Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ТИБ

КӮДАКОНРО АЗ БЕМОРИИ ҚАНД МУҲОФИЗАТ НАМОЕД!

Фарзанд меваи ширини падару модар аст. Беҳуда писарбачаро шоҳзода, духтарчаро малика намегӯянд. Барои рӯзҳои хушро дидани онҳо падару модаронро лозим меояд, ки барои аз овони кӯдакӣ солим инкишоф ёфтани ҷигарбандонашон кӯшиш намоянд. Яке аз бемориҳои хавфноке, ки эҳтимолияти гирифтор шудан ба он миёни кӯдакон зиёд аст, ин бемории қанд мебошад.

Дар байни кӯдакон бештар дараҷаи якуми бемории диабети қанд, яъне эҳтиёҷ доштанашон ба оби ғадуди зери меъда - инсулин ба назар мерасад. Ба ин беморӣ кӯдакони дар вақти таваллуд шудан вазнашон аз 4,5 кг бештар ба фарбеҳшавӣ бо халалёбии эндокринӣ моил, инчунин кӯдакони дар муҳити дугоникҳои аз яктухма таваллудшудаи якеашон гирифтори бемории қанд зиндагидошта гирифтор мешаванд. Як сабаби дигари ба бемории қанд гирифтор шудани кӯдакон гирифтани гени беморӣ аз яке волидони дучори ҳамин беморӣ шуда метавонад. Агар дар хонавода падар ба дараҷаи якуми бемории қанд гирифтор бошад, дар писарбача ва ё духтарбача хавфи ба ин беморӣ дучор шудан 5-10 дар сад мешавад. Модар дучори беморӣ бошад, хавфи сирояти бемории қанд ба кӯдакон 2 баробар кам мегардад. Агар дар хонавода ду нафар кӯдак ба бемории қанд гирифтор бошад, пас хавфи ба кӯдакони сеюм ҳам сироят намудани беморӣ аз 10 дарсад зиёд мешавад. Падар ва модар, ҳарду дучори дараҷаи 2- юми бемории қанд бошанд, хавфи дар кудакон инкишоф ёфтан 65-70 дарсад мешавад. Вале ин хавф пас аз 40 - солагӣ тақвият меёбад. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои зиёди тиббӣ аниқ шудааст, ки ба бемории қанд ҳамчунин кӯдакони хурдсоли ба истеъмоли ширинии зиёд одатшуда майл дорад.

Боз ёдовар шудан даркор аст, ки кӯдакро аз шири сина барвақт ҷудо намудан ба системаҳои эндокринии тифл зарари калон мерасонад. Мувофиқи ақидаи олимон ба кӯдакони синнашон ба 2-солагӣ нарасида шири гов диҳанд, ҳамин шир барои дар кӯдак инкишоф ёфтани бемории дараҷаи якуми қанд сабаб мешавад. Барои ҳамин модаронро зарур аст, ки кӯдаконашонро камаш то 2-солагӣ бо шири сина парвариш намоянд. Фаромӯш набояд кард, ки дар асоси бемории диабети дараҷаи 1 қанд нуқсони системаи масуният (иммунитет, яъне дар ғадуди зери меъда пайдо шудани антителлаи махсус, ки кори эндокриниро халалдор менамояд, тавре аз мушоҳидаҳо аниқ гардид, барои дар бадан корро оғоз намудани раванди аутоиммунӣ вирусҳои болоии бемориҳои зуком, варами ғадуди паси гӯш, истисхо, сурхча, зардпарвин (гепатити А) ёрии калон мерасонад. Ҳамин вирусҳо вориди ҳуҷайраҳои истеҳсолсози оби ғадуди зери меъда - инсулин шуда, бемории қанд ба инкишофёбӣ шурӯъ менамояд. Масалан, дар кӯдак қоқшавии даҳон, ташнагӣ, обнушии зиёд, пешобронии тез - тез, ҳисси гуруснагӣ, сустии мушакҳо, харобшавӣ, бемадорӣ, банд гардидани иштиҳо, дилбеҳузурӣ барин ҳолатҳоро эҳсос созед, фавран ба духтури эндокринолог муроҷиат намоед.

Барои ба бемориҳои гуногун гирифтор нашудани кӯдакон онҳоро обу тоб диҳед, кӯшиш кунед, ки ширинии барзиёд истеъмол нанамоед.

Наргис САИДОВА, духтури эндокринологи МСНФ.