Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МИНБАРИ МУАССИСОН

Т А Б Р И К О Т И раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз»

Ҳамдиёрони азизу гиромиқадр!

Инак боз ба сарзамини куҳанбунёду файзбори тоҷикон Наврӯзи хуҷастапай қадами фархунда ниҳод.

Ба ин муносибат хурду бузурги диёрамонро самимона муборакбод мегӯям.

Наврӯз иди аҷдодии мардумони ориёӣ буда, таърихи куҳан дорад. Асрҳо боз гузаштагонамон бо пазмониҳои зиёд ин иди миллиро интизор гардида, онро бо як ҷаҳон омодагиҳо ва шодию фараҳ истиқбол менамоянд. Дар ин айёми эҳёи табиат, бедор гардидани замин, замони шукуфтанҳову растанҳо мардумонамон аз қадим чун анъана ба кишту кор, корҳои ободонию созандагӣ машғул гардида, хонаву дар, деҳу диёрро тозаву озода менамоянд. Деҳқон ба замин донаи умед пошида, баҳри зебову мунаққаш гардонидани атроф дарахту гулбуттаҳо мешинонад.

Мардуми тоҷик аз қадимулайём дар арафаи ҷашни Наврӯз тибқи дастуру анъанаи ниёгон ботини худро аз андешаҳои носолим пок месозанд, либоси идона ба бар намуда, ба аёдату муборакбодии якдигар мераванд, ба ятимону пирон, барҷомондагону ниёзмандон дасти сахову мурувват дароз менамоянд, дар ҳаққи якдигар дуои нек мекунанд.

Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Ҷашни Наврӯз васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад»

Боиси ифтихори бузург аст, ки соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пазироии ин пешниҳод аз ҷониби давлатҳои идкунандаи Наврӯз дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» Қатънома қабул гардид ва соли равон бори ҳафтум аст, ки он ҳамчун иди ҷаҳонӣ таҷлил мегардад.

Бояд қайд намоем, ки ҷашни Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилои тоза касб намуда, дар баробари идомаи анъанаҳои неки ниёгон бо мазмуну симои нав зуҳур намуда истодааст. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар имрӯз ин иди хуҷастаи аҷдодиро бо омодагиҳои ҳамаҷониба, бо шодию сурури беандоза ва дар фазои озоду пурфараҳ таҷлил менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла ҷиҳати боло бурдани эътибору мартабаи Наврӯз тадбирҳои мушаххас анҷом медиҳанд. Дар арафаи ин иди бошукӯҳ дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи модар, ҳамасола доир намудани мулоқоти Президенти мамлакат бо зиёиёни кишвар ва дар остонаи ин ҷашн вусъат додани корҳои ободонӣ аз ҷумлаи иқдому амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд.

Боиси хурсандии зиёд аст, ки сокинони ноҳияи Файзобод низ дар қатори мардуми меҳнатқарину ободгари кишвар дар арафаи Наврӯзи имсола корҳои ободониро беш аз ҳарвақта вусъат бахшида, дар тозаю озода намудани кӯчаю хиёбонҳо, маҳалҳои зист, бунёди боғу токзорҳо, шинонидани дарахтони ороишию гулбуттаҳо саҳми арзанда гузошта истодаанд. То имрӯз кишоварзони ноҳия 435 гектар боғҳои нав бунёд намуда, 136 гектар картошкаи барвақтӣ кишт кардаанд. Сокинон дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 8000 бех дарахтони ҳамешасабзи арча ва гулу гулбуттаҳои гуногун шинонида, ин амалҳои некро босуръат идома дода истодаанд.                          

Наврӯзи имсола шукӯҳу таровати хосса дорад, зеро таҷлили он ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омадааст. Мо, хурду бузурги диёр бояд аз он шукргузор бошем, ки баҳори биступанҷуми давлатдории мустақил ва ҳафтумин ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯзро дар фазои истиқлолияти комил, сулҳу субот ва ваҳдату якдилии сокинони кишвар истиқбол намуда истодаем. Ҳар яки мо вазифадорем, ки баҳри ободии диёру Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, кӯшиш намоем, ки деҳу диёру кишварамон аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва шукуфонтар гардад.

Ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯз муборак, ҳамдиёрони арҷманд!