МАОРИФ
МАХЗАНИ СОҲИБИСТЕЪДОДҲО
- Подробности
-
02 Сен 2016
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020-ро қабул кард.
Пас аз як моҳ дар заминаи ин қарор фармоиши Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ баҳри амалигардонӣ ба тасвиб расид. Вобаста ба ин барномаи давлатӣ дар ноҳия аз моҳи феврали соли 2015 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шудааст, ки роҳбариашро Саймиддин Шарофов ба уҳда дорад. Дар марказ ба хоҳишмандон ва хонандагони соҳибистеъдод аз фанҳои забони англисӣ, математика, физика ва химия машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷриба гузаронида мешавад. Инчунин бо ташаббуси масъулини маркази зикршуда дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2 ва 11 аз фани химия бо ҷалби муаллимон Р.Сангинов ва А. Довудов барои хонандагони болаёқат гурӯҳҳо ташкил шудааст.
Аз давраи таъсис то ба имрӯз зиёда аз 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба ин боргоҳи маърифат фаро гирифта шудаанд. Бояд бигӯем, ки хонандагони мазкур дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, аксарашон соҳиби ҷойҳои намунавӣ гаштаанд.
Марказ бо мақсади ҷалби муаллимони варзидаи ноҳия барои тарбияи соҳибистеъдодҳо тадбирҳои судманд меандешанд. То ба имрӯз муаллимони варзидаи ноҳия П. Холов аз фани забон ва адабиёти тоҷик, Р. Сангинов ва А. Довудов аз фани химия, Ш. Қодиров ва С. Султонов аз фанни забони англисӣ, А. Абдураҳимов аз фани физика ва Р. Сангов, математика аз муассисаҳои таълимии рақамҳои 11,2, 53, 1, 6 бо ин марказ ҳамкории зич доранд.
Маврид ба ёдоварист, ки қабули барномаи мазкур саривақтӣ буда, баҳри омода намудани кадрҳои ихтисосманд барои пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Собир РОЗИҚОВ,
хабарнигори “НФ”.