Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ТИБ

МАРКАЗҲОИ НАВИ САЛОМАТӢ

Дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба дараҷаи шинохтанашаванда рушд кардан, барои зиндагии шоистаи сокинони ноҳия, махсусан барои беҳдошти сиҳатии омма дар ноҳияи мо аҳамияти асосӣ дода шуда, корҳо зиёде дар ин самт ба анҷом расонида шудааст. Дар ин росто амалишавии лоиҳаву нақшаҳои зиёде ҳамаррӯза дар ҳоли идома доштан аст.

Инак, ба анҷом расонидан ва ба истифода додани ду маркази саломатии тиббӣ дар деҳаи Муллотуғмаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ва дар деҳаи Орифони Ҷамоати деҳоти Мискинобод шаҳодати ин гуфтаҳост. Чуноне ки дар суҳбат бо мо сардухтур – менеҷери Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ Музаффар Мирзоев иттилоъ дод, ин ҳарду маркази номбурда аз ҳисоби лоиҳаи беҳтаркунии тиббии назди бонки умумиҷаҳонӣ буда, он бо тамоми асбоб ва таҷҳизотҳои навтарин ва ҳозиразамони тиббӣ таъмин карда шудааст. Ҳамчунин дар таъмини амният ва беҳдошти саломатии сокинони ноҳияамон нақши лоиҳаи мазкур ниҳоят калон аст. зеро бо шаҳодати сардори КАТС Музаффар Мирзоев то имрӯз бо дастгирии бонки умумиҷаҳонӣ ва лоиҳаи мазкур дар ноҳия 15 маркази саломатии деҳотӣ ва 27 бунгоҳҳои тиббии дар деҳотбуда бо тамоми асбобу таҷҳизоти навтарину ҳозиразамон, инчунин бо ду мошини «Ёрии таъҷилӣ» таъмин карда шудаанд. Ғайр аз ин дар кори ба анҷом расонидан ва ба истифода додани корҳои сохтмонии ин марказҳои саломатии тиббӣ ёрию дастгирии сокинони маҳаллӣ, махсусан дар қисмати ободонии атрофи ин марказҳо ва дастгирию ёрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои деҳот хело назаррас аст. Ҳамаи ин ва дигар корҳои дар арафаи анҷомёбибуда гувоҳи онанд, ки масъалаи беҳдошт ва ҳифзи сиҳатии омма ҳамавақт дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва роҳбарияти ноҳияву ҷамоатҳои деҳот ва масъулини соҳаи тиб мебошад.

Ҳукматуллои БУЗУРГ.