Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОН ДОИР ШУД

Соҳаи маориф чун дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар зери роҳбарӣ ва ғамхориҳои  ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф оварда, дар мавриди таълиму тарбия ва ба воя расонидани  наслҳои шоиста ва кадрҳои даврони  муосир қадамҳои устувор мегузорад. Зеро рушди маориф рушди ҷомеа аст. 

  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба пешрафти соҳаи маориф   таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.

Шуъбаи маорифи ноҳия  дар давоми соли таҳсили 2015-2016 тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри фаъолияти мунтазам ва мақсадноку самарабахши 58 муассисаи таълимӣ, 2 муассисаи таълимии томактабӣ ва маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳия равона  намуд.

Боиси  қайд аст, ки дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 2,6,8,33,35 ва 59 бо ҷалби 127 нафар кӯдакон маркази инкишофи кӯдак ташкил гардид. Соли нави таҳсил бошад, дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 7, 9 ва 40  маркази инкишофи кӯдакон фаъолият хоҳанд намуд.

Имсол барои хизматҳои шоиста ва руҳбаланд гардонидани омӯзгорон  21 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 2 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, беш аз 20 нафар бо Ифтихорномаи раиси ноҳия сарфароз гардидаанд.

  Мудири шуъбаи маорифи ноҳия  Файзулло Наҷмиддинов дар машварати васеи омӯзгорони ноҳия, ки рӯзи 26 август  дар толори  Филармонияи халқии ноҳия доир гардид, аз ҳамин хусус гузориши муфассал дод.

Дар машварати васеи омӯзгорон раиси ноҳия узви Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҷабзода  Миралӣ ва  намояндаи   Вазорати маориф ва илми  ҷумҳурӣ, доктори  илмҳои педагогӣ Қодиров Қодир Бозорович  иштирок ва баромад намуданд.

Ҳамчунин дар анҷоми маҷлиси васеи кормандони маориф   фаъолони соҳа  бо туҳфаҳо қадрдонӣ  шуданд.

   

 «НФ».