Ср03122025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Коллективи хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 бо сарварии директори мактаб Нисо Шукурова ба соли нави хониш тайёрии ҳаматарафа дида истодаанд. Коллективи омӯзгорон  аз ҳисоби маблағи барои таъмир ҷудошуда ва кӯмаку дастгирии волидони хонандагон ва кумитаи маҳалла моҳе пештар таъмири мактабро хушсифат ба анҷом расониданд. Омӯзгорону хонандагон бошанд, синф ва мизу курсиҳоро таъмир, рангу бор карда ба соли нави хониш омода намуданд. Маъмурияти мактаб ба давраи  зимистонгузаронии имсола тайёрии хуб мебинанд. Аллакай ба қадри зарурӣ ангишт ва ҳезум захира карда шудааст. Айни ҳол ба хонандагони синфи як, ки имсол як моҳ пеш ба хониш фаро гирифта шуда буданд, муаллимони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд. Ҳамарӯза муаллимону хонандагон ба ҳашар баромада  дар омодасозии саҳни мактаб  ба соли таҳсили нав саҳм мегиранд.
                 

  М.ҲОМИДОВ, омӯзгор.