Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МИНБАРИ МУАССИСОН

Т А Б Р И К О Т И РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢБА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2016

Ҳамдиёрони азиз!
Инак, мо ба соли нави 2016 ворид мегардем. Соли 2015 бо рӯйдодҳои муҳими фарҳангию сиёсии худ дар саҳифаҳои таърихи пуршарафи Ватанамон бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд.
Соли сипаришуда таҷлил  гардидани 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 700- солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 3000- солагии Ҳисори шодмон таърихи рангини Ватанамонро бо саҳифаҳои наву фараҳбахш боз ҳам рангинтар гардонид. Хусусан аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона қабул гардидани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат», ки ормонҳои сокинони мамлакат ва тамоми тоҷикони дунёро ифода намуда, дар саросари кишвари азизамон ҳамовозии бузургеро ба миён овард, аз муҳимтарин воқеаҳои сиёсии кишвар маҳсуб мегардад.
Сокинони ноҳия қабули ин қонунро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ пазируфта, онро воқеаи фараҳбахшу барои ояндаи миллат зарур арзёбӣ намуданд.
Соли 2015, чун дар тамоми кишвар, барои сокинони ноҳияи Файзобод соли пурфайзу бобарор буд. Дар ин давра дар қаламрави ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, даҳҳо иншооти маъмурию иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар соҳаҳои иқтисодии ноҳия, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сохтмон, фарҳангу маънавиёт пешравиҳои дилхоҳ ба даст омаданд. Дар ин сол дар ноҳия соҳибкорӣ рушди тоза касб намуда, иштироки бахши хусусӣ дар ободонии диёр хеле назаррас буд. Аз ҷониби сокинони бонангу номуси ноҳия таъмиру тармим гардидани роҳҳо, пулҳо, сохта ба истифода додани корхонаҳои хурди коркарди мева, марказҳои хизматрасонӣ, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, ободу кабудизор намудани шоҳроҳ ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ далели раднопазири татбиқи сиёсати  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати рушди соҳибкорӣ дар ноҳия мебошад.  
Соли 2016 барои сокинони мамлакат соли муҳими сиёсӣ хоҳад буд. Зеро дар ин сол мардуми кишвар 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Сокинони ноҳияи Файзобод низ баҳри сазовор истиқбол намудани ин санаи муҳими миллиамон омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд ва аминем, ки соли 2016 барои ноҳия соли пур аз дастовардҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ мегардад.

Ҳамдиёрони азиз!
Бо чунин таманниёти нек фарорасии соли нави мелодии 2016-ро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба тамоми сокинони ноҳия табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи ҳамдиёрон саломатӣ, бахту саодат, бурдбориҳо  ва ба ҳар як хонадони ноҳия файзу баракат орзу мекунам.
Бигузор соли нави 2016 барои ҳар яки мо соли барору комёбиҳо гардад.
Соли наватон муборак ҳамдиёрони азизу гиромиқадр!