ТИБ
НАЗОРАТРО ПУРЗӮР МЕБОЯД
- Подробности
- Опубликовано 01.06.2016 10:07
Таҳти назорати маркази давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия 592 иншоотҳои самтҳои фаъолияташон гуногун қарор доранд. Тайи чор моҳи соли равон аз тарафи кормандони мо 158 маротиба санҷишҳои санитарию гигиенӣ дар иншоотҳои номбурда гузаронида шудааст. Тибқи санҷишҳои мазкур 25 супориши санитарӣ, 44 протокол, 44 қарор оиди бастани ҷарима тартиб дода, барои чораҷӯӣ равон гардидааст. Маблағи умумии ҷаримаҳо 5140 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин ба 66 нафар соҳибкорон ба маблағи 7920 сомонӣ хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ барои фаъолияти мағозаҳо, дорухонаҳо, ошхонаҳо ва дигар масъулон дода шудааст. Кормандони мо дар ин муддат 30кг маҳсулотҳои хӯроквории муҳлати истифодабариашон гузаштаро боз доштанд, ки 317 сомониро ташкил дод. Боиси қайд аст, ки бо вуҷуди чораҷӯиҳо аз ҷониби кормандони марказ нисбати баъзе соҳибкорон онҳо хулосаи зарурӣ намебароранд ва ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ»-ро аз соли 2003 таҳти рақами 49 риоя намекунанд. Аз ҷумла онҳо аз муоинаи ҳатмии тиббӣ сари вақт нагузашта ба ҳолати санитарию гигиении иншооти дар ихтиёрдошта чандон аҳамияти дуруст намедиҳанд. Аксаран бо либосҳои махсуси корӣ таъмин набуда, гигиенаи шахсиро риоя намекунанд, ба тарзи дуруст нигоҳдорӣ ва ҷобаҷогузории маводҳои хӯрокворӣ аҳамият намедиҳанд. Дар баъзе ҳолатҳо маводҳои хӯроквории мӯҳлати истифодабариашон гузаштаро ба фурӯш мебароранд.
Аз ин хотир кормандони маркази мо ба он мекӯшанд, ки камбудиҳои ҷойдошта сари вақт ислоҳ гардида, вазъи санитарию беҳдоштӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дошта бошад. Иҷрои ин мақсад тақозо менамояд, ки дар ин самт назоратро пурзӯр намоем.
Шаҳло ТАҒОЕВА, директори МНДСЭ.