Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

ХАСТА НАБОШАД ШАРИФ ИБРОҲИМОВ

Агар гӯем, ки мушкилтарин касб муаллимӣ, ҳалолтарин луқма луқмаи муаллим, пайдо шавад касе, ки ин гуфтаро инкор кунад, таълимнагирифтааш мехонем.

Муссалам аст, ки омӯзгори аввалин падару модар аст. Вале вақте кас пой  ба остонаи мактаб мениҳад, масъулияти падару модар аз ин бобат сабуктар мегардад. Падару модарон бештар ба омӯзгор  такя мекунанд. Ҳамон омӯзгоре ба боварию эҳтироми падару модар сазовор мешавад, ки дар таълиму тарбия донишу маҳораташро софдилона сарф намояд, барои такмили касби худ заҳмат кашад, худро омӯзгори воқеӣ ҳисобад, аз вазнинии бори масъулияти касбӣ натарсад.

Ҳар дафъае, ки моро маҷлиси суҳбати омӯзгорони хоса насиб гардида бошад, мудом аз муаллимони даврони шӯравии диёр ёд мешавад. Фалониҳо мегӯянд, ба таълиму тарбияи бачаҳо аз дилу ҷон сару кор мегиранд, фиреб, сохтакорӣ, дурӯғгӯӣ барои онҳо бегона аст. Кӯшиш мекунанд, ки аз нодонӣ назди шогирдон сархаму музтар набошанд. Ҳамеша дар ҷустуҷӯянд. Оре, маҳз ана ҳамин тоифа обрӯи касби муаллимиро боло мебардоранду обрумандтарин фарди ҷомеа ҳисобида мешаванд.

Барои ҷомеаи имрӯза ҳамин гуна омӯзгорон заруранд.

Муаллими муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и деҳаи Сарой Шариф Иброҳимов сазовори ҳамин мартаба аст. Ин баҳоро чанд сол пеш аз зибони мудири маориф Ҳасан Зиёев (равонаш шод бод) шунида будам. Суханҳои мудири маориф дар ёдам мондааст: “Шариф Иброҳимов ва ҳамсараш аз омӯзгорони беҳтарини минтақаи Қалъаидашт ҳастанд”.

Ҳамон вақт 53 адад мактабҳои ноҳия беш аз ҳазор нафар омӯзгор доштанд, ки қариб нисфи онҳо дар муассисаҳои таълимии минтақаи боло, ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Чашмасору Қалъаидашту Мискинобод кор мекарданд. Ва баҳои мудири маориф дар ҳаққи омӯзгор Шариф Иброҳимов мукофоти калон ҳисоб мешуд.

Имрӯз синни Шариф Иброҳимов ба ҳафтоду ду расида,собиқаи омӯзгориаш дар роҳи ифтихори 55-солагӣ пай мезанад. Фаъолияти Шариф Иброҳимов дар омӯзгорӣ соли 1961 баъди хатми синфи даҳи мактаби парваришгоҳи Обигарм оғоз гардид. Қабл аз он ки ба Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дохил шавад, дар мактаби деҳа ду сол муаллими суруду мусиқӣ шуда кор кард. Соли 1964 Шариф Иброҳимовро ин донишгоҳ ба сифати студент (донишҷӯ) хуш қабул намуд. Вай дар факултаи забон ва адабиёт таълим гирифта, баробари дониш андӯхтан бахти худро ёфт, ки то ба имрӯз соатҳои дилангези ҳамон рӯзҳоро ёд карда, аз ғояти ризоият рӯзгори хуррами оиладориро тараннум мекунад. Шариф ҳини таҳсил бо нозанини ӯзбекистонӣ Муҳаббат Ҳамдамова дилдодаи мушфиқу меҳрубон шуда издивоҷ кард. Ва ҳарду баъди хатми донишгоҳ бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ба ноҳияи Колхозободи ҳамонвақтаи вилояти Қӯрғонтеппа ба кор рафтанд.

