РАВШАНӢ
- Подробности
- Опубликовано 31.01.2019 14:27
- Автор: Super User
Тоҷикистони азизи мо рӯ ба тараққӣ ниҳода, рӯз аз рӯз симояшро дигар мекунад ва бо пешавиҳои худ дар миқёси ҷаҳон мавқеъ устувор менамояд. Ба кор даромадани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун Тоҷикистонро шӯҳратёртар гардонд. Бунёдгузори ин неругоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ман муҳаббати худро ба Тоҷикистони азиз ва Сарвари давлат бо ин мисраҳо ифода мекунам.
Нури Роғун кард равшан олами торикро,
Кард собит нангу ори мардуми содиқро.
Бо шуҷоу заҳмати беинтиҳои Пешво
Сарфарозӣ шуд насиби миллати тоҷикро.
Бори дигар Тоҷикистон гашт машҳури ҷаҳон,
Бо талоши Сарвару бо азми ҳар пиру ҷавон.
НОБ-и Роғун баҳри миллат ганҷ, беандоза аст.
Аз барои эътибораш дар ҷаҳон овоза аст.
Чархи аввал кард оғоз кори худро бобарор,
Чун нишон аз «Барқи сабзу Рушди оби устувор».
Ин Ватан мероси аҷдоди ман аст, Ҳоҷӣ Шароф,
Шаъну шони Тоҷикистонам бувад дар инкишоф.
Шарофи АКОБИР, сокини деҳаи Заркамар.