МАОРИФ
НИҲОЛПАРВАРӢ ВА УСУЛҲОИ ОН
- Подробности
-
02 Сен 2016
НАВНИҲОЛИ ХУШСИФАТ - АСОСИ БОҒПАРВАРӢ
Боғдорӣ яке аз соҳаҳои кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, он ба соҳаи даромаднок ва самарабахш дар ҷомеаи имрӯза табдил ёфтааст ва барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мавқеи хос дорад.
Рушди ин соҳаро бе ривоҷи соҳаи ниҳолпарварӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, чунки солимӣ, дарозумрӣ маҳсулонокӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранокии боғи оянда аз сифати навниҳолҳо вобастагии калон дорад.
Навниҳол аз ду қисм - тагпайванд (реша) ва пайванддӯст (қисми аз ҷои пайванд болои он) иборат мебошад.
Тагпайванд бояд бо пайванддӯст аз ҷиҳати анатомӣ мувофиқат кунад, то ки баъди пайванд шудан дуруст сабзида мустаҳкам шавад. Номувофиқатии тагпайванду пайванддӯст сабаби асосии пастшавии қобилияти сабзиш, пеш аз муҳлат хушк шудани дарахтон, якбора паст гардидани маҳсулнокӣ ва сифати меваи онҳо мегардад. Тайёр кардани қаламчаи пайванддӯст барои пайванд ҳеҷ гоҳ аз дарахтони тасодуфӣ тавсия карда намешаванд.
Тагпайвандҳо ду хел мешаванд. Тагпайвандҳои аз тухми рӯёндашуда ва тагпайвандҳои нашвӣ (аз қаламча ва дигар узвҳо парвариш ёфта) мебошанд. Тагпайвандҳои нашвӣ асосан барои бунёди боғҳои сермаҳсул (интенсивӣ) тавсия карда мешаванд.
Тухмиро тирамоҳ ё аввали баҳор кишт мекунанд. Барои дар баҳор коридани тухмӣ, онро тирамоҳ дар ҷои алоҳида зери қум ё рег мехобонанд. Бештар кишти як қатора дуқатораро истифода мебаранд.
Тухмиро дар қатор яклухт ё тоқа-тоқа дар масофаи 15-18 см 3-5 донагӣ мекоранд, ки дар натиҷа аз 0,1 гектар 400-450 бех ниҳол истеҳсол карда мешавад. Чуқурии кишт барои тухмдорон (себ, нок, биҳӣ) 3-4 см ва барои донакдорон (олу, гелос, зардолу шафтолу бодом) 4-8см тавсия карда мешавад. Дар шароити иқлими Тоҷикистон чунин тагпайвандҳо нахиябандӣ карда шудааст. Барои дарахтони себ тухмии навъҳои дарахтони себи розмарини сафед, хасакиҳои себи хонагӣ ва себи ҷангалӣ.
Барои нок – хасакиҳои ноки ҷангалӣ, муруди хонагӣ ва биҳӣ. Барои зардолу – хасакиҳои зардолуи маҳаллӣ, тухмии зардолуҳои мирсонҷонӣ ва бобои. Барои шафтолу – хасакиҳои шафтолуи маҳаллӣ ва тухми навъҳои шафтолуи лола, Элберта. Барои тагпайванди олу – хасакиҳои олуи маҳаллӣ.
Барои тагпайванди дарахти гелос хасакиҳои олуболуи маҳаллӣ ва тухмии гелоси маҳаллӣ ва дороганаи зард истифода мешавад.
Намудҳои пайванди дарахтони меваро ба 4 гурӯҳ ҷудо мекунанд: муғҷапайванд, навдапайванд, пӯстпайванд ва ҷуфтпайванд. Муғҷапайванд аз ҳама намуди оддӣ ва сермаҳсули пайвандкунӣ ба ҳисоб меравад. Муғҷапайванди дар Т-шаклро бо чунин тарз мегузаронанд. Барои ин навдаи яксолаи дарахти меваро истифода мебаранд. Аввал паҳнаки баргро канда, фақат думчаашро мемонанд. Гардани решаро бо латаи намнок тоза мекунанд ва бо корди махсус аз гардонаи реша 3-5 см болотар пӯсти тагпайвандро ба шакли Т-чок карда, эҳтиёткорона аз тана ковок мекунанд. Баъд аз қаламчаи пайванддӯст муғчаи хеле хуб инкишофтаро бо дарозии 2-3 см ва бараш 7-8 мм бурида мегиранд ва ба зери чоки пӯстлохи тагпайванд дохил мекунанд ва онро бо тасмачаи полиэтиленӣ печонда мебанданд. Бояд муғчаро кушода монанд. Тагпайванд ва пайванддӯст бояд нағз обхӯрдагӣ бошад. Баъди 20 рӯзи пайвандкунӣ тасмаҳои полиэтилениро бурида аз қисми қафои муғча суст мекунанд. Дар баҳор то саршавии обдавонӣ қисми болоии тагпайвандро 1 см болотар аз пайванд бурида мегиранд. Асосан ин корро дар моҳҳои август-сентябр мегузаронанд.
Ташкил кардани майдони ниҳолпарварӣ мушкил нест. Ҳар як шахс метавонад дар майдони назди ҳавлигӣ, дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ниҳолхона ташкил намояд.
Ибодулло ЁРОВ.
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.