Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

МАКТАБ ПОЯИ ДАВЛАТ АСТ

Соҳаи маориф ва илм бахши умдаи сиёсати Ҳукумати кишварро фаро мегирад. Беҳадаф нест, ки бузургони назми тоҷик сутуну пойдории давлату миллатро ба илму тадрис алоқаманд донистаанд. Ташбеҳи олист, ки:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ рӯй бар мактаб биёр.

Ба ҳамин далел аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳам бештар зимни суханрониҳояшон ба соҳаи мазкур диққати бештар дода, масъулини соҳаро барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифтаи таълим ва мутобиқ сохтани шароити таҳсил ба низоми байналмилалӣ дастуру ҳидоятҳои муфид медиҳанд. Натиҷаи дастгириву ғамхориҳои хирадмандонаи сарвари давлатро тайи солҳои охир мо бараъло эҳсос мекунем. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, таъсиси утоқҳои алоҳидаи фаннӣ, озмоишгоҳ ва синфхонаҳои алоҳидаи дарси меҳнат дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар бо иштироки бевоситаи худ, шаҳодати гуфтаҳои болост. Бешубҳа ноҳияи мо ҳам аз дастгириҳои Пешвои миллат дар соҳаи мазкур баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар баҳравар аст. Боиси хушнудист, ки арафаи соли нави хониш танҳо дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон се муассисаи навт аълимӣ дари худро ба рӯи толибилмон во хоҳанд кард. Гузоришҳои поёнӣ аз ин муассисаҳои таълимии ҷамоати мазкур мебошад.

МАКТАБИ НАВОБОД ОМОДАИ ҚАБУЛ АСТ

Соли нави хониши 2019-2020 барои маорифчиёни ноҳия бобарору муждарасон оғоз мегардад. Зеро дар арафаи рӯзи дониш ва ҷашни 28-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра фаро гирифтани хонандагон ба таълиму тарбия дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон боз як муассисаи нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Муассисаи таълимӣ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тадбирҳои вобаста ба солҳои 2019-2021 – “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби сокинони маҳал сохта шудааст.

-Масоҳати умумии замини таълимгоҳ 0,70 гектарро ташкил дода, дар маркази деҳа бунёд гардидааст. Муассисаи таълимӣ якошёна буда, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 500 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Иншооти мазкур дорои 9 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, забони англисӣ ва дигар утоқҳои лозима мутобиқ бо шароити таълими рӯзмара аст.

Ҳамаи синфхонаҳо бо ашёи зарурии хониш, аз қабили мизу курсӣ ва муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз мегарданд, -иброз намуд директори муассисаи навбунёд Кароматулло Саидов.

Имшабу рӯз хурсандии хурду бузурги деҳаи Навободро ҳадду канор нест. Зеро то ба имрӯз толибилмони рустои мазкур масофаи зиёдро дар гармову сармо тай намуда, ба деҳаи ҳамсоя барои касби илму дониш мерафтанд. Волидайн бошанд, то баргаштани фарзандон мушавашхотир буданд. Ба ин хотир пиру барнои деҳ бо шукрона аз фазои сулҳу ваҳдати миллӣ аз дастгириҳои падаронаву ҳамешагиии Пешвои миллат арзи сипос намуда, ҷавобан ба он азм намудаанд, ки фарзандонашонро дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намуда, барои хизмат ба халқу ватан ба камол хоҳанд расонд.

 

САРИЧАШМА СОҲИБИ МАКТАБ ШУД

Чун ҳамарӯза   кор дар иншооти сохта шудаистода,   муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64-и деҳаи Саричашма субҳи барвақт оғоз гардид. Сохтмончиёну сокинони деҳа сарҷамъона машғули кор буданд. Оншо дастҷамъона ба ҳашар баромада буданд. Яке гул мешинонду дигаре атрофи мактабро тахту ҳамвор мекард. Раиси маҳалла, акаи Убайдулло Неъматов кори онҳоро назорат намудаву ба ҳар гуруҳ супориши нав медод. Мактаб дар деҳаи Саричашма бо ташаббус ва маблағгузории раиси комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Табар ва дастгирии аҳли деҳа 16 августи соли 2018 оғоз гардида, имрӯз дар арафаи анҷомӣ қарор дорад.

Муассиса дорои ёздаҳ синфхона буда, 500 нафар хонандаро   дар ду баст фаро мегирад.

Раиси маҳалла акаи Убайдулло аз сифати корҳои ба анҷомрасида, ки аслан маҳсули меҳнати сокинони деҳа, хусусан кори устоҳо   Ҷунайдулло Зоиров, Шамсиддин Латипов, Амонулло Зарифов, Давлат Муродов, Мамаҳдисо Зубайдов, Сунатулло Аҳёев ва Маҳмадулло мебошад изҳори қаноатмандӣ намуд. Маҳз бо   кӯшишу ғайрати онҳо муассиса сари вақт, дар муҳлати таъйиншуда ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин сокинони деҳа тасмим гирифтаанд, ки мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимӣ мумфаршкунии роҳ ва   як қатор корҳои дигари ободонию созандагиро сари вақт ба сомон расонанд.

Бо кӯмаку дастгирии шахсони саховатпеша Саидхон Мӯсоев, Исматулло Аҳмадов, Ҳикматулло Почоев, Абдулманон Воҳидов, Тоҷиддин Латипов ва чанде дигарон ин нияти неки онҳо амалӣ мегардад.

-Муассисаи навтаъсиси таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 дорои 11 синфхона буда дар ду баст то 500 нафар хонандаро қабул карда метавонад. Синфхонаҳои муассиса бо асбобу анҷомҳои хониш ва се кабинету лабораторияҳои фании физика, биология ва утоқи компютер бо 20 адад компютерҳои замонавӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад. То бунёди муассисаи мазкур 180 хонандагони деҳа   дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20, 93 нафар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 ва 44 нафар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 таҳсил мекарданд, ки минбаъд дар муассисаи таълимии мо таҳсилро идома медиҳанд. Мақсад дорем ба муассиса ба омӯзгорони таҷрибадор таъмин карда, таълиму тарбияро дар сатҳи баланд ба роҳ монем - гуфт ҳангоми суҳбат директори   ин муассисаи нави   таълимӣ Абдулхолиқ Насриддинов ва илова намуд, - деҳа аз синфи поёнӣ ва болоӣ.

   

МАКТАБИ НАВ ДАР ХУҶАМАРД

Нахустин мактаб дар деҳаи Хуҷамард (Ҷавонони имрӯза) ҳанӯз солҳои сиюми асри гузашта фаъолият мекард, ки дар барҳамзадани мавҳи бесаводӣ саҳми намоён дошт. Пасон мактаби мазкур барҳам додаву фарзандони деҳа дар муассисаи таълимии деҳаи Саричанор даҳсолаҳо боз таълим мегирифтанд. Инак бо гузашти солиёни зиёд дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бинои мактаби нав дар деҳаи Хуҷамард қомат рост кард. Бо дастгирии молиявии сафорати Ҷумҳурии Япония дар Тоҷикистон ҳанӯз баҳори соли равон сохтмони мактаб шуруъ гардида буд. Хушбахтона арафаи соли нави хониш корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаву он ба қабули толиилмони деҳа омода гардид.

Ҳангоми ба муассисаи мазкур, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии рақами 63-ро гирифтааст омадем, саҳни даромадгоҳи он хурду калони деҳа ба ҳашар баромада буданд.

Онҳо майдончаи назди даромадгоҳ ва гирду атрофи муассисаро рӯбучину тоза намуда, ҷое гулу гиёҳ, ҷое дарахтони ороишӣ ва қисме ба тоза кардани ҷӯйборҳои ду тарафи роҳи даромадгоҳи бинои асосӣ машғул буданд.

Сарвари навтаъйиншудаи муассисаи навбунёд Бибигул Қаландарова,   ки хатмкардаи бахши таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аст ва миёни ҳамдеҳагон эҳтироми хоса дорад, ба ҳашарчиён дастур медод. Дар чеҳраи ҳамагон хурсандӣ намоён буд. Воқеан ҳам хурсандии аҳли деҳаро фаҳмидан мумкин аст. Зеро ин аввалин муассисаи таълимие аст, ки дар ин деҳа бо тарҳи зебову   ҷолиб сохта шуда ва бо оғози соли нави хониш ба фаъолият шуруъ мекунад. Муассисаи навбунёди онҳо туҳфаи арзандае ба аҳли деҳа ба ифтихори ҷашни дарпешистодаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикситони азиз мебошад.

Суҳбати мо бо директори муассиса Бибигул Қаландарова атрофи ҷараёни   тайёрии муассиса ба қабули хонандагон дар   соли нави хониш сурат гирифт. Муаллима иброз дошт, ки муассисаи навбунёд   тайёр аст, ки мактабиёни деҳаро аз синфи як то нуҳ   қабул намояд, ки шумораи онҳо аллакай ба 302 нафар расидааст. Муассисаи таълимӣ дорои 8 синфхонаи кушоду барҳаво мебошад, ки айни ҳол бо таҷҳизотҳои зурурии таълимӣ муҷаҳҳаз мегардад. Барои дар сатҳи баланд гузаштани машғулиятҳо омӯзгорони кордону пуртаҷриба ба кор ҷалб карда мешаванд.

Чуноне ки дар ибтидо иброз доштем, дар кори ободонӣ ва ба омода сохтани мактаб ба соли нави таҳсил саҳми мардуми деҳа низ хеле зиёд аст.

Боздид аз муассисаи нави таълимӣ ва ҷаҳду талоши коллективи он касро дилпур мебахшад, ки онҳо дар амалӣ сохтани сиёсати маорифпарварони Ҳукумати мамлакат саҳми арзанда хоҳанд гузошт    

Ҳ.БУЗУРГ, С.ТИЛЛО, С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.