ИНТИХОБОТ - ИФОДАИ ИРОДАИ ХАЛҚ
- Подробности
- Опубликовано 18.02.2020 15:08
- Автор: Super User
Соли 2020 барои мардуми кишварамон чандин маъракаҳои сиёсии муҳим дар пеш истодааст, ки яке аз онҳо баргузории интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба шумор меравад. Муҳимияти ин масъала дар Паёми имсолаи Роҳбари давлатамон ба таври хеле муъҷазу мантиқӣ баён гардида, аҳамияту арзиши он аз чандин дидгоҳ баррасӣ гардид. Таърихи онро Пешвои миллат бевосита дар Паём таъкид намуданд, ки боз ҳам ҷиддияти комил доштани ин маъракаи муҳими сиёсиро нишон медиҳад: «Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин шуд». Президенти кишварамон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид карданд, ки «Интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва Ҷамоатҳо ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошад». Яъне дар ҳар як муҳлату давраи муайян бо интихоботи умумихалқӣ вакилони нав барои муҳлати нав интихоб мегарданд.
Дар ҳақиқат интихобот ин ифодаи иродаи халқи мост, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварамон самтҳои инкишофи иҷтимоиву иқтисодии ватани моро маълум намудаанд, ки он ҳама дар партави сиёсати демократии роҳбарияти олии кишвари мо ҷойгузин мешавад. Ҳама интихоботҳо дар ҷумҳурии мо бо ҳузури мушоҳидону нозирони зиёди байналхалқӣ ва намояндагони кишварҳои зиёди ҷаҳон барпо гардидаанд, ки шаффофу демократӣ гузаштани онро аз минбарҳои мухталиф изҳор ҳам кардаанд. Интихобот ҳеҷ гоҳе дар таърихи соҳибистиқлолии мо як маъракаи маҳдуда (ба истиснои солҳои 1990-1991) набуд ва мо тавонистем ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки интихоботҳо дар Тоҷикистон дар мутобиқат бо муқаррароту меъёрҳои демократии ҷаҳони муосир сурат мегиранд. Ин нуқтаро дар Паёми имсола низ Президенти кишварамон изҳор доштанд, ки «ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад».
Дурусту одилона ба роҳ гузоштани интихобот барои ҳар як кишвари ҷаҳон шарти аслии рушду инкишофу суботи он мебошад. Дар ин раванд чандин омилҳо вуҷуд доранд, ки сарфи назар кардани онҳо тирагии фазои сиёсиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ташкили тарзи нодурусти интихобот ва мавҷуд набудани фазои созандаву ҳамгироӣ боиси ихтилофу даргириҳо мешаванд, ки ин таҷрибаро як маротиба халқи тоҷик аз сар гузаронидааст. Интихобот ба бозии сиёсии манфиатҷӯёна табдил ёфта, муҷиби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гашта буд, ки ин рухдоди нангинро низ Роҳбари давлатамон махсус таъкид намуданд: «…ихтилофоти шадид дар ҷомеа аз интихоботи президентии соли 1991 оғоз шуд ва оқибат боиси сар задании ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.»
Дар кишвари демократӣ меҳвари аслӣ халқ аст ва дар такя ба марому ниёзҳои пешгузошташудаи ин халқ ҷараёни мунтазами пешрафту таҳаввулоти давлат ба роҳ гузошта мешавад. Ин раванду ҳолат дар таҷрибаи сиёсии давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ собит гардид. Халқ ба воситаи вакилони интихобкардаи худ орзуву мароми худро баён намуда, дар симои онҳо ашхоси боэътимодро мебинад. Яъне, ин мавқеъ ва меҳварро пеш аз ҳама Конститутсияи кишвари мо муайян менамояд, ки ин нуқта низ ба таври хеле сареҳу возеҳ дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат қайд гардид: «Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд.»
Дар назди қонун ва умуман нишондоди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санади олии қонунгузории кишварамон мебошад, ҳама баробарҳуқуқанд ва ҳеҷ гоҳ ба ягон ҳизбу гуруҳи сиёсӣ имкон дода намешавад, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро дар раванди интихобот поймол намояд. Таҳдиду фишор ва дигар омилҳои манфӣ ҳеҷ гоҳ аз манфиати як ҳизбу гуруҳ пуштибонӣ карда наметавонад. Роҳу усулҳои иҷборӣ аз ҷониби ягон ҳизбу гуруҳ дар интихоботҳои кишвари мо ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт ва оянда низ нахоҳад дошт. Ин нуқта низ дар Паём махсус зикр карда шуд: «Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд.»
Як падидаву мушоҳида мавриди таъкид аст, ки дар тамоми интихоботҳои баргузоргардида халқи шарифи тоҷик муносибати ҷиддиву пурмасъулияти худро зоҳир намудааст. Бо иштироки васеи шаҳрвандон баргузории тамоми интихоботҳо қонунӣ эътироф шудаанд. Ин пеш аз ҳама фазову муҳити созандаву ҳамдигарфаҳмии мост, ки он натиҷаи сиёсати ваҳдатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамин аст, ки дар Паёми имсола низ «масъулияти баланди шаҳрвандон» ва боз ҳам ташкили дурусти кори КМИР таъкид гардид.
Масъалаи интихоботи вакилони парлумонӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳалливу ҷамоатҳо аз ҷониби Сарвари давлат бо оҳанги хитобу даъвати махсус баррасӣ гардид, ки ин гувоҳи дар рӯҳи демокративу озод баргузор гардидани ин маъракаи муҳимро собит менамояд. Даъвати Роҳбари давлат бештар ба онҳое нигаронида шуда буд, ки дар ин маъракаи муҳим чун ашхоси масъул вазифаҳои муҳимро ба дӯш мегиранд. Ба гумони мо ин даъват пуштибонӣ аз озодии интихоботи мазкур мебошад: «Таъкид менамоям, ки дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд.»
Парлумон ва умуман маҷлисҳои маҳалливу ҷамоатҳо доираҳое мебошанд, ки онҷо бояд ҳуқуқу манфиатҳои халқ дар мадди назар қарор дошта бошанд. Таҳияи қонунҳо ва ҳаллу фасли масъалаҳои мураккаби ҳуқуқӣ водор менамоянд, ки дар ин доираҳо ашхосе пазируфта шаванд, ки ҷахонбиниҳову донишҳои амиқ дошта бошанд. Махсусан парлумон бояд ҷамъияте бошад, ки болотару фарогиртар аз дигарон тору пуди масъалаҳои марбутаро сарфаҳм раванд. Дар онҷо бояд ашхосе чун вакил пазируфта шаванд, ки соҳибдонишу соҳибвиҷдон бошанд. Ин ҷиҳат низ дар Паёми имсола ба таври хеле ҷиддӣ аз ҷониби Президенти кишварамон ишора гашт: «Ба мақомоти намояндагӣ, аз ҷумла ба парламенти кишвар бояд шахсони донишманду соҳибмаърифат, ботаҷрибаву обрӯманд ва ватандӯсту поквиҷдон пешниҳод ва интихоб шаванд.»
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки як ҷузъу қисмати муҳими Паёми имсола интихоботи дар пешистода мебошад. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сиёсати сулҳпарваронаву ваҳдатсози худро бо баёни чанд нуқта дар мавриди интихоботи дар пешистода зоҳир намуданд. Манфиати халқи тоҷик дар ин чанд нуқта сароҳатан баён гардид. Ин аз ҳамаи мо шаҳрвандон ва ашхоси масъул тақозо менамояд, ки муносибати ҷиддии худро нисбат ба ин маъаракаи муҳими сиёсӣ зоҳир намоем. Зеро интихоботи одилонаву шаффоф ва пазируфтани фарзандони лоиқи миллат ба ҳайси вакилӣ дар парлумону маҷлисҳои маҳаллӣ, ин гарави пешрафти ҳамаҷонибаи ватани маҳбуби мо мебошад.
Фахриддин ҚУТБИДДИНЗОДА,
Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳия