ТИБ
КОРОНАВИРУС ВАБОИ ГЛОБАЛӢ
- Подробности
- Опубликовано 12.02.2020 10:21
Коронавирусҳо яке аз барангезандаҳои бемории шадиди роҳи нафас буда, бо заҳролудшавии бадан ва мушкилоти системаи нафаскашӣ ва ҳозима ҷараён мегирад. Коронавирусҳо аввалин бор дар солҳои 60-уми асри гузашта кашф гардида, то имрӯз зиёда аз 40 намуди онҳо муайян гардидаанд, ки онҳо асосан ба инсон, гурба, парандаҳо, сагҳо, ҳайвоноти калони шохдор ва хук таъсир мерасонад. Коронавирус ном гирифтани он аз ин ҷиҳат аст, ки дар зери микроскоп вирус дар шакли офтоб ва нурҳои он намудор мегардад ва шакли тоҷро дорад.
Коронавирус бо роҳҳои ҳавогию қатрагӣ, ҳангоми атса ва сулфазании шахси бемор муҳити атроф паҳн мегардад.
Аввалин нишонаҳои беморӣ аз ҳарорати баланди бадан, дарди сар, рафтани оби бинӣ, дарди гулӯ, дард дар қафаси сина, сулфа дар баъзан ҳолатҳо дарди меъдаю дарунравӣ иборат мебошад.
Одатан давраи шадиди беморӣ аз 5 то 7 рӯз ҷараён ёфта, дар сурати сари вақт ба духтурон муроҷиат накардан дар шахси сироятёфта метавонад ин оризиҳо илтиҳоби парда ва ғадудҳои зери гӯш (отит), синусит, илтиҳоби роҳҳои нафас, илтиҳоби шушҳо, илтиҳоби ғайримуқаррарии шушҳо (атипичная пневмания), менингоэнсефалит ва илтиҳоби мушакҳои дил (миокардит) пайдо шавад.
То имрӯз дар тамоми ҷаҳон ваксина бар зидди коронавирусҳо вуҷуд надорад.
Риояи беҳдошти шахсӣ, тез-тез шустани дастҳо тавассути собун ва маводҳои безараргардонандаи шадид, худдорӣ намудан аз чорабиниҳои дастаҷамъона, (хусусан дар минтақаҳое, ки хуруҷи ин беморӣ мушоҳида гардидааст) сайёҳат ба минтақаҳое, ки дар он ҷо хуруҷи бемориҳои сироятии зудпаҳншаванда ба қайд гирифта шудаанд, истифодаи ниқоб, баланд бардоштани масунияти бадан аз роҳҳои пешгирии сироятшавӣ ба бемории мазкур маҳсуб меёбанд.
А. Х. САИДОВ, директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия.