МАОРИФ
ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ
- Подробности
-
07 Сен 2015
СУХАНРОНИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ НОҲИЯ
РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ ДАР МАШВАРАТИИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОНИ НОҲИЯ
Устодони азиз, боиси ифтихору сарфарозист, ки дар оғози соли таҳсили нави 2015-2016 бо шумо дар машварати омӯзгорони ноҳия иштирок ва суханронӣ менамоям.
Чун вохӯрии мо дар оғози соли нави таҳсил-Рӯзи дониш доир гардидаву он барои ҳар хонадон воқеаи фараҳбахшу рӯҳафзо буда, аз идомаи донишандӯзӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва фатҳи қуллаҳои осмонбӯси илму маърифат башорат медиҳад, сидқан ва самимона муборакбод намоям.
Басо мантиқӣ ва рамзист, ки дар кишвари ободу озоду соҳибистиқлоли мо соли нави таҳсил бо дарси сулҳ оғоз пазируфта, ба он Сарвари кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшида, ба мо дарси сулҳу одамият, дарси худогоҳиву хештаншиносӣ, ваҳдату якдилӣ меомӯзанд. Зеро сулҳ барои миллати тоҷик маънии зиндагӣ, марому мақсади ҳаёт буда, ба рушди ҳамаҷонибаи илму дониш, ки чароғи раҳнамои ҳар фард аст, мусоидат менамояд.
Ҳадафи асосӣ ва аз ҳама муҳими низоми маориф тарбияи шахсияти фаъолу созанда ва бунёдкор аст. Аз ин рӯ, масъалаҳои дар зеҳну шуури хонандагон тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, истифодаи анъанаҳои беҳтарини маорифи миллӣ ва умумибашарӣ, арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ ва идоракунии демократӣ, ки то имрӯз барои ноил шудан ба дастовардҳои илму техника ва фарҳанг мусоидат менамоянд, таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумати кишвар қарор дорад. Танҳо дар 5 соли охир музди меҳнати кормандони соҳаи маориф беш аз се баробар зиёд гардид. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад. Мутахассисони ҷавон зери ғамхориҳои махсуси Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор гирифта, ба онҳо имтиёзҳои иловагӣ муқаррар шудааст.
Дар ноҳияи мо низ беш аз 63 фоизи буҷети маҳаллӣ ба соҳаи маориф равона карда шуда, маблағгузорӣ ба ин соҳаи аҳамияти стратегидошта сол то сол зиёд мегардад.
Дониш сарчашмаи ҳамаи пешравиву хушбахтиҳо, иқболу саодат аст. Бузургонамон дар ин маврид хеле хуб фармудаанд:
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Боиси хушнудист, ки имрӯз ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия ба соли нави таҳсил ва қабули хонандагон омодаанд. Шароитҳои беҳтару хубтар барои таълиму тарбияи насли наврас-насли ояндасозу ободгари давлату миллат фароҳам оварда мешавад. Бо дастгирии бевоситаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи хушманзараи Элок муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷойи нишаст бо маблағи 18млн сомонӣ аз тарафи Корхонаи ТВА –и кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Чин сохта шуда, то ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Рушди Осиё дар деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Бӯстон сохтмони муассисаи таълимии наву замонавӣ оғоз гардид. Аз ҳисоби маблағҳои шахсии фарзанди дилсӯзу ғамхори диёр Ҷамшед Ғафуров дар деҳаи Кенҷаобод муассисаи таълимӣ барои 120 ҷойи нишаст, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии ассотсиатсияи омӯзгорону падару модарон дар назди муассисаҳои таълимии рақами 29 ва 48 ду синфхонаи иловагӣ сохта шуда, рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳанд шуд. Дар назди муассисаҳои таълимии 26, 32 ва 24 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оғоз пазируфтанд, ки ҳамаи ин самар аз ваҳдату якдилӣ ва соҳибистиқлолии кишвар аст. Таъминшавии хонандагон бо китобҳои дарсӣ нисбати солҳои пеш ба маротиб беҳтар гаштааст. Ба ҳамаи мо зарур аст, ки фарзандонамонро бо либосҳои ягонаи мактабии истеҳсоли ватанӣ таъмин намуда, ифтихори миллии онҳоро баланд ва дар рушди босуботи кишварамон саҳми сазовор гузорем.
Бояд қайд намоям, ки тавассути дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саъю талошҳои омӯзгорони азиз, соҳаи маориф дар ноҳия рушд дорад.
Месазад дар оғози соли нави таҳсил номи устодони беҳтарини ноҳия: Зарипова Майсара ва Комилова Мавҷуда аз муассисаи таълимии рақами 1, Сайфиддинова Шарифа аз муассисаи таълимии рақами 4, Муҳиддинова Рафоат-аз муассисаи таълимии рақами 7, Муҳиддинова Зиёда аз муассисаи таълимии рақами 16, Мирзоев Ибодулло аз муассисаи таълимии рақами 31, Ғиёсова Саломат аз муассисаи таълимии рақами 38, Бобишоева Муқаддас аз муассисаи таълимии рақами 20 ва Сафаров Саидмумин аз муассисаи таълимии рақами 33-ро бо ифтихор ва эҳтироми хоса ба забон орем, ки бо меҳнати ҳалолашон ном баровардаанд. Ба ҳамаи ин устодон ва ҳамаи он ашхосе, ки дар тарбияи насли наврас саҳм доранд, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол заҳмат мекашанд, ташаккур мегӯям.
Бори дигар оғози соли нави таҳсил-рӯзи донишро ба ҳамаатон муборакбод гуфта, бароятон дар соли нави таҳсил саломативу сарбаландӣ, барори кор, саодати рӯзгор ва ба шогирдони шумо, ки ояндаи миллату давлатанд, фатҳи нави қуллаҳои донишро орзу дорам. Бигзор илму дониш ҳамеша роҳбару роҳнамову роҳкушои ҳамаи мову шумо гардад.