Шариф Иброҳимов соли аввали омӯзгорӣ мушкилоти ин касбро ҳис намуд. Вале муҳаббати дар давоми таҳсили донишгоҳ пайдогашта роҳи интихобкардаи ӯро дигар накард. Ҳар гоҳ мушкилие пеш меомад, бо маслиҳати завҷаи меҳрубонаш онро рафъ мекарданд. Ва бо шавқи тамом ба толибилмон аз фанни забон ва адабиёт дарс мегуфтанд. Магар метавон аз забон ва адабиёти халқи бузургвори худ худро канор бигирию аз чунин касбе чун омӯзгорӣ даст бикашӣ ё дилхунук бошӣ? Хосса, вақте ки аз донишмандону фозилони давр  Носирҷон Маъсумӣ, Холиқ Мирзозода, Юрий Бобоев, таълиму тадрис гирифтаӣ?! Ин шахсиятҳои дар мақоми адабиёт воло  бо панду ҳикмати аз бузургон омӯхтаашон меҳри омӯзгориро дар умқи дили Шариф Иброҳимов барин шогирдони ташнаи илм ҷо намуданд.  Имрӯз, баъди чилу ҳашт соли хатми донишгоҳ, номи онҳоро ба забон оварда сари ифтихор боло мекунад. «Чӣ қадар мардони  шариф, чӣ қадар донишманду фозил буданд онҳо»- ширинзабонӣ мекунад Шариф Иброҳимов.

Зану шавҳар Шариф Иброҳимов ва Муҳаббат Ҳамдамова  дар Колхозобод як сол муаллимӣ карда, ба сабаби бемории падару модар барои давом додани кор ба Файзобод омада, дар мактаби деҳаи Сарой ба таълими забон ва адабиёти тоҷик  шурӯъ намуданд. Ва дар миёни фаъолияти омӯзгорӣ  садҳо нафарро пайи касбҳои гуногун  ҳидоят карданд. Ҳарду дар зиндагии хушу хуррами оилавӣ нуҳ фарзанд ба дунё оварда, бо хулқу хӯйи нек ба воя расонданд. Воқеан, оилаи Иброҳимов дар ҷамоати деҳоти Мискинобод беҳтарин эътироф шудааст. Садоқату вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пояҳои оилаи онҳоро мустаҳкам нигоҳ доштааст. Ишқи рӯзҳои аввали шиносоӣ ҳамеша пешрӯйи зану шавҳар буда, боғи умрашонро гулбасару ҳамешабаҳор нигоҳ медоранд.

Шариф Иброҳимов 35 сол вазифаи мудири қисми  таълимӣ, 4 сол директори  мактабро иҷро кард. Ӯ ду дафъа дар Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ намояндагӣ кард. Ду сол раиси Шӯрои вакилони халқи ҷамоати Мискинобод буд. Дар ин миён ба унвони касбии Аълочии маориф соҳиб шуд, ба ду Ифтихорномаи раиси ноҳияи Файзобод мушарраф гардид.

Барои Шариф Иброҳимов омӯзгорӣ беҳтарин ва олитарин мукофоти зиндагӣ ҳисоб мешавад. Ӯ мактаби деҳаро, ҳар синфхонаю долону роҳрави онро азиз медонад, ба таълимгирандагонаш чун ба фарзандони худ  муомилаю муносибат мекунад, онҳоро дӯст медораду мехоҳад ҳар кадом соҳиби касбу кори арзишманд бошанд, ба Ватани хеш, ба падару модари азизи худ хизмат кунанд.

Аз ҳамин рӯ, аз ин даргоҳи муқаддас дил канда наметавонаду  ҳафтоду дусолагиро пирӣ наҳисобида ҳанӯз ҳам муаллимиро давом медиҳад.

Хаста набошад Шариф Иброҳимов!       

Ҷӯрабек МУЪМИН.