МАОРИФ
ТАҲСИЛИ НАВИ ШУМО МУБОРАК!
- Подробности
-
16 Сен 2015
1 сентябр- Рӯзи Дониш пеш аз оғози дарси Сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар тантанаи устодону шогирдони муассисаи мазкур раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ иштирок намуда ифтихор аз он кард, ки дар кишвари ободу озоду соҳибистиқлоли мо соли нави таҳсил бо дарси сулҳ, ки сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба он оғоз мебахшад, шурўъ мегардад. Имрӯз ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия ба соли нави таҳсил ва қабули хонандагон омодаанд. Бо дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи хушманзараи Элок муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми барои 1200 ҷойи нишаст ба маблағи 18 миллион сомонӣ сохта шуда то ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд. Инчунин бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Рушди Осиё дар деҳаи Бӯстон сохтмони муассисаи таълимии наву замонавӣ оғоз гардид, ки ҳамаи ин самар аз ваҳдату якдилӣ ва соҳибистиқлолии кишвар аст. Дар фарҷоми баромадаш Раҷабзода Миралӣ ҳамаи устодону шогирдони муассисаи мазкурро бо оғози соли нави таҳсил муборакбод кард.
Сипас сарвари мактаб И. Бобиев аз муваффақият ва комёбиҳои таълимгоҳ сухан гуфта иброз дошт, ки соли таҳсили гузашта аз шумораи 96 нафар хатмкунандагон 71 нафар дар донишкадаҳои олӣ ва берун аз он дохил шуданд. 40 нафар хонандагон дар озмунҳо ғолиб омада, 8 нафар соҳиби медал гардиданд.
Бо садои занги мактабӣ Дарси Сулҳ оғоз гардид. Сулҳе, ки барои ҳар яки мо маънии зиндагӣ, мақсаду мароми ҳаёт, рушди ҳамаҷонибаи илму дониш, чароғи раҳнамост.
Т. МУНАВВАРА.