамрин намоянд. Воқеан ба истифода дода шудани варзишгоҳи нав туҳфаи арзандаест ба мардуми шарифи ноҳияи Файзобод дар арафаи ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонон.
Б. ҲИКМАТУЛЛО.