ТИБ
АЗ БЕМОРИИ СУРХЧА КӮДАКОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД
- Подробности
- Опубликовано 25.02.2017 12:51
Бемории сурхча шадиди сироятӣ буда, ба он ҳароратбаландии шадид, илтиҳоби роҳҳои нафас, сулфа, сурхшавӣ ва ашкрезӣ аз чашмон ва пайдоиши доначаҳои сурх хос аст.
Пайдоиши доначаҳои сурх хосияти пай дар пайӣ доранд. Мисол, дар рӯзи якум ин доначаҳо дар паси гӯшҳо, рӯй ва гардан пайдо мешаванд, рӯзи дуюм ин доначаҳо дар қисми болои қафаси сина ва дастҳо мебароянд, рӯзҳои сеюм бошад, пайдошавии доначаҳо то ба қисми поении бадан, яъне пойҳо мегузарад.
Барангезандаи бемории сурхча вирус мебошад, ки бо воситаи ҳаво аз шахси бемор ба шахсони осебпазир, ки дар вақташ мувофиқи тақвими миллӣ бар зидди ин беморӣ иммунизатсия нашудаанд, мегузарад.
Бояд қайд намуд, ки вируси бемории сурхча хосияти ниҳоят баланди сироятнокӣ ё гузариши тез дорад. Як шахси сироятёфта дар давоми рӯзҳои ҳароратбаландӣ то пайдо шудани доначаҳои сурх, метавонад то 90 100 нафарро ба ин беморӣ гирифтор кунад. Вируси сурхча хосияти мавсимӣ дошта, асосан дар фаслҳои зимистон ва баҳор дар муҳит хеле устувор аст.
Давраи хатарнок ва сирояткунии атрофиён ин 4 рӯз пеш аз баромадани доначаҳои сурх ва 4 рӯз баъд аз баромадани доначаҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки дар ин давра сари вақт беморро бояд аз дигарон ҷудо намоянд ва шароити муносибро ба бемор муҳайё кунанд. Давраи ниҳоии бемории сурхча аз 7 то 18 рӯзро дар бар мегирад.
Бемории сурхчаро танҳо ба тариқи гузаронидани таҳлили озмоишгоҳӣ тасдиқ кардан мумкин аст.
Ягона роҳи пешгирии бемории сурхча – ин иммунизатсия ба воситаи гузаронидани ваксина бар зидди ин беморӣ мебошад. Ваксинае, ки дар ҶТ истифода бурда мешавад, ин ваксинаи комплексӣ буда, бар зидди ҳам бемории сурхча ва ҳам бемории гулафшон равона карда шудааст.
Дар ҷумҳурӣ мувофиқи тақвими миллӣ иммунизатсия бар зидди бемории сурхча 2 маротиба гузаронида мешавад, вояи якум дар сини яксолагии кӯдакон ва вояи дуюм такроран дар сини 6-солагӣ.
Иммунизатсия бар зидди бемории сурхча ба тариқи тазриқӣ, яъне ба воситаи сӯзандору таги пӯст гузаронида мешавад.
Барои пайдо шудани масъунияти пурра бар зидди ин беморӣ, кӯдакон ҳатман бояд ду вояи ваксинаро қабул кунанд.
Асосан бемории сурхча бо оризаҳои худ хеле хатарнок мебошад, ки ин пеш аз ҳама илтиҳоби шуш (пневмония), илтиҳоби гӯш (отит), шикамравии шадид, таассуроти ҷиддӣ ба хун мерасонад (тромбоцитопиения – пастшавии миқдори тромбоситҳо, ки хатари хунравиро зиёд мекунад), инчунин варами мағзи сар (энсефалит) мебошанд.
Аз ин хотир ба тамоми падарону модарон расониданием, ки дар сари вақт гузаронидани иммунизатсияи кӯдакони худ фаъол бошанд.
Бахтибек Ҷалилов,
директори маркази иммунопрофилактикаи ноҳия