Ср03122025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

МАОРИФ РӮ БА ПЕШРАВӢ ДОРАД

Соли 2015 соҳаи маорифи ноҳия ба андозаи 2 млн 30 ҳазору 300 сомонӣ маблағгузорӣ гардид, ки ин нисбат ба соли 2014  1 млн 756 ҳазору 606 сомонӣ ё 15,5% зиёд буда, далели гуфтаҳои боло мебошад.
Имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия 740 дастгоҳи компютерӣ, 183 дастгоҳи чопкунӣ, 51 генератори барқдиҳанда дар хизмати хонандагон қарор дошта, ба 13 нафар хонандагони синфҳои 7 – 11  як адад компютер рост меояд.
Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба омӯзонидани забони русӣ 91 нафар ва ба омӯзонидани забони англисӣ 70 нафар омӯзгорон машғул мебошанд.
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 51 майдончаи волейбол, 33 майдончаи баскетбол, 40 майдончаи футбол ва 17 толори варзишӣ мавҷуд буда, дар давоми 2 – 3 соли охир бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назди муассисаҳои таълимии №№8, 9, 19, 33, 59 толорҳои варзишии ба талаботи замон ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шуд.
Пурра намудани сафи омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои соҳибихтисос дар маркази диққати шуъбаи маорифи ноҳия қарор дошта, то имрӯз зиёда аз 100 нафар омӯзгорон ба кор қабул карда шуданд, ки аз онҳо 22 нафарашон мутахассисони ҷавон мебошанд.
Натиҷаи ташкили дурусти раванди таълими фанҳо буд, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 105 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда аз онҳо 60 нафар ба ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.