САРДОРИ ДАВЛАТ ДУХТАРАМРО РУХШОНА НОМ НИҲОД
- Подробности
- Опубликовано 08.01.2020 09:31
- Автор: Super User
Соли 2019 барои ман соли пур аз навгониҳо, пешрафтҳо ва муваффақиятҳо буд, зеро дар ин сол дар ҳаёти ман дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Дар фаъолияти кориям тағироти ҷиддӣ ба амал омада маро ба ҳайси роҳбари муассисаи давлатии мактаби варзишӣ таъин карданд, ки масъулияти ҷиддиеро талаб мекунад.
Дастовардҳои пайёпайи дастпарварони мактаб, ки яке аз дигаре болотар аст обру ва нуфузи мактаби варзишии ноҳияро баланд бардошт. Собик дастпарвари мактаб Маҳмадшариф Наҷмиддинов чемпиони Ҷаҳон гашта номи худро баъд аз Саймумин Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода дар таърихи самбои кишвар бо ҳарфҳои заррин навишт. Баракатулло Икромзода сазовори номи Чемпиони Тоҷикистон аз намуди гӯштини дзюдо байни наврасон ва Азамҷон Нуриддинов дар риштаи гӯштини миллӣ байни калонсолон сазовори ҷойи дуюм гардид.
Воқеан соли 2019 -ро соли пешравию шукуфоии ноҳияи Файзобод гуфтан хато нест, зеро маҳз дар ин сол сафари деринтизори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба ноҳия ба рушди босуботи ин маҳал нақши муҳим гузошт.
Аз ҳама муҳим он аст, ки дар ин сафар варзишгарони ноҳия соҳиби се майдончаи варзишии бозии Футбол ва як толори барҳавои замонавӣ барои баргузории бозиҳои волейболу баскетбол гардиданд.
Муҳимтарин рӯйдодҳои ин сол барои ман ин аз номи ҷавонони ноҳия суханронӣ дар назди Пешвои миллат буд,ки фаромӯш ношуданист. Дар рафти суҳбат ҳамзамон Пешвои миллат ба фарзанди навзоди ман, ки нав ба дунё омада буд, Рухшона ном гузоштанд. Рухшонаи ман имрӯз гули сари сабади хонадон аст.
Маро ки бо номи Фирӯз ё Хайруллозода мешинохтанд,имрӯз «отаи Рухшона» гуфта ном мебранд, ки аз шуниданаш хушҳол мегардам.
Воқеан ҳам соли сипаригашта, ки аз 336 рӯз буд, бароям 772 рӯйдодҳои фаромӯш нашуданӣ буд ва мемонад. Умедворам соли нав, соли муши сафед, ки рамзи покиву доногӣ, ҳақиқату накукорӣ аст ба мардуми Тоҷикистони азиз сарсабзиву сарбаландиро биёраду доимо гулгулшукуфон бошад, Парчами ба ҷон баробари мо мисли соли 2019 дар садри аввали мусобиқаҳои ҷаҳонӣ партавафшону сулҳу Ваҳдат, амнияту оромии ҷомеаи мо ҷовидонӣ бошад.
Фирӯз Хайруллозода, директори муассисаи давлатии мактаби варзишии нохия.