ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН ДАР МАДДИ АВВАЛ
- Подробности
- Опубликовано 08.01.2020 09:13
- Автор: Super User
Хеле хурсандам, ки рӯзи 26 декабри соли 2019 бевосита ҳангоми ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштам. Воқеан ҳам Паёми Сарвари давлат масоили умдаи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумати мамлакатро фарогир буд. Тавре Президенти мамлакат бо овардани факту рақамҳои зиёд, ки аз боло рафтани сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ далолат мекунад, таъкид карданд,ки « нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд».
Боиси хушнудист, ки Сарвари давлат дар Паёми худ ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва омӯзиши касбии сокинон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Аз ҷумла ба Ҳукумати кишвар, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки «дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд».
Воқеан ҳам ташкили ҷойҳои нави корӣ, татбиқи принсипҳои иҷтимоӣ будани давлат мебошад, ки он аз муқарароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Сол аз сол коҳиш ёфтани раванди муҳоҷират зарурат пеш меорад, ки шумораи ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ зиёд гардад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти марказиву маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайриҳукуматӣ, соҳибкорону тоҷирон ва умуман, ҳар як фарди ватандӯсту бонангу номуси кишварро даъват намуд то барои ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ дар кишвар бикушанд. Ба ин хотир Сарвари давлат иброз доштанд, ки « мо бояд то ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои сокинони кишвар ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем».
Зимни дастури Пешвои миллат чорабиниҳои ба ифтихори таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаро ҷиҳати бунёди иншооти маорифу нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, обод гардонидани маҳалли зист ва майдонҳо ва дигар корҳои созандагиро баҳри истиқболи сазовори ин ҷашни муҳими давлатӣ вусъат бахшанд.
Ҳамаи дастуру супоришҳои дар Паёми ба тозагӣ ироа намудаи Пешвои миллат тақозо мекунад, ки мо сокинони кишвар, хосса роҳбарон ва фаъолон бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда бештару самаранок истифодакарда, дар татбиқи иқдомҳои инсондӯстонаи Сардори давлат саҳмгузор бошем.
А. Азизов, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия.