Ср01292025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

ПЕШРАФТИ ҶОМЕА АЗ РУШДИ МАОРИФ ВОБАСТА АСТ

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз нақши афзалиятноки муассисаҳои таҳсилоти умумиро муҳим дониста, барои дастрас гардонидани он ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ шароити мувофиқ фароҳам меорад. Вазифаи асосӣ имрӯз аз фаро гирифтани ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ ба таҳсилот, фароҳам овардани шароит барои инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии онҳо, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, содиқ будан ба одату анъанаҳои миллӣ, ба забони давлатӣ, ба арзишҳои миллии халқи худ ва миллатҳои дигар, муносибати эҳтиромона ба оилаву ҷомеа иборат мебошад.

Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳояш таъкид менамояд “Агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд бо дастҷамъӣ рӯй ба ҷониби мактабу маориф оварем”.

Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Вобаста ба ин, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷуёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд. Дар ҳамин замина маорифчиёни ноҳияи мо ҳам фаъолияти худро дар асоси талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монда, дар роҳи баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас корҳои назаррасеро ба анҷом расонид.

Ҳамасола бо кӯмаку дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ба соҳаи маориф рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст. Масалан, агар дар соли 2018 барои соҳаи маорифи ноҳия 25 млн 519 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2019 ин рақам ба зиёда аз 32 млн 740 ҳазору 436 сомонӣ расидааст.

Шуъбаи маориф дар ҳамбастагӣ ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баҳри дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022”, “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020”, “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2020” ва дигар Барномаю консепсияҳои соҳаи маориф нақша – чорабиниҳо тартиб дода, баҳри иҷрои онҳо пайваста кӯшиш менамоянд.

Ҷиҳати рушди муассисаҳои томактабӣ ва фарогирии шумораи бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ кӯшишҳо ба харҷ дода шуда истодааст. Дар ноҳия 4 муассисаи томактабӣ ширхоргоҳ – кӯдакистон дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраки Файзобод, Вашгирд, Меҳробод ва Бӯстон фаъолият менамояд, ки дар онҳо 474 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 50 нафар мураббӣ ва ёрдамчиёни онҳо ба тарбияи кӯдакон машғул мебошанд. Инчунин, дар назди 5 муассисаи таълимии ноҳия Маркази инкишофи кӯдак ташкил гардидааст, ки 115 нафар кӯдакони синни томактабиро фаро гирифтааст. Дар ин марказ 5 мураббӣ ба таълиму тадрис машғуланд.

62 муассисаи таҳсилоти умумӣ (43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ), Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 4 ширхоргоҳ – кӯдакистони ноҳия аз рӯйи нақша ва барномаҳои таълимӣ мунтазам фаъолият менамоянд.

Соли 2019 аз шумораи 1401 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 22 нафар тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар донишҷӯ шуданд ва 1050 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ тибқи ММТ ҳуҷҷат супориданд.

Танҳо соли 2019 дар ноҳия аз ҳисоби маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз ҳисоби фонди “Саховатмандони диёр” ва ҷалби дигар соҳибкорон муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Навобод барои 250 ҷойи нишаст, Сари Чашма барои 320 ҷойи нишаст, Ҷавонон барои 200 ҷойи нишаст, Навбаҳор барои 200 ҷойи нишаст, Баҳористон барои 100 ҷойи нишаст, Шукурӣ барои 100 ҷойи нишаст, Файзобод барои 150 ҷойи нишаст ва Заркамар барои 100 ҷойи нишаст, дар маҷмӯъ 63 синфхонаи таълимӣ барои 1645 ҷойи нишаст сохта шуда, мавриди истифода қарор дода мешванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ ироа намуд, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем. Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм зарур аст, ки фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро боз ҳам тақвият бахшад. Ҳамин буд, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон дар давоми сол тибқи нақшабандӣ беш аз 262 нафар кормандони соҳаи маориф соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Ҳамчунин заҳмати устодону омӯзгоронро ба инобат гирифта, баъди натиҷагирӣ, 7 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, ки дар ин соҳа хизмати шоиста кардаанд, сарфароз гардонида шуданд.

