МИНБАРИ МУАССИСОН
БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БО ДАСТОВЕЗИ МУНОСИБ
- Подробности
-
21 Июль 2016
- Опубликовано 21.07.2016 14:24
ГУЗОРИШИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ РАҶАБЗОДА С.Б. АЗ РАФТИ ОМОДАГИҲО БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, воҳидҳои сохтории он, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 № 36 «Дар бораи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор корҳоро амалӣ намуд.
Аз ҷумла дар ин бобат қарори раиси ноҳия аз 4 майи соли 2015 таҳти № 221 ба имзо расида, нақшаи чорабиниҳои мақомот ва ҳайати комиссияи тадорукотӣ тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида корҳои омодагӣ ба ҷашн, аз ҷумла корҳои ободонӣ бо суръат идома доранд.
Тибқи чорабиниҳои тасдиқгардида дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, бунёди боғҳо, шинонидани дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо бо суръат идома ёфта истодааст. То имрӯз дар ноҳия беш аз 670 гектар боғҳои нав бунёд гардида, дар маҷмуъ зиёда аз 81000 дарахтони ороишӣ, мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо шинонида шудааст. Танҳо дар шоҳроҳи Ваҳдат- Файзобод-Роғун дар ҳудуди ноҳия 15601 адад дарахтони арча ва зиёда аз 5000 гулбуттаҳо шинонида шудаанд. Дар тулии беш аз 25 километр дарахтони дар шоҳроҳ шинонидашударо панҷарабандӣ намудаанд.
Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас сохта ба истифода додани 38 адад иншоот, аз ҷумла 4 муассисаи таълимӣ, 2 майдон ва 2 толори варзишӣ, 7 марказу бунгоҳи саломатӣ, 3 китобхона, 1 маркази дилхушии кӯдакон, хона-мӯзейи Усмон Шарифзода бо китобхона ва 12 марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирфта шудааст, ки корҳои сохтмонӣ дар онҳо бо суръат идома дорад.
То ин давра аз ҳисоби иншооти ҷашнӣ, ки ба истиқболи ин ҷашни 25-умин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирфта шудааст, дар ҷамоати деҳоти Меҳробод аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ як толори варзишӣ ва дар ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев бо маблағҳои соҳибкори маҳаллӣ ва саҳми сокинони маҳал як бунгоҳи саломатӣ сохта ба истифода дода шуд. Хати равшаннамоии маркази ноҳия-шаҳраки Файзобод дар ҳудуди беш аз сеюним километр пурра сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти мардум, огоҳ намудани онҳо аз ҳаёти сиёсию маънавии кишвар ва дар онҳо тарбия намудани ҳисси худшиносӣ ва ифтихор аз Ватану миллат пайваста чораандешӣ карда мешавад. Бо ин мақсад мунтазам миёни сокинони ноҳия корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва оммафаҳмонӣ доир карда мешавад. Мавзӯъҳои асосии суҳбату вохӯриҳоро пеш аз ҳама дар амал тадбиқ намудани Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаҳои стратегӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, тарбияи фарзандон, одобу ахлоқи ҷавонон, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масоили доғи рӯз ташкил медиҳад.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашн дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № АП-681 аз 24 феврали соли 2016, қарори раиси ноҳия таҳти № 260 аз 25 марти соли 2016 комиссияи ноҳиявии баргузории Мусобиқаи ҷумҳуриявии деҳот, деҳа, маҳадллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ таъсис дода шуд. Дар доираи баргузории чорабинии мазкур ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, деҳаҳо, ташкилоту корхонаҳо, хонаву оилаҳо вазифадор карда шудаанд, ки ба эҳёву рушди анъанаҳои миллӣ, ободу зебо намудани маҳалҳои аҳолинишин, дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, баҳри дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муассир андешанд.
Даври якуми озмун дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷамъбаст карда шуда, ба комиссияи ноҳиявӣ 9 деҳаи беҳтарин, 9 хонаи намунавӣ ва 9 оилаи намунавӣ, ки дар маҳал сазовори ҷои аввал дониста шудаанд, пешниҳод карда шудааст. Комиссияи ноҳиявӣ пешниҳодҳои воридгардидаро омӯхта баррасӣ намуд ва ғолибони мархалаи якуми мусобиқаро муайян намуда, ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод кард.
Айни замон дар доираи омодагиҳо ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ босуръат идома ёфта истодааст. Дар тамоми қаламрави ноҳия ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе, якшанбе ҳашарҳои умумӣ доир карда мешавад.
Дармаркази ноҳия ба тартиб овардани роҳравҳо ва шинонидани гулбуттаҳо дар ду тарафи роҳи кӯчаи марказӣ идома дорад. Дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш дар ҳудуди ноҳия тозаву озода ва ободу кабудизор намудани ду тарафи шоҳроҳ, ба тартиб овардану ободу зебо гардонидани бинову иншооти мавҷуда, боғу киштзорҳо, гӯристонҳо, бо шиору овезаҳои ҷашнӣ оро додани шоҳроҳ, муассисаву корхонаҳо ва маҳалҳои зисти сокинон идома ёфта истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки кишоварзони ноҳия низ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ғанӣ гардонидани дастурхони сокинони ноҳия ва ҷумҳурӣ ғайратмандона меҳнат намуда истодаанд. Онҳо соли равон дар майдони 3304 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ, 877 гектар кишти картошка ва 241 гектар кишти сабзавот гузаронидаанд. Айни замон дарави ғалла оғоз гардида, то имрӯз беш аз 460 гектар ғаллазор дараву ҷамъоварӣ карда шудааст.
Сокинони ноҳия дар ҳама самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия бо рӯҳбаландии бузург аз сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат намуда, баҳри сазовор истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъй намуда истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чораҳоро меандешад, ки иҷрои нақшаи чорабинҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои ноҳиявӣ оид ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуда, ин санаи муқаддаси миллӣ дар сатҳи сазовор таҷлил гардад.