Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МИНБАРИ МУАССИСОН

ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

Дар ноҳия марҳилаи якуми Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷамъбаст гардид.  Ҳамин тавр   9 оила ва хонаи намунавӣ, 9 маҳаллаву деҳа ва кӯчаи беҳтарин ҳамчун ғолиб муайян гардидаву ба марҳилаи навбатии  озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибон барои ба даст овардани ҷойҳои аввал дар марҳилаи баъдии озмуни мазкур, ки аз ҷониби комиссияи ноҳиявӣ  арафаи иди Ваҳдати миллӣ  санҷидаву маълум шуд, бо дарки масъулият тайёрии ҳаматарафа дидаанд.

Мувофиқи иттилои масъулини дар доираи тайёрӣ ва гузаронидани мусобиқаи мазкур корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вусъати тоза гирифта, он дар баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва беҳтар гардидани вазъи соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ, маориф  ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист роли калон бозид.

 Деҳаи Шерамони ҷамоати деҳоти Меҳробод   дар давраи  аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир ба муайян намудани маҳаллаи беҳтарин дар ноҳия мақоми  аввалро соҳиб шуд. Сокинони маҳаллаи мазкур бо дастгирии  соҳибкорони маҳалла корҳои  ободонӣ ва созандагиро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд. Бунёди пули мошингузар  аз болои дарёи Элок аз ҳисоби  соҳибкор Манучеҳр Каримов, таъмири мактаби деҳа ва майдони варзишӣ, ки имкони тамрину баргугузори мусобиқаҳои футбол гардидааст. Аҳолии маҳалла, махсусан ҷавононанд дар омода намудан ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъол мебошанд

Ҷамоати шаҳраки Файзобод  бошад  барои ҷои  намоёнро дар ин озмун соҳиб шудан, корҳои созандагиро ҳамаҷониба вусъат додааст.

Дар буриши роҳи маркази ноҳия ва  Роғун  ҷо гирифтани  рамзи ҷамоати шаҳраки Файзобод, ки Нишони миллиро дар бар мегирад  корҳои  ободонӣ идома дорад ва гувоҳ аз бунёди шаҳраки наву замонавӣ хоҳад буд.

Имрӯз   маркази ноҳия шаҳраки Файзобод   симои  худро  дигар кардаву намуди дилкаш ба худ касб мекунад. Рӯзҳои иди Наврӯзи байналмилал ба масофаи 3,5 километр мавриди истифода қарор гирифтани  хатҳои равшанидиҳанда, васеъву ба кӯчаҳои гулбасар табдил додани  он иқдоми некест пайи беҳсозии рӯзгору  зиндагии сокинони  он.

Ҳамин аст, ки ҷамоати шаҳраки Файзобод соҳиби унвони ифтихории ҷамоати беҳтарин шуд.

Оилаи Раҳмоналӣ Одинаев  аз маркази ноҳия соҳиби  унвони оилаи намунавии ноҳия ва  хонаи  сокини деҳаи Дараи гӯсфандак Шералӣ Давлатов  аз ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт хонаи беҳтарини ноҳияи Файзободро сазовор гардиданд.

“НФ.”