Яке аз омилҳои асосии таъмини сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ба шумор меравад. То ба имрӯз ба шуъбаи маорифи ноҳия 25 ҳазору 208 адад китобҳои дарсӣ ба маблағи 393 ҳазору 415 сомонӣ аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, мувофиқи шумораи хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ тақсим карда шуд. Мушкилии таъминоти хонандагон дар нарасидани 10 ҳазору 195 адад китобҳои дарсӣ мушоҳида мешавад.

Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии ноҳия дорои 10 компютер ва 1 принтер буда, бо шабакаи ИНТЕРНЕТ пайваст мебошад. Маркази мазкур дар баробари омӯзонидани технологияи компютерӣ ба таъмири компютерҳои корношоям низ машғул мебошад.

Миқдори умумии компютерҳо аз 743 адад ба 803 адад расонида шуд. Айни замон дар 56 синфхонаҳои компютерӣ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аз тарафи омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешаванд. Ба сифати азхудкунии барномаи фанни технологияи иттилоотӣ ва ба таври замонавӣ ҷиҳозонидани утоқи технологияи иттилоотӣ аҳамияти хоса дода мешавад. Дар як қисмати кабинетҳои технологияи иттилоотии муассисаҳои таълимӣ аз 1 то 2 тахтаи электронӣ дар маҷмуъ 13 адад харидорӣ ва насб карда шудаанд, ки мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

Бо мақсади рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо, такмил ва татбиқи донишҳои назариявӣ ва заминагузорӣ барои интихоби касб дар ноҳия муассисаи таҳсилоти иловагӣ Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон хуб фаъолият менамояд.

Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон корбарии худро дар асоси Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва Оинномаи Марказ ба роҳ мондааст. Дар муассисаи мазкур 94 гурӯҳи таълимӣ 828 нафар кӯдакон аз рӯйи 23 маҳфил амал мекунад. Машғулиятҳои 10 маҳфил дар заминаи худи Марказ ва 13 маҳфил дар заминаи муассисаҳои таълимии №№1, 2, 7, 9, 16, 19, 20, 21 ва 51 таъсис дода, ба онҳо хонандагони болаёқатро ҷалб намудаанд. Корҳои эҷодии хонандагон дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ мунтазам ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Ба муносибати эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” байни маҳфилҳои марказ озмуни рассомӣ таҳти унвони “Модар – ганҷинаи меҳр” баргузор гардид. Дар он аъзоёни маҳфил Олимхонов Иброҳим, Соҳибназарова Мижгона, Зиёдамоҳи Суҳроб расмҳои кашидаи хешро пешниҳод намуда, ғолиб дониста шуда, соҳиби ифтихорнома гаштанд. Дар даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон сарчашмаи обҳои зулол” дар шаҳри Душанбе хонандаи синфи 10 аз муассисаи таълимии №40 Абдулова Одинамоҳ ва хонандаи синфи 11 аз муассисаи таълимии №6 Раҳимов Абдулваҳоб иштирок намуданд ва ҷойҳои ифтихориро сазовор гаштанд.

Чи тавре огоҳӣ доред, тайи чанд соли охир дар назди шуъбаи маорифи ноҳия Маркази дарёфт ва рушди хонандагони лаёқатманд таъсис дода шуд. Дар Марказ зиёда аз 120 нафар хонандагони боистеъдод ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Яке аз вазифаҳои асосии ин муассиса дарёфт ва рушди истеъдодҳо буда, он тавассути баргузор намудани олимпиадаҳои фаннии хонандагон дар се марҳила амалӣ карда мешавад. Аз байни хонандагони синфҳои 5 – 11 муассисаҳои таълимии ноҳия ҳамасола зиёда аз 100 нафар дар олимпиадаҳои минтақавии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Юсупов Сиёвуш Сайфиддинович хатмкунандаи синфи 11 – и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Исмоили Сомонӣ дар озмуни байналмилалӣ барои таҳсил намудан ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии шаҳри Москва (МГИМО) иштирок намуда, дар байни 13 ноҳияҳои тобеи марказ ғолиби ҷойи якум, дар ҷумҳурӣ ғолиби ҷойи дуюм дониста шуда, номи донишҷӯйро сазовор гардид.

