ТИБ
СУРХЧА ВА ПЕШГИРИИ ОН
- Подробности
- Опубликовано 16.04.2019 15:51
Сурхча ҳамчун бемории шадиди сироятии ҳавогӣ - қатрагӣ дар байни мардуми кураи замин маълум мебошад. Барангезандаи он вируси аз полонакҳои ҳассос гузаранда буда, дар полонакҳои биологӣ низ хосияти гузарандагиро доро мебошад. Бо ҳамин сабаб аз модари сироятёфта ба ҷанин мегузарад. Соли 1954 аз тарафи мутафаккирони бузурги тандурустӣ Ендерс ва Пиблес кашф карда шудааст.
Ин бемори танҳо барои одамон хос аст. Манбаи асосии паҳнкунандаи бемори низ инҳо ба ҳисоб мераванд. Бештар кӯдакони аз синну соли семоҳа боло бемор мешаванд. То синну соли семоҳа нисбати ин беморӣ модар маводҳои иммуни муҳофизатро таъмин мекунад. Ангезанда ба таъсири омилдои табиӣ тобовар набуда, дар мудити атроф тез нобуд мешавад. Дар мудити хона 3- 4 соат зинда мемонад.
Аломатҳои асосии ин бемори баъди давраи ниҳонӣ, аз 9-то 17 рӯз давом мекунад, лекин иммунитети пассивӣ дошта бошад, то 28 рӯз давом ёфта баъд давра ба давра мегузарад. Сироятнокӣ бештар ба давраи газаки сатҳи даҳон ва гулу рост омада, баъди 4 рӯзи пайдоиши гул сироятнокӣ паст мешавад. Агар сабаби пайдоиши оқибатҳо, ба монанди газаки шуш, гардад, ин давра то 10-12 рӯз давом мекунад. Ангезанда дар оби даҳон, луоби ҳалқу бинӣ дида мешавад ва дар ҳолати сулфаю атса задан ба муҳити атроф дохил мегардад. Ҳавои сироятнокшуда сабаби сироятёбии шахсони солим мегардад. Баъди гузаронидани беморӣ иммунитети якумра пайдо мешавад.
Беморӣ аз заҳролудшавии умумии бадан сар зада, баъдан ба таспи баланд ва газаки пардаҳои луобии сатҳи даҳон, гулу, ҳалқум ва бинӣ мегузарад. Беҳолию бемадорӣ, бехобӣ, дарди сар ва ғайра дида мешавад. Дар кӯдакон бошад асабоният, инҷиқӣ, тарс аз рӯшноӣ, сулфа, хориш дар гулу, маҳкам шудани сатҳи бинӣ, тағйирот дар сифати овоз дида мешавад. Дар рухсораҳои бемор аз қисми дохилӣ доғ пайдо мешавад, ки доғи "Филатова -Коплика" номгузорӣ шудаанд. Баъди 3 рӯзи давраи гулбарорӣ ин доғҳо нест мешаванд. Гул дар рӯзи якум дар паси гӯшҳо, рӯй ва гардан мебарояд. Дар рӯзи дуюм дар пусти шикам, рӯзи сеюм дар почаҳо пайдо мешавад. Аз рӯзи чорум гул пушт дода, тасп паст мешавад ва аломатҳои беморӣ низ нест мешаванд.
Мақсади асосӣ дар мубориза бар зидди ин беморӣ, пеш аз ҳама саривақт дарёфт кардани бемор, ҷудо кардани он аз кӯдакони синни 8-солаи солим ба муҳлати 21 рӯз, барои дигарон 17 рӯз, гузаронидани гаммаглобулин дар байни алоқамандон аст. Хуб аз ҳама таъмини эмгузаронии нақшавӣ мебошад. Маҳдудгардонии манбаъҳо аз оқибатдои нохуши он, эмин гардондани кӯдакон аз дигар синну солҳо мебошад. Табобати беморон иборат аз таъмини хуби ҳолати гигиении ҳуҷраи хоби бемор, ҳавои тоза, нӯшокидои бой аз витаминҳо, ингалятсия, маводҳои зидди сулфа, хӯроки серғизо, нигоҳубини босифат ва қатъ гардондани алоқаи бемор бо дигар беморон аст. Ҳуҷраи бемор бояд торик бошад. Барои муҳофизати бемор аз оқибатҳои пайдошаванда, табобат бо ёрии антибиотикҳост.
Дар ҳолати сари вақт таъмин кардани чораҳои табобатию профилактикӣ нишондоди муриш паст шуда, беморон табобат меёбанд.
А.Г. ЗАРДОВ, духтури эпидемиологи дараҷаи олӣ.