МАОРИФ
РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
- Подробности
-
02 Сен 2016
Рушди соҳаи маориф ва ғамхорӣ нисбат ба омӯзгорон дар маркази диққати ҳамешагии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимияти дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгорро таъкид намуда, қайд карда буданд: “Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”.
Шуъбаи маорифи ноҳияи мо низ дар давоми соли таҳсили 2015-2016 тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри фаъолияти мунтазам ва мақсадноку самарабахши 58 муассисаи таълимӣ, 2 муассисаи таълимии томактабӣ ва маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳия равона намуд.
Ҳамин буд, ки 23 нафар тариқи квотаи президентӣ, 27 нафар хатмкардаҳои солҳои пешин ба Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт, зиёда аз 30 нафар бо ба даст овардани холҳои зарурӣ дар олимпиадаҳои байналхалқӣ ба донишкадаю донишгоҳҳои ба Маркази миллии тестӣ вобастанабуда ва 17 нафар ба коллеҷи омӯзгорӣ дохил гардиданд, 447 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар назди шаш муассисаи таълимӣ бо ҷалби 127 нафар кӯдакон Маркази инкишофи кӯдак ташкил шуд. Аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Глобус” роҳбараш Юнусов Тимур Комилович, ҶДММ “Олами мебел” роҳбараш Саломов Нусрат ба ширхоргоҳ-кӯдакистони №4 ба маблағи 6072,35 сомонӣ маводи таълимӣ ва бозичаҳо ва ба муассисаҳои таълимии №2,33,35 ва 59 ба ҳар кадоме ба маблағи се ҳазор доллари амрикоӣ барои дастгирии марказҳои навтаъсиси инкишофи кӯдакони ноҳия маводи таълимӣ, мебел ва дигар таҷҳизот ройгон дастрас гардид. Соли нави таҳсил бошад дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 7, 9 ва 40 Маркази инкишофи кӯдакон фаъолият хоҳанд намуд.
Дар ҳамаи 58 муассисаи таълимии ноҳия почтаи электронӣ таъсис дода, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ имконият пайдо карданд, ки тавассути почтаи электронӣ аз натиҷаи фаъолияти худ ба сомонаи шуъбаи маориф мунтазам маълумот ирсол намоянд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тирамоҳи заррин” Неъматов Сиёвуш дар бахши викторинаи саволу ҷавоб сазовори ҷойи аввал гардида, Саидмаҳмуди Маҳмадшариф хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 аз рӯи намуди гулулапартоӣ дар спартакиадаи ҷумҳуриявӣ мақоми сеюмро касб кард. Хонандаи синфи 5-и МТМУ №1 Зардова Туҳфа Аббосовна дар чандин озмунҳои мафкуравӣ ва эҷодӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Бояд қайд намуд, ки ӯ бо забони русӣ шеър эҷод мекунад. Шеърҳояш дар нашрияҳои русии кишвар ва хориҷ рӯи чоп меоянд. Расмҳои кашидаи 8 нафар аъзоёни маҳфили “Рассомони ҷавон” ба озмуни байналмилалии “Табиати афсункори Осиёи Марказӣ аз нигоҳи кӯдакон”, ки дар давлати Олмон баргузор гашт, пешниҳод гардида, кори хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Файзулло Раҷабов (синфи 7) ва Сафинаи Амиршоҳ (синфи 5) ғолиб дониста шуда, ба китоби “Расмҳои беҳтарини кӯдакони олам”ҷой дода шуданд.
Барои хизматҳои шоиста ва рӯҳбаланд гардонидани омӯзгорон 21 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 2 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, беш аз 20 нафар бо Ифтихорномаи раиси ноҳия сарфароз гардидаанд.
Баҳри дарёфти омӯзгорони навҷӯ ва эҷодкор озмуни “Муаллими соли Тоҷикистон” баргузор шуд, ки ғолиби он омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 Ҳабибов Ғолибшо дар даври минтақавии озмун ширкат варзида сазовори мақоми сеюм гашт.
Арафаи соли нави таҳсил сохтмони муассисаи таълимии ҳозиразамони деҳаи Бӯстон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Аз ҳисоби маблағҳои соҳибкор Ғафуров Ҷамшед дар деҳаи Кенҷаобод барои 140 ҷойи нишаст, аз ҳисоби фонди “Саховатмандони диёр” ва ҷалби дигар соҳибкорон дар деҳаи Навобод барои 200 ҷойи нишаст, дар деҳаи Кӯлобиён барои 100 ҷойи нишаст биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ сохта шуда, дар арафаи ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода хоҳанд шуд. Дар деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт аз ҳисоби ширкати ТВЕА – и кишвари Чин ба маблағи беш аз 18 млн сомонӣ барои 1200 ҷойи нишаст бинои наву замонавии муассисаи таълимӣ сохта хоҳад шуд. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақамҳои 26, 32 ва 45 оғоз ёфтанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 11 кабинети физика, 6 кабинети математика, 12 кабинети технологияи иттилоотӣ ташкил карда шудааст.
Инчунин як бинои нави хобгоҳ дар истироҳатгоҳи “Дурахшон” ба истифода дода шуд. Баҳри хубу гуворо гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон имсол тибқи нақша дар 2 баст беш аз 260 нафар хонандагон дар истироҳатгоҳи “Дурахшон”, 455 нафар дар лагери солимгардонии назди муассисаҳои рақамҳои 1, 7, 21, 35, 40, 59 ва дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумии дигар бошад лагерҳои фароғатӣ барои 1500 нафар хонандагон ташкил гардид.
Бо ташаббуси аҳолии деҳаи Арча ва дастгирии бевоситаи омӯзгори муассисаи таҳсилоти умумии асосии рақами 32 Юсупов Раҳмон барои хонандагон аз масофаи 3 км бо маблағи 11000 сомонӣ оби нӯшокӣ ба воситаи лулаҳо оварданд.
Табдили муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дошта, 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ба умумии асосӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии №30 ва 47 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуданд.
Имрӯз ҳар як омӯзгор эҳсос менамояд, ки вазифаашро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро намуда, дар тарбияи маънавии фарзандони диёр ҳиссагузор бошад.
Т. ҒУЛОМОВ,
мудири кабинети методӣ.