Хонандаи синфи 5а аз МТМУ №1 Ғафуров Ирам ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба математикаи зеҳнӣ, рӯзҳои 2 – 3 майи соли 2019 дар даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математикаи зеҳнӣ (Минтальная арифметика “Абакус – 2019”) дар шаҳри Москва, Федератсияи Россия иштирок намуда, дар байни иштирокчиёни беш аз 56 кишвари олам сазовори ҷойи якум, диплом, медали тилло, инчунин сертификати иштирокчӣ гардид.

Бо мақсади ҳавасмандии хонандагон ба таҳсил ҳамасола дар ноҳия озмуни стипендияи Президентӣ ва Раиси ноҳия гузаронида мешавад. Соли таҳсили ҷорӣ зиёда аз 59 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмун иштирок намуда, аз онҳо 6 нафар хонанда аз муассисаҳои таълимии ноҳия ғолиби озмун ва гирандаи стипендияи Президентӣ ва 25 нафар гирандаи стипендияи Раиси ноҳия дониста шуданд.

Соли хониши равон аз шумораи 33 нафар мутахассисони ҷавон, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи маорифи ноҳия барои кор фиристода шуда буданд, 29 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. 5 нафар дар зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсили худро давом дода истодаанд.

Санҷиши сифати дониши хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус ва забонҳои хориҷӣ нишон дод, ки омӯзгорони ин фанҳо, ҷиҳати иҷрои Барномаҳои таълимӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №427 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020” корҳои муайяне ба иҷро расонида, баҳри такмили донишҳои хонандагон ва беҳтар намудани маҳорату малакаи забондонӣ ва забономӯзии онҳо кӯшиш ба харҷ додаанд.

Дар беҳтар гардидани сифат ва самараи таълими забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва забонҳои хориҷӣ кори хуби омӯзгорон Бобохонова Г (МТМУ №1), Носирова Л (МТМУ №2), Ҳасанов Н (МТМУ №16), Мирзоева М (МТМУ №1), Ашуров С (МТМУ №7), Аҳмадхонов С (МТМУ №11), Самадов А (МТМУ №5), Раҷабова С (МТМУ №53) – ро қайд кардан зарур аст. Омӯзгорони номбаршуда машғулиятҳои фанниро ҳамеша бо тайёрии пухта ва аёният гузаронида, шогирдонашон соҳиби донишҳои мукаммал ва иштирокчии озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд.

Тобистони соли ҷорӣ баҳри гуворо гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон имсол тибқи нақша дар ду давр беш аз 260 нафар хонандагон дар истироҳатгоҳи “Дурахшон”, 455 нафар дар лагерҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии №№1, 2, 7, 21, 35, 40, 59 ва дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумии дигар бошад, лагерҳои фароғатӣ барои 1650 нафар хонандагон ташкил карда шуд.

Соли таҳсили 2018 – 2019 дар фаъолияти мову шумо бо вуҷуди камбудиҳо муваффақиятҳо низ кам набуданд. Ҳар кормандони маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои таркибӣ аксаран ба ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият карда, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ намуданд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки мо маорифчиён дар соли нави хониш баҳри бо муваффақият истиқбол гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 – солагии таъсисёбии ноҳия нақшаи чорабинии худро таҳия намуда, иҷрои онро дар ҳама зинаҳои таҳсилот таъмин мегардонем.

Аҳли маорифи ноҳия дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат садоқатмандона меҳнат карда, баҳри баланд бардоштани сифати дониши хонандагон, маънавиёти ҷавонон, дар руҳияи ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас чораҳои муассир андешида, вазифаҳои гузошташударо сарбаландона иҷро менамоем.

Файзулло Наҷмиддинов, мудири маорифи ноҳия.