РОДМАРДОНИ БАШАРДӮСТ
- Подробности
- Опубликовано 25.02.2019 09:02
- Автор: Super User
Имсол аз он солҳои даҳшатбор ҷангу ҷӯш ва қаҳрамониҳои бемислу монанди ҷавонписарони тоҷик дар ҷанги Афғонистон расо 30 сол пур мешавад. Неруҳои ИҶШС дар ин кишвар 9 солу як моҳу 18 рӯз зидди душман барои озод кардани шаҳрҳои давлати Афғонистон чун бародарон ба халқи афғон кӯмак намуда, то охирин лаҳза мубориза бурданд.
Тайи ин муддат 15 ҳазор афсару сарбозони шӯравӣ шаҳид шуда, 60 ҳазор сарбозони дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Маҳз дар рӯзи таърихии 15 феврали соли 1989, ки ҷанги тӯлонии шӯравӣ дар Афғонистон хотима ёфта буд, 130 нафар ҷавонони ватандӯсту ҷонфидои ноҳияи мо, ки бо хоҳиши худ ва бо даъвати Ватан барои муҳофизати сарзамини дӯсту ҳамсоя сафарбар шуда буданд, баргаштанд. Хушбахтона дар ин ҷанг ягон нафар аз фиристодагони ноҳияи мо ба ҳалокат нарасиданд, вале ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Баъзе аз дасту баъзеи дигар аз пойи равон маҳрум гаштанд. Аммо супориш, амру фармони Ватани азизамонро бо қиммати ҷону тан иҷро намуданд. Онҳо дар муҳорибаҳои зиёд иштирок намуда аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон доданд ва бо матонату ҷасорати худ тавонистанд то хотима ёфтани ин ҷанги тӯлонӣ мубориза баранд. Узви Иттиҳоди рӯзноманигорон Файзулло Наҷмиддинов бо иншои китоби «Аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон» тавонист корномаю қаҳрамониҳои ҷавонмардони башардӯсти ноҳияамонро рӯйи авроқи сафед биоварад, ки ин ҳам барои шинохти ин родмардони асил як намунаи ибрат аст.
Корнамоиҳои ин сарбозони байналмилал бо чандин орден, медалу нишонҳои ифтихории ҷангӣ ва ҷашнӣ қадрдонӣ шудаанд. Ҳар сол башардӯстони ноҳияи мо ҷамъ шуда бо ҷавонон суҳбату вохӯрӣ намуда ба онҳо аз лаҳзаҳои ҷанг ҳикояву нақлҳо намуда, рӯзи аз хоки Афғонистон баровардани Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравиро бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Имсол ҳамин гуна ҷамъомад дар «Чойхонаи миллӣ» барпо гардид.
Мадина ЗОИРОВА