МАОРИФ
ТЕРРОРИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ, ХАТАРЗО ВА ДАҲШАТНОК
- Подробности
-
12 Июнь 2015
Нерӯи аз ҳама пуриқтидор ва пешбарандаи ҷомеа ҷавонони содиқ ба Ватан ва арзишҳои олии инсонӣ дар ҳамаи давру замон маҳсуб меёбанд. Маҳз ҷавонони ояндасоз метавонанд Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва машҳури олам гардонанд. Сарвари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро пайваста дастгирӣ намуда, бо ифтихор чунин баҳогузорӣ кардаанд: «Ҷавонон ояндаи миллату давлатанд». Мо низ ба қувва ва неруи созанда ва бунёдкоронаи ҷавонон-созандагону ободкорони Ватан боварӣ ва эътимод дорем. Дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия нақши дастони пурэъҷози ҷавонон намоёну назаррас аст. Баробари ин, бо таассуф, бояд ёдрас шуд, ки имрӯз на ҳама ҷавонон ба қадри ин сарзамини бароямон муқаддас, ин обу хоки пок ва кишвари зебоямон-Тоҷикистони азиз мерасанд. Тариқи васоити ахбори омма маълум мешавад, ки бархе аз ҷавонон (аксар онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ҳатто аз ноҳияи мо низ) бо сабаби ноогоҳӣ ва ва паст будани донишҳои сиёсӣ ва ё дигар омилҳо ба ҷараёну равияҳои навбаромаду тундгаро шомил гашта, ҷавонии худро қурбони сиёсати як гурӯҳ ашхоси бадкешу бадхоҳу сиёҳдил мегардонанд ва ба дарду андӯҳ бояд бигӯям, ки қисми зиёди онҳо дар ин роҳи хато қурбон мегарданд.
Мехоҳам дар ин навиштаҳо дар бораи мафҳумҳои тундгароӣ, тундравӣ, ифрот ва ифротгароӣ, ки тобиши байналмиллалиашон истилоҳи экстремист ё экстремизм мебошад, андешаҳоямро иброз намоям, то ки ҷавонони диёр дар ин бора маълумоти бештаре пайдо намудаву дар оянда ба роҳи хато нараванд. Дар ҷилди аввали фарҳанги миллат омадааст: экстремист-ифрот, дорои ақидаи ифротӣ(он, ки дар корҳо зиёдаравӣ мекунад). Террор –тарс, даҳшат, терроризм-эҷоди тарс ва ваҳшат дар мардум).
Барои муайян кардани мафҳуми ифроту ифротгароӣ баробари дигар фаҳмишу маънидодкуниҳо тафовут ё тафриқаи неруҳои мухолиф низ метавонад нақши муҳим бозад. Дар раванди муноқишаву моҷароҳои сиёсӣ амалу ҳаракатҳои аъзои гурӯҳи нисбатан сусту камқувват ё заиф дар муқоиса ба ҳамин навъ амалу ҳаракатҳои гурӯҳҳои нисбатан пурқуввату неруманд, ки барои нигаҳдории вазъу ҳолати ҷорӣ нигаронида шудаанд, аксар маврид чун ҳаракатҳои ифротгароӣ маънидод ва шарҳу тафсир карда мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо гурӯҳҳои афзалиятдошта ва ё дар мавқеи ғолиб қарор дошта ба амалу ҳаракатҳои ифротгароӣ рӯ меоранду даст мезананд. Амалу ҳаракатҳои зӯроваронаву харобкоронаи ифротгароён шабеҳи якдигар нестанд. Масалан, гурӯҳҳои нисбатан камқуввати ифротгаро дар аксар маврид аз шаклҳои истифодаи ошкорои зӯроварӣ на ҳамеша кор мегиранд, вале дар ҳолатҳои барояшон мувофиқу мусоид ягон гуна раҳму шафқат надоранд. Вале гурӯҳҳои бартаридоштаи ифротгаро ба навъҳои шаклгирифтаи зӯроварӣ амсоли таъсиррасонии бераҳмонаи ҷисмонӣ, қатлу ғорат ба таври васеъ истифода мекунанд. Ифротгароёнро метавон ба чанд гурӯҳ, аз ҷумла—радикалӣ ё руҳияи қатъидошта, зархарид, ифротгароёни иҷборӣ (вақте давлате ё кишваре ба муддати тӯлонӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида мешавад, гурӯҳҳои муайяни манфиатдор аз камтаҷрибагии ҷавонон суистифода намуда, аз онҳо ифротӣ месозанд, ифротгароёни сустирода ва ғайра. Ҳамин тариқ, тундгароӣ, тундравӣ, моҷароҷӯӣ, ифроту ифротгароӣ –падидаи ниҳоят мураккаби сиёсӣ мебошад ва аксар вақт ба зӯроварию таҳдиду зӯргӯӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Ифротгароён аслан аз ҳама гуна муросо, созиш, музокирот, бастани қарордоди сулҳ сарфи назар менамоянд. Барои онҳо мафҳумҳои дӯст доштани Ватан-Модар бегона буда, танҳо ба даст овардани ҳадафҳои нопокашон муҳим аст, чӣ миқдор ҷавонон, мардуми осоишта қурбон мешавад, кӯдакон ятиму бе саробон ва занҳо бешавҳар мемонанд, сахтиву азобу уқубат сари насли инсон бор мешавад, муҳим нест. Мавқеи сангину бетараҳум ва таҳаммулнопазирии ифротгароёнро дар аксар маврид тағйир додан ё боздоштан душвор ва ҳатто ғайриимкон аст. Зеро, ифротгароӣ дар маҷмӯъ ин ғоя ё идеологияи маъмулан эътирофшудаи истифода бурдан аз тадбирҳои тезу тунд бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои ихтиёркарда ва дар назди худ гузоштаи гурӯҳҳо ва ё созмонҳои алоҳида мебошад. Ифротгароӣ як навъ амалест, ки ба тариқи зӯроварӣ ишғол кардани ҳокимият, ворид намудани халал ба фаъолияти осоиштаи сохторҳои давлатӣ, таҳдид кардан ба бехатарии ҷомеа ва ғайраро дарбар мегирад.
Метавон гуфт, ки ифроту ифрот-гароӣ дар ҳар шакле, ки набошад, зуҳуроти номатлуб буда, ба суботу оромии ҷомеа халал ворид менамояд ва ин падидаи номатлуб барои кишвари азизи мо, ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, низ масъалаи доғи рӯз маҳсуб меёбад. Зеро таҳдидҳои номатлуби терроризм, ифротгароӣ, нашъаҷалобӣ, хариду фурӯши одамон, ҳамчун ғулом истифода намудани инсон аз тарафи инсон, ки дар баъзе кишварҳои олам мутаасуф ҷой доранд, ба кишвари мо низ таҳдид менамояд ва танҳо ҷавонони зираку оқилу доно, ватанхоҳу ватандӯстони асил пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубу даҳшатоварро гирифта метавонанд. Мо бояд аз сабақҳои ҷанги таҳмиливу басарамон боршудаи нанговарӣ ба истилоҳ бародаркӯш, сабақ гирифта, ҷавононро ба роҳи дуруст талқин намоем.
Имрӯз кишвари азизи мо дар мубориза бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла экстремизму терроризм, тафриқаву ҷудоиандозӣ мавқеи устувор дошта, уҳдадориҳояшро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сарбаландона иҷро менамояд. Рӯз аз рӯз паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, беҳбуд бахшидан ба рӯзгори мардум, таъмини зиндагии осоишта аз тадбирҳое мебошанд, ки Ҳукумати кишвар бо такя ба қувва, ақлу идрок ва меҳнати созандаи сокинони кишвар, хоса ҷавонон амалӣ менамояд. Рисолати инсонии ҳамаи мо аз он иборат аст, ки Тоҷикистони ободу зебо ва шукуфоро ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузорем. Ҷавонони босаодат идомадиҳандагони анъанаҳои нек, далериву қаҳрамонии падарону бобоён буданд, ҳастанд ва мемонанд.
Ф. Наҷмиддинов,
мудири шуъбаи маорифи ноҳия