Ср03122025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

ШОИСТАИ НОМИ УСТОДИСТ АБДУКАРИМ МИРҶОНОВ

ШОИСТАИ НОМИ УСТОДИСТ АБДУКАРИМ МИРҶОНОВДастрасии китоби тозанашри “Таълими география ва истифодаи тест дар синфи 9” боиси суҳбати мо бо муаллифи китоб, устоди донишманду хирадманд Абдукарим Мирҷонов гардид. Муаллимро чун беҳтарин омӯзгори диёр, инсони некусиришту покниҳод мешинохтам, лек дар суҳбати рӯ ба рӯ ӯро чун устоди саропо маърифату гуфтору рафтораш пандомез дарёфтам. Воқеан, ин китоби методӣ бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ба нашр расидааст. Ба тариқи тест гузаронидани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо мақсади ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтар кардани усулҳои таълим, муайян намудани дараҷаи дониш ва пешрафти хонандагон, баланд бардоштани масъулияти омӯзгорӣ ва ошкор намудани камбудию норасоиҳо дар ҷараёни таълим бо назардошти ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва навсозии мазмуни таҳсилот ҷорӣ карда шуда, ба ташаккули ҷаҳонибинии илмии хонандагон ва омодагии онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ мусоидат менамояд. Ҳайф аст, ки ба қадри инсонҳое, ки табиатан фидоии касбу корӣ хешанд, намерасем...
Устод Абдукарим Мирҷонов мактаби миёнаро соли 1956 дар деҳаи Меҳробод хатм намуда худи ҳамон сол ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба факултети география ва ҳаётшиносӣ дохил гардид. 5 соли таҳсил ӯ яке аз донишҷӯёни аълохону ташкилотчии фаъоли корҳои ҷамъиятии донишкада буд. Соли дуюми таҳсил бо роҳхати КМ комсомоли ҷумҳурӣ як гурӯҳ ҷавононро барои ҷамъоварии ғалладона ба заминҳои навкорами шаҳри Уст- Каменагорскийи Ҷумҳурии Қазоқистон фиристониданд. Абдукарим Мирҷоновро ҳамчун донишҷӯйи фаъолу ташкилотчӣ роҳбари бригадаи зарбдор таъйин намуданд. Муддати 70 рӯз ҷавонони тоҷик бо сарварии Абдукарим бо қувваю нерӯи зиёд дар ҷамъоварии ғалладона ҳиссагузорӣ карда бо туҳфаҳои хотиравию ифтихорномаи КМ комсомоли Ҷумҳурии Қазоқистон сарфароз гардиданд. Абдукарим Мирҷонов дар давраи таҳсил бо маърӯзаю рефератҳои пурмазмун дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ баромадҳои пурмазмун намуда боиси баҳои баланди устодон мегардад. Соли 1961 Абдукарим Мирҷонов донишкадаро бо баҳои аъло хатм намуд. Ба кор ба мактаби хатмкардааш омада аз фанни ҷуғрофия ва ҳаётшиносӣ ба шогирдон дарс гуфта, ҳамзамон сарварии ҷавонони мактабро ба уҳда дошт. Соли 1962 ба хизмати аскарӣ ба Ҷумҳурии Туркманистон даъват шуда дар солҳои хизмат Омӯзишгоҳи курсантии ҳарбиро дар шаҳри Самарқанд ва мактаби курсантии офитсериро дар шаҳри Тирмиз хатм намуд. Баъди хизмат аз нав ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардид. Фаъолияти баланди роҳбарӣ ва дониши ҳаматарафаи Абдукарим Мирҷоновро ба назар гирифта комитети партиявии ноҳия соли 1971 ӯро аввал дар мактаби рақами 4, баъдтар рақами 3 директор таъйин намуд, ки то соли 1983 ин бори пурмасъулияти роҳбариро бар дӯш дошт. А. Мирҷонов ҳамчун омӯзгори чашмикордон роҳбари иттиҳодияи муаллимони ноҳия буда, аз рӯйи ихтисоси ҷуғрофия бо муаллимон кор ва тавсияҳои методӣ, тарзи гузаштани дарс, корҳои амалӣ, таҷҳизонидани дарсгоҳҳои фаннӣ, корҳои беруназсинфӣ ва ғайраҳоро мефаҳмонад. Бисёр маводҳоро бо ёрии муаллимону шогирдон гирд оварда дар семинарҳои доимоамалкунанда истифода менамояд. Дастурамалҳои методӣ ва рефератҳои навиштаи ӯ дар мавзӯҳои “Тарзи гузаронидани корҳои амалӣ дар синфҳои 6-10”, “Корҳои мустақилонаи хонандагон оид ба ҷуғрофия”, “Аҳамияти таълимӣ ва тарбиявии ҷуғрофияи Тоҷикистон”, “Пайдоиши ҳаёт дар рӯйи замин”, “Аҳамияти соҳаи металлургияи ранга дар хоҷагии халқ”, “Ҷобаҷогузории соҳаҳои саноат дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тарзи гузоштани баҳо ба корҳои амалии хонандагон” ва ғайраҳо дар мактабҳои ноҳия васеъ истифода бурда мешавад. Устод ба сифати коромӯз дар донишгоҳҳою мактабҳои шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Архангелск, Мурманск  буда, донишу таҷрибаи зиёде омӯхтааст. Дар дарсҳо ба шогирдон аз таҷрибаҳои омӯхтааш сабақ меомӯзонад. Ӯ даҳҳо шогирдонро тарбия кардааст, ки имрӯз онҳо чун устоди худ бо меҳнати ҳалолу поквиҷдодона соҳибэҳтироми мардум гардидаанд. А.Қурбонов, А.Насронов, С.Насруллоев, У.Сайфуллоев, С. Нозимов аз қабили шогирдони номбардори ӯянд. Телевизиони ҷумҳурӣ борҳо аз таҷрибаи пешқадами роҳбарии муаллим Абдукарим Мирҷонов барномаҳо ташкил намуд. Дар яке аз барномаҳо ӯ дар доираи як соат дар мавзӯи “Мактаб ҳамқадами ҳаёт” баромади пурмуҳтавое намуда буд.
Устод Абдукарим Мирҷонов дар ҳақиқат ба унвони устодӣ, ки зери ин калима маънои омӯзгори бузург, ихтисосманде, ки дар соҳаи худ ба ҳадди камолот расидааст, доно ва тавоно дар илму ҳунар нуҳуфтааст, шоиста аст. Заҳматҳои қариб 60-солаи муаллими чашмикордону меҳнатқарин Абдукарим Мирҷонов дар рушду нумӯи мактабу маориф, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо ифтихорномаҳои зиёди Вазорати илм ва маорифи ҷумҳурӣ, шуъбаи маорифи ноҳия, КМ комсомоли Тоҷикистон, КМ комсомоли СССР, КМ комсомоли Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷамъияти дониши ҷумҳурӣ, Донишкадаи омӯзгории ҷумҳурӣ, КМ ҳизби ноҳия, медали “Ветерани меҳнат”, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ қадрдонӣ гардидааст. Ӯро барои шарафёб гардидан ба унвони “Муаллими сол” (ҷойи якум дар ноҳия, ҷойи дуюм дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ)  Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо ифтихорнома қадршиносӣ намудааст.
Ба андешаи ман, мегӯяд устоди арҷманд Абдукарим Мирҷонов, бузургтарин инсон дар рӯйи олам, муқаддастарин пеша, тарғибгари беҳтарин хислатҳои инсонӣ, равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму дониш омӯзгор аст. Хушбахтию подоши меҳнатҳои хоксоронаи ман ин меҳру ихлоси шогирдону ҳамкоронам мебошад. Мо, омӯзгорон дар ҳама давру замон нерӯи созандаю пешбаранда, манбаи илму маърифат, таъмингари фардои мунаввар ва омӯзандаи фазлу адаб будем ва хоҳем монд. Хушбахттар аз онам, ки сазовори пешаи интихобкардаам дар ҳаёт-омӯзгорӣ гардидаам.
Мо устоди гиромиқадр Абдукарим Мирҷоновро бо чопи китоби тозанашри методӣ, ки барои мактабиёни ҷумҳурӣ як армуғони тозаи илмист, муборакбод гуфта тани сиҳату барори минбаъдаи корашонро таманно дорем.


М.ТАҒОЕВА, хабарнигори
“Набзи Файзобод”.