МАОРИФ
МАШВАРАТ МУАЙЯНКУНАНДАИ САМТИ КОР АСТ
- Подробности
-
17 Авг 2016
Машварати августӣ шакли самараноки омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам, тарғиби дастовардҳои илмӣ – педагогӣ, эҷодкорӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, вобаста ба шинос намудани омӯзгорон ба тағйиру иловаҳои нақшаву барномаҳои таълимӣ, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, дастурҳои таълимию методии таҳиянамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонад.
Дар машварат омӯзгорони фанҳои таълимӣ, мураббиён, роҳбарони синф, китобдорон, раисони иттифоқи касаба, директорон ва муовинони директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок менамоянд.
Машварат ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маориф ҳамасола давоми се рӯз гузаронида мешаванд. Рӯзи аввали машварат ҳисоботи роҳбарони иттиҳодяҳои методӣ, мушовири фаннӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили сипаригардида, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, мушкилоту проблемаҳои мавҷуда, роҳҳои ҳалли онҳо ва бархе аз маърӯзаҳои ба машварат пешниҳодгардида шунида мешаванд. Дар ин ҷаласа ба омӯзгорон ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти фардии онҳо вобаста ба фанҳо тариқи омӯзиш ва тренингҳо тавсияҳо дода мешавад. Рӯзи дуюм бошад, директорон, муовинони директорҳо оид ба таълим ва тарбия, мудирони кӯдакистонҳо, роҳбарони омодагии ибтидоии ҳарбӣ, созмони талабагӣ, сармуҳосиб, китобдор ва раисони иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, бо фармоиши мудири шуъбаи маориф мутасаддиён ба шахсони зикршуда вобаста карда мешаванд. Дар рӯзи сеюми машварат бошад, маҷлиси васеи омӯзгорон бо иштироки васеи кормандони соҳа, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сарпарастон, воситаҳои ахбори омма ва кумитаи падару модарон гузаронида шуда, натиҷаҳои бадастовардаи соҳа дар соли таҳсили сипаригардида ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли нави таҳсил муайян карда мешаванд.
Барои дар сатҳи баланд ташкил намудан ва гузаронидани машварат кабинети методии шуъбаи маориф як моҳ пеш аз оғози машваратҳо ҳамаи масъалаҳои баррасишавандаро пурра омода намудааст.
Барои самаранок гузаронидани машваратҳо кабинети методии шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва ДҶТИБКСМ барои дастрас намудани барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва маводҳои методӣ ҳамаҷониба тадбир меандешад.
Т.ҒУЛОМОВ,
мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия.