Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

БОЛОРАВИИ САТҲИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ НАФЪИ ҶОМЕА АСТ

Ман ҳаёти худро пурра ба омӯхтани таърихи худ бахшида, 58 сол ба таълиму тарбияи наврасон машғул будам, ба толибилмон аз фанни таърих дарс додам. Соли чорум аст, ки, чи тавре мегӯянд, даврони нафақавӣ мегузаронам. Аз мактаб дур шуда бошам ҳам, аз муваффақияту камбудиҳои соҳаи маориф хабардорам. Дар ин бобат бештар аз нашрияи «Набзи Файзобод» огоҳӣ меёбам. Маро пешравиҳои соҳаи маориф хурсанд мекунанд. Хусусан сохтмони таълимгоҳҳои нав бо шароитҳои талаботи замон, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии Файзобод дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ.

Вале аз кору бори баъзе омӯзгорон, хусусан омӯзгорони ҷавон хиҷил мешавам. Намедонам, онҳо дар чор-панҷ соли таҳсил дар донишкадаҳо ба чӣ кор машғуланд, ки фанни таълимии худро дуруст намедонанд. Омӯзгорони собиқадор ҳам баъзан беҳавсалагӣ мекунанд, ба маъние, ки ба дониши як вақтҳо андӯхтаашон қаноат карда, ба навгониҳои илм рӯ намеоранд.

Бесабаб нест, ки Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони соҳаи маорифро ба беҳтар гардондани сатҳи таълиму тарбия таъкид менамояд. Дур нарафта Паёми имсолаашро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши рӯ меорем. Аз назари ман, дар ду соат зиёдтари ироаи Паём ӯ бештар дар бораи маориф гап зад, зеро бе маориф ҷамъият пеш намеравад. Ин суханони Президент дар гӯшам садо медиҳанд: «Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасбӣ омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таълимӣ».

Маълум аст, ки агар омӯзгор касбияти баланд надошта бошад,ба ягон воситаи дигар сатҳи таълимиро баланд бардошта намешавад. Барои ҳамин пешниҳоди Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҳар се сол гузарондани аттетатсияи кормандони соҳаи маориф маро хуш омад. Бояд қайд кунам, ки ин кор масъулияти кормандони соҳа, хусусан омӯзгоронро дар назди таълимгирандагон баланд мебардорад.

Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём суханашро оид ба маориф ин тавр хулоса кард: «Бори дигар хотирнишон месозам, ки мо ин корро барои худамон, яъне ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар мекунем, на бо мақсади дигар». Ман ба ин ҳарфҳои Пешвои миллат сад дар сад мувофиқам.

Зариф СОБИРОВ, Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон.