МИНБАРИ МУАССИСОН
КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ФАЪОЛ НЕСТАНД
- Подробности
-
28 Апр 2016
- Опубликовано 28.04.2016 21:00
Гузориши муовини раиси ноҳия Сафаров Р.М. оид ба
натиҷаҳои соҳаҳои иқтисодӣ, сохтмон, саноат ва хизматрасонӣ дар семоҳаи аввали соли 2016.
Дар се моҳи аввали соли 2016 қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия бо дарназардошти воридоти маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҷои 8657322 сомонии нақшаи аниқшуда 8761280 сомонӣ ё ба андозаи 101 фоиз иҷро гардид, ки аз нақша 103958 сомонӣ зиёд аст.
Инчунин нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмӯъ бо назардошти хароҷот ба қадри 106,4 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 4811000 сомонии нақшаи пешбинишуда ба буҷаи фонд 5121955 сомонӣ маблағҳо ворид гардид, ки ин нисбати нақшаи пешбинишуда 310955 сомонӣ зиёд аст.
Дар семоҳаи якуми соли 2016 аз 10 сарчашмаҳои андозбандӣ, нақшаи 6 сарчашмаҳои андозбандӣ иҷро гардида, нақшаи 4 сарчашмаҳои андозбандӣ: андози иҷтимоӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз воситаҳои нақлиёт (3723 адад воситаҳои нақлиёт), дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ иҷро нагардиданд.
Имконияти бештари ба буҷет ворид намудани андозу пардохтҳо мавҷуд ҳаст, вале бисёр андоздиҳандагон уҳдадории худро оид ба пардохти андозҳо дар назди давлат сари вақт ва пурра иҷро накарданд, ки боиси пайдо гаштани бақияпулии андозу пардохтҳо гардид.
Маблағи бақияпулиҳои андозҳо ба 1 апрели соли 2016 1366179 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 29326 сомонӣ зиёд мебошад.
Барои сари вақт пешниҳод накардани эъломияҳои андоз нисбати 22 нафар андозсупорандагон назорати камералӣ гузаронида шуда, маблағи 563688 сомонии аз ин ҳисоб ошкор гардида пурра ба буҷет пардохт гардид.
Дар асоси “Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо” дар семоҳаи якуми соли 2016 аз ҷониби бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия ва комиссияи хусусигардонӣ 1 музояда гузаронида шуд, ки дар онҳо 12 га боғи мевадиҳанда ба маблағи 7131 сомонӣ фурӯхта шуд ва аз ҳисоби ба иҷора додани амволи давлатӣ ба 16 нафар шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба маблағи 6801 сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ ворид шудааст.
Давоми се моҳ барои таъмир, сохтмони асосӣ ва дигар корҳои ободонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ноҳия ба маблағи 1729000 сомонӣ корҳо иҷро шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои хурди саноатии ноҳия ҳанӯз ҳам иқтидорҳои истеҳсолии худро пурра ба кор наандохтаанд. Масалан дар корхонаи истеҳсоли хишт, ки иқтидори солонааш ба 172 ҳазор дона хишт баробар аст, то имрӯз истеҳсоли хишт дида намешавад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гумбулоқ” бошад, дар ин давра танҳо 50 декалитр об истеҳсол намудааст, ки ба 2 фоизи иқтидорҳояш баробар аст.
Сифати хизматрасонии ҷамъияти матлуботи ноҳия ба аҳолӣ ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест. Дар роҳравҳои бозори марказӣ фурӯши маҳсулоти аз ҷиҳати санитарию гигиенӣ ҷавобгӯи талабот нест ба чашм мерасад. Вазъи санитарии нуқтаҳои хизматрасонӣ дар ҳолати ногувор қарор дошта маданияту сифати хизматрасонӣ ба куллӣ беҳтаршавиро металабад. Ба роҳбарияти муассиса зарур аст, ки баробари беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ аз имконияту захираҳои мавҷуда васеъ истифода намояд.
Дар ин давра аз тарафи маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҷиҳати безараргардонии маводҳои хӯрока дар 51 адад мағозаҳо санҷиш гузаронида шуда, 29 нафар соҳибкорон барои фурӯши маҳсулотҳои муҳлати истифодаашон гузашта ба маблағи 3120 сомонӣҷаримабандӣ шудаанд.
Корхонаи масъулияташ маҳдуди “Хизмат” дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ ба маблағи 35,5 ҳазор сомонӣ хизмат расонидааст, ки иҷрои нақшаро пурра таъмин мекунад.
Бояд қайд намуд, ки хизматрасониҳои терминали мусофирбарии ноҳия дар ин давра ҷавобгӯи талабот набуда, камбудиҳои зиёд, аз қабили риоя накардани навбат дар хатсайрҳои Душанбе - Файзобод, Файзобод – Ваҳдат, инчунин хатсайрҳои дохили ноҳия ва аз ду ҷониби роҳ гирифтани мусофирон дар назди терминал ба чашм мерасад. Роҳбарияти терминали мазкурро зарур аст, ки нақшаи дурусти мусофиркашониро барои хатсайрҳои дохилӣ ва берунии ноҳия тартиб дода, назоратро ҷиддӣ баранд.
Бояд қайд намуд, ки кори идораи бисёрсоҳавии манзилию коммуналии ноҳия дар бобати обрасонӣ ба сокинони шаҳрак, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаҳо, гирифтани партовҳо беҳтаршавиро металабад.
Аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 44 адад қарорҳо оиди ҷудо намудани замин, сохтмон, азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва ободонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра нисбати 29 нафар муроҷиаткунандагон иҷозатномаҳои сохтмонӣ ва супоришҳои меъморӣ дода шуда, ба буҷети ноҳия ба маблағӣ 3480 сомонӣ ворид карда шуд. Оиди 4 адад бинову иншоотҳо барои корҳои бесифати сохтмонӣ ба маблағи 1640 сомонӣ ҷарима карда шудааст.
Аз тарафи дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия дар ин давра 8 ҳодисаи сар задани сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи умумии зарар 90450 сомониро ташкил медиҳад. Давоми семоҳаи аввал дар 113 адад иншоот санҷиш гузаронида шуда, ба маблағи умумии 47400 сомонӣҷаримабандӣ карда шуда, аз ин маблағ 14350 сомонӣ ситонида шудааст. Сабаби сар задани сӯхтор ин беаҳамиятии шаҳрвандон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо мебошад, ки қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намекунанд.
Дар ноҳия ҳашт шуъбаи бонкҳо ва шаш ташкилоти хурди қарздиҳанда фаъолият дошта, ба воситаи бонкҳои ноҳия аз хориҷи ҷумҳурӣ барои беҳ гардидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва эҳтиёҷоти дигар ба андозаи 14 млн 527520 сомонӣ маблағҳо ворид гардидаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 млн 727766 сомонӣ кам мебошад.