ТИБ
ДУРУСТИИ САНИТАРӢ-АСОСИ ТАНДУРУСТӢ
- Подробности
- Опубликовано 14.11.2016 13:02
Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии ноҳияро кафили сиҳатии сокинони ноҳия ном барем, хато намешавад. Ин хадамот қисми таркибии муассисаҳои тандурустии мавҷуда буда, самти фаъолияташ ба беҳбудии саломатии инсон равона мебошад.
Суҳбати мо бо сардухтури муассиса, мутахассиси соҳа Тағоева Шаҳло аз ҳамин хусус ин тавр ҷараён гирифт:
- Маркази шумо бо чӣ қадар шумораи кормандон ба кори хеле масъулиятталаби санитарию эпидемиологӣ машғул аст?
- Ҷамъи кормандон 31 нафар аст. Аз ин 25 кас бо маълумоти олию миёнаи тиббӣ-санитарӣ ва биологӣ пайи вазифаҳои ба уҳдадоштаашон равонанд. Нақшаи кории мо ҳамарӯза амал мекунад. Мо бояд ҳеҷ гоҳ аз назорати санитарӣ дар канор набошем, ҳатто ҳини ба кор омадану аз кор рафтан, яъне раҳ ба раҳ ҷиҳатҳои санитариро назорат кунем.
-Бисёр хуб. Акнун мегуфтед, ки ҳолати кори мағозаҳои хӯрокворӣ, ошхона, ва, умуман нуқтаҳои ба обу ғизо вобаста чӣ ранг таҳти назорати шумо қарор дорад?
- Ҷое, ки ғизоӣ ҳаст, ҳатман, тозагии санитарӣ бояд бошад. Аз ин хусус метавонам мисол биёрам: дар нуҳ моҳ 179 санҷиш гузаронда, ба 54 кас ҷарима бастем. Аслан мо ҷиҳатҳои санитариро мебинем. Дигар ин ки маҳсулоти пастсифатро ошкор карда, аз фурӯш мебарорем. Имсол беш аз 200 кило қанду қандалот, кулчақанду торт, қаймоқу маҳсулоти шириро, ки муҳлати истеъмолашон гузашта буд, аз фурӯш гирифтем.
Дар бобати кори фурӯшгоҳҳо ҳаминро бояд гӯям, ки соҳибони онҳо қариб ба пуррагӣ маданияти савдоро риоя намекунанд. Чунки, охир, саводи ин соҳаро надоранд. Ҳамаи камбудиҳое, ки мо ошкор мекунем, бо ҳамин сабаб аст. Як чизи оддӣ: мо, ки санҷиш рафтем, хилъати корӣ ба бар мекунанд, аз назди онҳо дур шудем, аз тан мекашанд, гӯё ин либос савдояшонро мехӯрда бошад. Мо инро бемаданиятӣ меҳисобем. Албатта, 200 кило қаноаткунанда нест. Лекин мо натиҷаашро пайгирӣ мекунем, яъне сахт, ки гирифтем, ҳамон камбудӣ такрор намешавад.
-Дар самти пешгирии касалиҳои сироятӣ чӣ тадбирҳо доред?
- Яке аз сарчашмаҳои пайдоиши касалиҳои сироятӣ манбаъҳои об мебошад. Барои ҳамин аз ҷиҳати санитарӣ тоза будани обро дар мадди назар нигоҳ медорем. Дар ин бобат бо кумитаҳои маҳалла хуб кор мекунем. Дигар ин ки Ассосиатсияи таъминкунандагони об вуҷуд дорад. Ҳамкории мо бо онҳо низ ҳаст. Мо талаб мекунем, ки қубурҳои обгузарро дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ дошта, манбаъҳои обҳои равон хлорнок бошанд. Чаро нагӯем, ки ин талаботи мо бештар вақт ноиҷро мемонад. Сабабаш - норасоии маблағ. Ассосиатсияҳои ташкилшуда бояд бо обистифодабарандагон хуб кор бигиранд, яъне маблағ ҷамъ кунанд ва бо ин восита солимии аҳолиро нигоҳ доранд. Мо аз Ассосиатсияи дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод амалкунанда сахт розием.
-Мебахшед. Шумо, яъне маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, наметавонад барои таъмини гипохлорид пул ҷудо кунад?
