МАОРИФ
МАКТАБИ ҲАМОҲАНГӢ
- Подробности
-
07 Сен 2015
Ҳар яке аз мо наметавонад дар алоҳидагӣ фаъолият намояд. Аз ин хотир моро рафтору гуфтор бо муҳити атроф зарур аст. Дар овони бачагӣ олами атрофро ба воситаи хонавода-падару модар, хоҳару додарон дарк менамоем. Ҳамаи муносибатҳои замони калонсолии мо бозтоби ҳамон таҷрибаи аввалини эҷоди муносибатҳо дар оила аст. Аз ин ҷост, ки нақши оила дар ҷомеа хеле муҳим аст. Дар оила ҳар яки мо муҳаббат ё адоват, ҳурмат ё нафрат, ростқавлӣ ё дурӯғгӯиро ёд мегирем.
Оила шахсияти ҳамсаронро ифода менамояд. Агар шавҳар ё зан худхоҳ бошанду фақат барои қонеъ сохтани хоҳишҳои худ андеша намоянд, дар он оила ихтилофҳо сар мезананд ва фарзандоне, ки аз онҳо ба дунё меояд, аз падару модари худ тарзи ҳаёташонро мерос мегиранд. Чунин оилаҳо дар гумон аст, ки дар ҷомеа чизеро ба хубӣ тағйир диҳанд. Агар шавҳар, зан ва фарзандони онҳо мувофиқи усулҳои муҳаббати ҳақиқӣ зиндагӣ кунанд, дар оилаи онҳо армони ваҳдат таҷассум меёбад. Ин пайдо кардани хоҳишҳои худ бо хоҳишҳои одамони дигар-ғамхорӣ бо якдигар, пуштибониву мадади ҳамдигар аст. Чунин анъанаҳоро аз падару модар омӯхта, фарзандон ба атрофиён бо муҳаббату ҳурмат муносибат кунанд ва дари онҳо барои одамони дигар, дарду ташвишҳои дигар бозаст. Ҳамин тавр оила мактаби ҳамоҳангӣ, маркази ваҳдат барои атрофиён, барои ҷомеа хусусан барои насли наврас аст.
Розия ҚАЛАНДАРОВА.