Пт11222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

ДАСТУРИ ФАЪОЛИЯТИ МО

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлат ба Маҷлиси Олии кишвар ирсол гардид, роҳнамои миллати тоҷик мебошад. Мо, мураббиёни ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 4, Паёми Пешвои миллатро тавассути расонаҳо шунидаю хондем.

Ҳамчун мураббӣ Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳи маро пеш аз ҳама дар бахши мактабу маориф ҷалб намуд. Тавре ки дар Паём дарҷ гардид, тибқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар корманд ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 бошад, ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст. Яъне мавқеи зан дар ҷомеа ҳамчун мураббӣ-омӯзгор баланд гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас вазифаҳои мушаххас вогузор гардид.

Бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи илму маориф бо дастовардҳои беназир ноил гардид.

Дар Паёми Сарвари давлат таваҷҷуҳи бештар ба сатҳу сифати таълиму тарбия равона гардидааст.

Маълум аст, ки пояи ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз тарбияи томактабӣ, яъне кӯдакистон сарчашма мегирад. Дар ин раванд Пешвои миллат дар Паёми худ қайд намуданд, ки солҳои наздик фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 30 дарсад расонида шавад.

Бо амалишавии ин гуфтаҳо боварии комил дорам, ки сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот беҳтару хубтар мегардад.

Имрӯз мо, мураббиёну омӯзгоронро зарур аст, ки Паёми Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, дар ҷараёни таълим кӯшиш намоем, ки бо гузаронидани машғулиятҳои фаннӣ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон, бахусус ба тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси миллии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем.

Шукрона ҒУЛОМОВА, мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони №4, деҳаи Лолагӣ.