-Ин чиз аслан ба зимаи мо нест. Мо мақомоти назоратием, на таъминотӣ. Як кило гипохлориди калтсий 1 сомонию 26 дирам аст. Масъулияти вазифавӣ водор кард, ки аз роҳбарияти болоӣ ёрӣ пурсем. Хадамоти давлатии санитарӣ-эпидемиологии ҷумҳурӣ 500 кило гипохлориди калтсий ҷудо намуд, ин, албатта, басанда набуда, 25-30 фоизи заруратро таъмин мекунад.
Бояд бигӯем, ки таъминоти оби нӯшокӣ чанд соли охир дар ноҳия беҳтар шудааст. Бояд аҳолӣ ғами саломатии худро хӯрда, андак-андак барои безарар гардондани манбаъҳои об, таъмири қубуру хатҳои обтаъминкун пул ҷамъ кунад.
-«Ҳафтчашма», ки имрӯз аҳолии марказ ва деҳаҳои Дубеда аз оби он нӯши ҷон мекунанд, асосан бо маблағи Хазинаи Оғохон бунёд гардид. Метавонед, аз ҳолати имрӯзаи ин хатти об чанд сухан гӯед?
- Мақсадатонро фаҳмидам. Нашрияи «Набзи Файзобод» баъди як-ду ҳафтаи таҳқиқотдар бораи мушкилоти «Ҳафтчашма» мақолаи калоне чоп кард. Мо ҳам вокуниш дода будем… Сад фоиз тарафдор ҳастем.
Ҳоло бояд ҳаминро гӯям, ки эроди журналистон дар бораи то ҳанӯз дар ихтиёри ноҳия набудани сатҳи сарчашмаи «Ҳафтчашма» ҳалли худро наёфтааст. Саргаҳи «Ҳафтчашма» замини васеъ буда, баҳору тобистон инҷо гову мол гаштугузор мекунанд. Хайрият, ки корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзили коммуналӣ» оби «Ҳафтчашма»-ро дар обанбор безарар мегардонад. Вагарна ҳодисаҳои нохуш пеши чашми мо аён мешуданд.
- Шаҳлобону, биёед аз тайёрии мактабҳо ба зимистон огоҳӣ ёбем.
- Тибқи нақша корманди мо Алимардон Нозимов, ёрдамчии духтури гигиенаи кӯдакон, давоми чанд ҳафта ҳолати тайёрии таълимгоҳҳоро ба зимистон дида баромад. Маълум, ки зимистони Файзобод нисбати дигар ноҳияҳои дуру наздик, сахт аст, сахтиаш ба шамоли сардаш вобаста. Чи хеле маро огоҳ кард, дар масъалаи тайёрӣ ягон мушкилӣ намешавад. Мактабҳо бо сӯзишворӣ пурра таъмин мегарданд. Сӯзишворӣ ба талаботи истифодабарандагон мувофиқ аст. Санҷишҳо тарафи дигари корро ошкор карданд. Аён гардид, ки омӯзгорон аз қайди саломатӣ нагузашта ба таълим машғуланд. Аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда ин гуна шахсонро ҷарима мебандем.
- Ду пурсиши дигар. Яке ин ки шумо ба фаъолияти бемористонҳо низ дастрасӣ доред… Ва оид ба ҳолати партовгоҳҳо.
- Ба саволи аввалатон ҷавоб ҳамин ки тибқи нақша ҳар сол ду дафъа ҳолати санитарии муассисаҳои тандурустиро месанҷем. Аз хусуси санҷиши якдафъаина 29 нафарро ба маблағи 3800 сомонӣ ҷарима бастем.
Дар бораи пардовгоҳҳо ҳаминро бояд гӯям, ки аксари онҳо ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд, хоҳ куҳнаву хоҳ навашон. Дар бораи сари вақт тоза накардани партовгоҳҳо ба мо шикоятҳо ворид мешаванд. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзили коммуналӣ» камбудии ҷиддиро бояд ислоҳ кунад.
- Шаҳлобону, дурустии кори санитарӣ боиси тандурустии одам аст. Биёед, ба ин кор дурусттар машғул шавем.
-Дуруст гуфтед.
Суҳбаторо Ҷӯрабек МУЪМИН